Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари маҳбуси "Ваҳдат": писарам зинда аст ё не? ВИДЕО


Сайлигул Маҳмадназарова.
Сайлигул Маҳмадназарова.

Наздиконашон мегӯянд, ҳафтаҳост, наметавонанд, бо маҳбусон мулоқот кунанд, онҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ аз вазъи зиндониён пас аз ошӯби 19 май изҳори нигаронӣ мекунанд, аммо мақомот гуфтаанд, то поёни тафтиши қазияи ошӯб дидор бо маҳбусон мамнуъ аст.

Сайлигул Маҳмадназароваи 54-сола овозаи марги писараш ба назди дарвозаи зиндони шаҳри Ваҳдат овардааст. Вай субҳи худро ин ҷо шом мекунад ва аз масъулони маҳбас танҳо як хоҳиш дорад, ки писарашро бинад. Модари ғамзада рӯзи 20 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷӯрабек ягона касе буд, ки зиндагии хонаводаро пеш мебурд ва ҳоло аз тақдири норӯшанаш дар ташвиш аст.

Модари маҳбуси "Ваҳдат": писарам зинда аст ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

"Ҳоло бисёр ба сахти зиндагӣ дорам, шавҳар ва ду писари дигарам фавтидаанд, ман модари танҳоям, иҷоранишин ҳастам. Барои дидор бо ҷигарбандам ҳар рӯз ба маҳбас меоям, вале ин ҷо маро девона мегӯянд. Ба мақомоти давлатӣ, аз қабили Вазорати адлия ва ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат кардам, лекин бенатиҷа. Ба Мансурҷон Умаров, сардори маҳбасхонаҳо муроҷиат кардам, фақат он кас мусоидат карданд, раҳбари маҳбаси Ваҳдат рӯзи 19 июн маро қабул карда, гуфт, писарат вазъи саломатияш хуб аст, лекин ҳоло наметавонед бубинияш".

Сайлӣ Маҳмадназарова писараш, Ҷӯрабек Мирзоғоибовро донандаи хуби забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ ва хитоӣ номид ва гуфт, бо сабаби мушкилоти зиндагӣ натавонист, таҳсилашро давом диҳад ва се сол пеш бо абйномаи "зархаридӣ", ки модар ба он бовар надорад, зиндонӣ шуд.

Сайлигул Маҳмадназарова ягона нафаре нест, ки тақдири норушани фарзандаш ӯро пушти дари зиндон овардааст. Рӯзи 20 июн дар назди даромадгоҳи маҳбаси Ваҳдат бо чанде аз наздикони маҳбусоне рӯбарӯ шудем, ки хостори дидори пайвандони зиндонии худ ҳастанд. Бархе аз онҳо бо маъмурони зиндон даъво мекарданд, ки чаро иҷозаи мулоқот намедиҳанд ва ё қабули ғизо барои наздиконашон аз сӯи кормандони маҳбас ба таъхир сурат мегираду онҳо соатҳо мунтазир мемонанд.

Зарофат Саидмирзоева, модари Умедҷон Саидмирзоев, маҳбуси дигар мегӯяд, хабари рух додани ошӯб дар зиндони Ваҳдтаро шунида, аз макони зисташ ноҳияи Масчо ба дидорбинии писараш омад, вале муваффақ нашуд, аз ҳоли ӯ хабаре ёбад. Номбурда гуфт, писараш соли 2013 барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуда, ду сол пеш аз зиндони Хуҷанд ба зиндони Ваҳдат интиқол ёфта буд.

"Бояд ба наздикӣ барояд, хеле мехоҳем донем, ки чӣ аҳвол дорад, лекин иҷозаи мулоқот бо ӯро надоданд. Гуфтанд баъди анҷоми тафтишоти ҳодисаи ахир метавонед мулоқот кунед. Роҳи дарозро омадам, писарамро надида ба хона бармегардам",-гуфт ин сокини Масчо.

Нигаронии наздикони зиндониён дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи 20 июн як масъули зиндони Ваҳдат гуфт, ҳоло тафтиши ҳодисаи ошӯб идома дорад ва то анҷоми тафтишот баъзе маҳдудиятҳо дар дидору мулоқоти зиндониён бо наздиконашон пешбинӣ шудааст. Ҳамсӯҳбатамон шарҳ надод, ки чунин маҳдудиятҳо ба чӣ ҳадаф гирифта шудаанд ва ё тафтишот то кай идома хоҳад кард. "Набояд наздикони маҳбусон нигарон шаванд, ҳамааш хуб аст, ҳар чӣ аст, ба онҳо гуфта мешавад".

Дар ошӯби шаби 19-уми майи имсол дар зиндони шаҳри Ваҳдат се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ошӯбро маҳбусоне роҳандозӣ карданд, ки дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои тундрав маҳкум шудаанд. Аввалҳои моҳи июн мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки гурӯҳи махусус ба таҳқиқи ошӯб машғул буда, то кунун зидди 25 маҳбус парванда боз шудааст.

Шокирҷон Ҳакимов.
Шокирҷон Ҳакимов.

Бехабарӣ аз сарнавишти маҳбусон ва ташвиши волидони онҳо баъди ошуб, боиси нигаронии ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳам шудааст. Бархе аз онҳо мегӯянд, бар асоси меъёрҳои байнумилалӣ бояд пайвандони маҳбусон ва дар маҷмӯъ тамоми ҷомеа дар чунин ҳолатҳо аз сарнавишти зиндониён огоҳ карда шаванд.

Ба назари ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов маҳдудиятҳо дар зиндони Ваҳдат бо таваҷҷӯҳ ба ҳодисаи ахири рухдода дар ин муассиса бо ҳадафи халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот, масоили амниятӣ ва фош нашудани асрор ҷорӣ шудаанд, вале дар чунин ҳолат масъулон бояд тавре амал намоянд, ки боиси ташвишу нақзи ҳуқуқи инсонҳо нагардад. Ӯ таъкид намуд, ки масъулон дар доираи салоҳияти худ тибқи руйхати маҳбусон ё бо роҳҳои дигар аз вазъу сарнавишти маҳбусон наздикони онҳоро огоҳ намоянд.

Шӯриш дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат баъд аз ним соли ошӯби хунин дар зиндони рақами сеи Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст. Дар ошӯби моҳи ноябри соли гузашта дар шимоли кишвар аз ҳисоби зиндониҳо ва маъмурони маҳбас беш аз бист нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG