Бо гузашти 15 сол аз ҳамлаҳои террористии рӯзи 11-уми сентяӣри соли 2001 ба Амрико, маҳалли ҳамла дар Ню Йорк дар Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат маҳалли ёдоварӣ шудааст. Аммо дар дигар кишварҳо низ ба хотири 3 ҳазор қурбонии ҳамла сангу лавҳҳои ёдгорӣ гузоштаанд. Дар Бритониё, дар Исроил, Итолиё. Русия ҳам барои сохтани маҷмаи ёдбуд дар Амрико кӯмаки молӣ кардааст.
Гиромидошти ёди қурбониёни ҳамлаҳои 11-уми сентябр дар ҷаҳон
1
Парчами дар санг наққошишудаи Амрико дар маҷмааи ёдоварӣ аз ҳамлаҳои рӯзи 11-уми сентябр дар шаҳри Мотзаи Исроил дар ғарби Байтулмуқаддас истодааст. Номи қурбониён, аз ҷумла 5 исроилӣ ки онҷо кушта шуданд, дар санг ҳак шудааст.
2
Мия Андо, нақққоши амрикоӣ дар назди як офаридаи ҳунариаш дар Лондон истодааст. Офаридаи ӯ аз оҳанҳоест, ки аз Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат гирифтаанд. Меъмории мазкурро баъди муддати тулонӣ аз Боғи Баттерси барои насби доимӣ ба Боғи Олимпии Лондон оварданд. Мақомоти Ню Йорк ва Ню Ҷерсӣ ин меъмориро ба Бритониё ҳадя карданд.
3
Муҷассамаи Зураб Тсеретелӣ, пайкарасози гурҷӣ аз Русия, бо номи "Муборизаи ҷаҳон ба зидди терроризм" дар Ню Ҷерсӣ истодааст. Муҷассамаи 30 метриро ҳукумати Русия соли 2006 ба Амрико ҳадя кард.
4
Кӯдакон дар шаҳри Киев дар назди муҷассама ба хотири қурбониёни терроризм рӯзи 11-уми сентябри соли 2014 кабӯтарҳои сафедро раҳо мекунанд. Ин муҷассамаро соли 2005 сохтаанд ва дар он "Қатл макун" -ро бо 120 забон навиштаанд, ки фармудаи китоби "Таврот" аст.