Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соат ба соат. Ҷараёни воқеа дар зиндони Ваҳдат. Таҳқиқи Радиои Озодӣ


Акс аз бойгонӣ

Дар зиндони шаҳри Ваҳдат шоми 19-уми май чӣ воқеа рух дод? Оё ин ошӯб буд ё намоиши мақсаднок ва ё талоши фирор аз маҳбас? Тафтиши воқеа ба куҷо расидааст? Шоҳидон чӣ мегӯянд? Ин ҳама дар гузориши таҳқиқотии Радиои Озодӣ.

Як чиз ошкор гашт, ки дарёфтани маълумоти дақиқ аз дохили маҳбас мушкилтарин кор аст. Он ҳам дар бораи ошӯбе, ки дар борааш садҳо овозаву гумон ва тахмин паҳн шудааст. Дар ин самт гурӯҳи махсуси Додситонии кулли Тоҷикистон, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунад, ёфтаҳои худро дорад. Наздикони маҳбусон низ дар ин байн аз пайвандони худ қиссаҳое шунидаанд. Бархе аз маълумотро аз зиндонбонҳои феълӣ ва собиқ гирифтем. Ба ҳам пайвастани порчаҳои гуногун шояд манзараҳои шаби 19-уми майро бозсозӣ кунад, вале пешопеш бояд гуфт, қисми зиёди ин маълумотро ба таври мустақилона ва бетарафона санҷидан, тасдиқ ё рад кардан номумкин аст.

Барои намуна, як манбаи огоҳ ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар асл нақшаи ошӯбро дар зиндони Ваҳдат Зариф Зарипов ном маҳбусе омода кардааст, ки бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯи "Ансоруллоҳ" зиндонӣ гашта, се сол пеш аз маҳбаси Хуҷанд ба Ваҳдат интиқол ёфта буд. Вале ба ӯ муяссар нагаштааст, ки оғозбахши ошӯб бошад.

Ба ҷойи ӯ ошӯбро Маҳмадулло Шарипов, Саъдулло Казаков ва Руҳулло Ҳасанов, се маҳбусе оғоз кардаанд, ки бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар зиндон буданд. Узвияти онҳо дар ин гурӯҳ ва ризо буданашон ба ҳукми додгоҳ дастрас нагаштааст.

Беҳрӯзи Гулмурод, писари Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик ва Фахриддин Гулов, аз наздикони ӯ нафарони дуюм буданд, ки ба онҳо пайвастанд ва дар сафи пеши ошӯб қарор гирифтанд. Ин ҳам маълум нест, ки рӯзи ошӯб ба 19-уми май таъйин шуда буд ё ҳодисаи ногаҳонӣ раванди воқеаро бадоҳатан ба чархиш овард.

Ифторе, ки ба хоку хун омехт

Соати 19:20. Маҳбусон, аз ҷумла Маҳмадулло Шарипов, Саъдулло Казаков ва Руҳулло Ҳасанов дар "Хлебник" (ҷойе, ки маҳбусон барои худ хӯрок омода мекунанд) зоҳиран барои ифтор омодагӣ медиданд. Бурҳониддин Муродов, Абдуҷаббор Ҳалимов ва Маҳмуд Асоев, се нозири зиндон онҳоро назорат мекарданд. Ҳамин лаҳза миёни яке аз ин се маҳбус бо нозире ба сари соати оғози ифтор баҳс сурат мегирад. Маҳмадулло Шарипов, Саъдулло Казаков ва Рӯҳулло Ҳасанов бо кордҳое, ки аллакай дар "Хлебник" пинҳон карда буданд, ба се нозир ҳамла меоранд ва дигаронро низ даъват мекунанд.

Ин се нафар бо иттиҳоми қасди пайвастан ба ДИИШ (моддаи 32-401) гунаҳкор дониста мешуданд. Аз ҷумла, Руҳулло Ҳасанов, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, қабл аз парвоз ба Туркия боздошт шуда буд. Падари ӯ дар шаҳри Ваҳдат мағоза дорад ва сатҳи зиндагии онҳо хуб арзёбӣ мешавад. Ҳасанов соли 2016 ба мӯҳлати 12,6 сол ҳукми зиндон гирифта буд. Тан додани ӯ ба айбнома маълум нест.

Шарҳ: "Хлебник” - дар дохили зиндони шаҳри Ваҳдат маконе буд, ки ғайрирасмӣ аз ҷониби чанд маҳбус бунёд шудааст. Дар он ҷо хилофи оинномаи зиндон маҳбусон бо маҳсулоте, ки аз пайвандонашон мерасид, барои худ ғизо омода мекарданд. Дар дохили "Хлебник" - кордҳои нӯгбурида ва бо бандҳои қавии ба дарозии ним метр баста вуҷуд дошт. Писари Гулмурод Ҳалимов, Саъдулло Казаков ва Маҳмадулло Шарипов дар гурӯҳе буданд, ки бештар Руҳулло Ҳасанов бо маводи ғизоӣ таъмин мекард. Мақомот ташкили чунин як маконро хилофи қонун донистанд ва яке аз сабабҳои барканории Мирзо Аминзода, додситони назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва муовини ӯро ба нодида гирифтани мавҷудияти чунин як макон рабт медиҳанд.

Ҳуҷум ба ҷаримагоҳ ва раҳоии Зариф Зарипов​

Соати 20:00. Се нозири маҳбас бо эҳтимоли зиёд дигар зинда набуданд. Гурӯҳи маҳбусон, ки шуморашон тақрибан дар ин лаҳза ба 15-20 нафар мерасид, ба ҷаримагоҳ ҳамла мекунанд. Аз ҷаримагоҳ онҳо гурӯҳи 8-нафараеро озод мекунанд, ки гӯё бо раҳбарии Зариф Зарипов, маҳбуси дигар нақшаи ошубро тарҳрезӣ карда буданд.

Шарҳ: Тақрибан як ҳафта пеш Маҳмад Абдуллоев, раиси зиндони шаҳри Ваҳдат хабари нокомиле дарёфт кард, ки Зариф Зарипов бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш нақшаи ҳамла ба нозирони маҳбасро дорад. Онҳо боздошт ва ба ҷаримагоҳ интиқол ёфтанд, вале ҳеч далеле, ба ҷуз ҳарфи як хабаррасон дар бораи ошӯб пайдо нашуда буд. Зариф Зарипов, сокини ҷамоати Палдораки ноҳияи Масчо бар асоси 9 моддаи Кодекси ҷиноӣ ва узвият дар гурӯҳи тундрави “Ансоруллоҳ” ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯро соли 2016 пас аз фирори чанд маҳбуси узви гурӯҳи “Ансоруллоҳ” аз маҳбаси Хуҷанд ба зиндони Ваҳдат интиқол доданд.

Зариф Зарипов, ки гуфта мешавад, таҷрибаи ҷанг дар сафи гурӯҳи тундрав дар Афғонистонро низ дошт ва ахиран ба ақидаҳои ДИИШ майл пайдо карда буд, зиндонии хатарнок дониста мешуд. Дар ҳодисаи фирори маҳбусони зиндони Хуҷанд гумонбар буд, вале далеле барои гунаҳкории ӯ пайдо накарданд. Мақомот мегӯянд, тақрибан се моҳи охир ӯ ба ташвиқ машғул буд. Ба Саъдулло Казаков, Маҳмадулло Шарипов ва Руҳулло Ҳасанов чандон машкук набуданд. Тафтишот бар ин аст, ки бо дастури Зариф Зарипов Руҳулло Ҳасанов аллакай дар “Хлебник” аз берун чанд корд дастрас карда буд ва бо шикастани бандҳо кордҳои ин макон низ дар дасти онҳо қарор дошт.

Ба ҷаримагоҳ интиқол додани Зариф Зарипов ва чанд ҳамроҳаш далели аслии дар сари кор мондани Маҳмад Абдуллоев, раиси тозатаъйини зиндон шуд. Ин амали ӯро мақомот ҳамчун огоҳӣ ва талоше барои пешгирӣ аз ошӯб баҳо доданд.

Фирори панҷ нозир аз ҳамлаи маҳбусон

Соати 20:15. Зариф Зарипов ва ҳамроҳонаш аз ҷаримагоҳ озод шуданд. Онҳо дунболи панҷ нозире медавиданд, ки аз тарс гурехта буданд. Зариф Зарипов фармон медод. Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, аз сабти наворҳои ҳодисаҳо дар зиндон муфаттишон дидаанд, ки Беҳрӯзи Гулмурод берабт ва номаҳфум бо корд ба дару девор мезанад ва матоеро гирди сараш давр мезанонад. Он лаҳза бархе аз маҳбусон ба воқеа сарфаҳм намерафтанд. Нозирон ба самти беморхонаи маҳбас рафтанд ва вориди утоқе шуда, дари худро аз дохил бастанд. Маҳбусон ин лаҳза ду тақсим шуданд. Қисме дунболи нозирон ва қисми дигар маҳбусонеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки хилофи хостаҳои онҳо дар зиндон амал мекарданд ва ё ба амалкардҳои онҳо эътироз доштанд.

Соати 20:27. Тирезаи утоқе, ки панҷ нозир пинҳон шуда буд, шикастанд ва латтапораҳоеро бо спирт олуда карда, оташ зада, ба дохили ин утоқ ҳаво доданд. Нозирон сандуқҳои оҳанинро зери тирезаи хурд, ки одам тариқи он ворид шуда наметавонист, гузоштанд ва латтаҳои оташгирифта рӯйи онҳо афтоданд. Утоқи раиси маҳбасро шикастанд, вале ин лаҳза ӯ сари кор набуд. Чун талоши куштани панҷ нозири маҳбас натиҷа надод, онҳо пас гаштанд.

Шарҳ: Аз рӯйи қоидаи зиндон нозирон дар дохили маҳбас бо худ силоҳ намегиранд. Ҳангоми ворид шудан ба утоқи зисти маҳбусон силоҳҳои худро месупоранд ва танҳо бо худ чӯбдаст (дубинка) мегардонанд.

Ҷустуҷӯи Зайд Саидов ва Рустами "Хаммер"

Соати 20:40. Махсуми Абдусаттор, узви Ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, Саид Қиёмиддини Ғозӣ, узви собиқи ин ҳизб ва Сайидмаҳдихон Сатторов (“Шайх Темур”) кушта шуданд. Ба гуфтаи намояндаи тафтишот, "Шайх Темур” ва Қиёмиддини Ғозӣ бо иттиҳоми “муртад” будан кушта шудаанд. Далели қатли Махсуми Саттор гӯиё ин дониста мешавад, ки борҳо бо афроди наздик ба Зариф Зарипов баҳсҳои тунд дошт.

Шарҳ: Мухолифон, аз ҷумлаи Кумитаи шаҳрвандӣ, наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, як созмони наздик ба мухолифин, иддао дорад, ки ошӯб бо ҳадафи “аз байн бурдани чеҳраҳои маъруфи шинохтаи мухолифин” тарҳрезӣ шудааст. Ба гуфтаи онҳо, гӯиё Саттор Каримов, узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ аз дасти тундгароён наҷот меёбад, вале баъдан, кушта мешавад.

Тарафдорони ин ақида акси Саттор Каримовро нашр кардаанд, ки дар пешонӣ ва сару гарданаш осеб дида мешавад. Ташхиси ин ки ин осебҳо аз корди ошӯбгарон бардошта шудааст ва ё чизи дигар, ғайриимкон аст. Аммо гуфта мешавад, зарбаи марговар ба Саттор Каримов замоне расид, ки ӯ худро аз дасти ошӯбгарон раҳо кард ва берун омад. Дар ин байн ӯро аз пушти сар бо чизи вазнин задаанд.

Соати 20:50. Дар ин ҳангом аллакай мақомот аз ошӯб дар зиндон хабардор шуда, ҳодисаро барои аз кадом зовия амал кардан ташхис мекарданд. Гурӯҳ бо раҳбарии Зариф Зарипов Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ва Рустам Ҳайитов, маъруф бо лақаби "Хаммер"-ро ҷустуҷӯ мекарданд.

Шарҳ: Ду манбаъ гуфтанд, ки Рустам Ҳайитов ва чанд маҳбуси дигар бо онҳое, ки акнун ошӯб бардошта буданд, дар гузашта ихтилоф доштанд ва борҳо дар "Хлебник" сари масоили гуногун баҳс кардаанд. Рустам Ҳайитов борҳо ақидаҳои онҳоро ба боди масхара кашида, ҳатто ба унвонии Абубакри Бағдодӣ, "халифа"-и худхонда дашном фиристода будааст. Зайд Саидов ҳеҷ гоҳ онҳоро ҷиддӣ намегирифт ва ақидаҳояшонро нодуруст унвон мекард.

Зайд Саидовро кӣ наҷот дод?

Соати 20:45. Рустами “Хаммер” фирор карда, дар ошёнаи болои зиндон пинҳон шудааст. Шоҳидон ба мақомот нақл кардаанд, ки ошӯбгарон аз ҳама бештар ӯро бо асабоният ҷустуҷӯ карданд, вале то лаҳзаи вуруди гурӯҳи зудамал ӯ тавонистааст аз чашмҳо пинҳон бимонад. Замоне, ки ин гурӯҳ Зайд Саидовро ҷустуҷӯ мекард, Муқимҷон Табаров, сарояндае, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар зиндон аст, ӯро пушти сандуқе пинҳон кардааст.

Шарҳ: Муқимҷон Табаров, ки дар филми “Беҳуда хорам мекунӣ...” нақши асосиро бозидааст ва соле пеш бо иттиҳоми даст доштан дар гардиши маводи мухаддир боздошт ва зиндон шуда буд, бо тела додани сандуқ ба кунҷи девор соҳибкори зиндониро пинҳон мекунад. Зайд Саидов ҳангоми талоши фирор ва пинҳон шудан осеб дидааст.

Соати 20:20. Гурӯҳи зудамал аллакай пас аз ним соати сар шудани нооромиҳо гирди зиндонро муҳосира карда буд.

Талоши берун шудан аз маҳбас

Соати 21:00. Гурӯҳи зудамал дар девори дуюм бо гурӯҳи зиндониҳое, ки талоши берун шудан доштанд, рӯ ба рӯ шуд. Ба гуфтаи мақомот, ба талаби таслим шудан гӯш надоданд ва мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ҳеҷ нафар аз маҳбусони фирорӣ имкони берун шудан пайдо накард. Ҷустуҷӯ ва ба истилоҳи мақомот “безарар” кардани ошӯбгарон тақрибан то соати 22:00-и шаби 19-уми май давом кард.

Шарҳ: Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, аз ошӯбгарон телефонҳои ҳамроҳ дарёфт шудааст. Тафтиши симкорти яке аз ин телефонҳо ва барномаҳои дохилии он иртиботи бархе аз зиндониён бо афроди марбут ба гурӯҳҳои тундравро нишон медиҳад. Шахсияти онҳое, ки бо саркардаҳои ошӯби зиндони Ваҳдат тамос доштанд, маълум нест. Ҳеҷ далеле, ба мисли сабти видео, аудио ё паёми хаттӣ, ки анҷоми ошӯбро ба онҳо созмони тундрави ДИИШ фармон дода бошад, вуҷуд надорад. Мақомот фарзияи дасти ДИИШ будани ошӯбро бар асоси шоҳидии чанд маҳбусе эълон карданд, ки зинда боздошт намудаанд. Аксари ошӯбгарон ва тарафдорони онҳо кушта шудаад.

Чанд натиҷа

Гурӯҳи тундрави ДИИШ масъулияти ин ошӯбро бо гузашти беш аз ним моҳ бар дӯш гирифт. Агар ошӯб кори он буд, чаро бо чунин дерӣ аз худ паём дод? Дастури мустақими ошӯб аз ҷониби ин созмони ваҳшатафкан собит нашудааст, вале таъсири мафкураи он нақш бозидааст.

Мухолифони тоҷики муқими Аврупо мегӯянд, ҷолиб аст, ки ҳам дар изҳороти мақомоти тоҷик ва ҳам дар изҳороти ДИИШ калимаи “муртад” истифода шудааст. Бо пеш овардани ин монандӣ онҳо ба изҳороти мақомоти расмӣ шубҳа мекунанд. Вале ин вожа дар забони диишиён пеш аз ин ҳам садо додааст, ҳарчанд на нисбати афроде, ки гуфта мешавад, онҳо ба қатл расонданд.

Пурсише ба рӯйи бисёр нақлҳо соя меафканад, ки ҳадафи асосии ошӯбгарон чӣ буд? Куштори афроди барояшон номақбул ё фирор аз зиндон барои дар озодӣ ба амал овардани нақшаҳо? Агар ҳадаф фирор буд, табъан куштор ва ошӯб, имкони онро душвортар мекард, чун давлатро ба ҷалби нерӯҳои иловагӣ дар атрофи маҳбас водор менамуд. Агар ҳадаф куштори рақибону номақбулон буд, чаро пайгирона амалӣ нагашт. Он ҳам дар ҳоле, ки ҳокимият дар маҳбас ҳудуди се соат дар дасти ошубгарон буд.

Дар зиндони Ваҳдат беш аз 1,5 ҳазор маҳбус ва аксари онҳо дар казарма ё бинои умумӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Маҳбусоне, ки хатарнок арзёбӣ мешаванд, дар утоқҳои алоҳида набуданд. Нигаҳдории маҳбусони маҳкумшуда барои терроризм ва ҷинояткорони дигар дар як ҷо, ба қавли созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, заминаҳои таблиғ, мағзшӯйӣ ва низоъро ба вуҷуд меорад. Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳодиса барои мақомот як сабақе шудааст, то дар паи ислоҳи низоми зиндонҳо аз сухан ба амал гузаранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG