Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯб дар зиндони Ваҳдат чӣ гуна сар зад ва чӣ гуна поён ёфт?


Хешовандони зиндониён мунтазири хабар аз дохили зиндон.
Хешовандони зиндониён мунтазири хабар аз дохили зиндон.

Баъзе аз онҳо бояд то соли 2030 ва ё ҳатто то соли 2044 умри худро дар зиндон сипарӣ мекарданд. Баъзеҳо камтар аз 2 сол ва ё 1 сол пушти панҷараҳои зиндони “Ваҳдат” буданд, ки ошӯби шаби 19-уми май ҳукми зиндони онҳоро ба якборагӣ “адо” кард.

Ошӯбе, ки мақомоти Тоҷикистон баръакси сукут дар бораи ошӯбҳои гузашта баъд аз вуқӯи он фавран хабар доданд. Вазорати адлия субҳи 20-уми май бо нашри баёнияи кӯтоҳ гуфт, ошӯбе, ки зиндониён бо ҳадафи фирор бардоштанд, соати 21:30 ба тирандозӣ кашид, дар натиҷа 32 нафар ба шумули 3 посбони зиндон ба ҳалокат расиданд.

Вазорати умури дохилӣ ҳам баъди гиряву фарёди хешовандони зиндониён феҳрасти комили номи кушташудагонро чоп кард, вале суолҳои зиёде дар бораи сабабу заминаҳои ошӯб боқӣ мондааст.

Ба Радиои Озодӣ муяссар шуд, аз манобеи расмӣ баъзе аз ҷузъиёти ҳодисаро маълум кунад, аз ҷумла онро, ки ошӯб ҳангоми ифтор сар задааст ва зиндониён ҳам ба гуфтаи манобеъ аз “рӯзадории посбонҳо истифода карда, бетартибиро ба роҳ андохтаанд.”

Маълум кардани дурустии суханони мусоҳибони Радиои Озодӣ аз манобеи дигар имконнопазир аст. Айни замон мунтақидону мухолифони давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки мақомот ҳақиқатро аз мардум пинҳон мекунанд ва хостаанд, ки комиссияи мустақиле ҳодисаро таҳқиқ кунад.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки солҳост, дар раёсати зиндонҳои вазорати адлия кор мекунанд, ба дурустии фарзияи вазорат таъкид карда, гуфтанд, чаҳор нафар, ки бо гуноҳи узвият ба гуруҳи “Давлати исломӣ” зиндонӣ шудаанд, се посбонро гаравгон гирифта, ба утоқи Маҳмуд Абдуллоев, раиси зиндон барои “музокира” бурдаанд.

"Байнашон ҷангу занозанӣ сар задааст"

Ӯ афзуд: “Маҳмуд Абдуллоев соати 7 рафтааст ва дар ҷояш набудааст. Дари утоқашро шикаста ворид шуда, онро оташ задаанд. Баъд маркази тиббии зиндонро оташ задаанд. Соати 8 дигарон ба онҳо ҳамроҳ шудаанд ва байнашон ҷангу занозанӣ сар задааст. Чанд зиндонӣ кушта шуданд.”

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Саттор Каримов, Саидмаҳдихон Сатторов (Шайх Темур), се руҳонии бонуфуз дар байни зиндониёнро барои музокира ва ором кардани “ошӯбгарон даъват кардаанд, вале онҳо низ кушта шуданд.” Дар ин замон ҳамаи зиндониён дар як ҷой ва ё казарма будаанд.

Баъди сарпечии зиндониён ба риояти тартибот, ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, маъмурони амниятӣ бар асоси қонун ба зидди онҳо аз нерӯ истифода карданд, чун ошӯбгарон ба ҷони дигарон таҳдид мекарданд.

Ба қавли яке аз онҳо “посух ба ошӯбгарон соатҳои нӯҳуним шуруъ шуд ва то соати 11 ба поён расид.” Мусоҳибони Радиои Озодӣ нагуфтанд, ки дар маҷмуъ чӣ қадар зиндониён дар ошӯб ширкат карданд ва инро “тафтишот маълум ва муайян мекунад.”

Сайёра Саидова, ҳамсари Абдуҷаббор Ҳалимов, яке аз посбонони зиндон, ки дар хобгоҳе дар назди зиндон зиндагӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, садои тирандозӣ ба хонаашон мерасид: “Шаб садои тир сар шуд, бисёр баланд шуд, ба хусурам занг задам гуфтам.” Ҳамсари Абдуҷаббор Ҳалимов гуфт, дар воқеъ шавҳараш рӯза медошт.

Дар натиҷа онгуна ки вазорати адлия ҳам гуфтааст, 24 зиндонии ошӯбгарро “маҳв” ва 36 нафарро дастгир карданд. Се посбон аз захми корд ба ҳалокат расидаанд. Абдукарим Ҳалимов, падари Абдуҷаббор Ҳалимов, сокини деҳаи Деҳлоло ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Соати 12:25 ҳамсараш занг зад, ки беҳтар аст писаратонро ба ҷойи дигар кор барем, ки инҷо тирпаронӣ ҷанг аст. Соати 11 писари маро куштанд, дар гарданаш захми кор буд, дар дастонаш ҳам.”

"Вазъи се маҳбус бисёр вазнин аст"

Мақомот таъкид мекунанд, ки ошӯбро пайравон ва аъзои гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” бо ҳадафи фирор аз зиндон ташкил кардаанд. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ чаҳор нафаре, ки посбонҳоро ғофилгир карда, гаравгон гирифтаанд, “ба сарашон малофа ё матои сафедро бастаанд, ки ба эътиқоди онҳо аломати ҷиҳод аст.”

Ҳарчанд на вазорати адлия ва на вазорати умури дохилӣ дар бораи теъдоди маҷруҳон хабаре надодаанд, вале мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, чандин нафар дар ҷараёни ошӯб, захм бардоштаанд ва вазъи се нафари онҳо фавқуллода вазнин аст.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ дар бораи омодагии эҳтимолӣ ба ошӯб ва заминаҳои дигари он суҳбат накарданд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ, шароити зиндон, бадрафторӣ бо зиндониён ва тамаъҷӯӣ аз онҳоро аз сабабҳои аслии ошӯб меноманд.

Ба қавли як зиндонии собиқ, ҳадаф агар фирор ҳам бошад, фирор аз худи зиндон нест ва “барои озодӣ нест, балки барои халосӣ аз бадрафторӣ, тамаъҷӯӣ, беадолатӣ ва шароити бади зиндон аст, ки на ҳама ба он тоб меорад.”

Бархӯрд бо зиндониён

Мусоҳиби Радиои Озодӣ бо ишора ба феҳрасти зиндониёни кушташуда гуфт: “Як бор бубинед, бисёре аз онҳо соли таваллудашон баъди 90 аст. Бисёрашон 30-сола ҳам нашудаанд. Вақте дар ин синну сол шуморо таҳқир мекунанд, намемонанд, дар зиндон ҳам зиндагӣ кунед, бо шумо мисли саг рафтор мекунанд, албатта ҷонатон ба лаб меояд. Ошӯб мебардоред, ё нашуд худкушӣ мекунед.”

Ба қавли ин мусоҳиби Радиои Озодӣ, дар ҳар зиндон, ки ошӯб сар зад, “фаҳмед, ки муносибат бо зиндониён ва ё шароит дар онҷо бад аст.” Зиндонии собиқ, ки аз бими дигарбора ба ҷавобгарӣ кашида шудан, номашро нагуфт, аз ошӯби маргбор дар зиндони Хуҷанд ёдовар шуд, ки ба қавли ӯ ба сабаби бадрафторӣ бо зиндониён сурат гирифт.

Аммо баъди ошӯб дар зиндони Хуҷанд ва тағйирот дар раёсати зиндонҳо, ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, муносибат бо зиндониён бисёр ҷиддӣ гирифта мешавад ва мақомот мекӯшанд, ки ба бадрафторӣ дар маҳбасҳо роҳ дода нашавад.

Соли 2018 Кумитаи мубориза бо шиканҷаи Созмони Милал аз

он изҳори нигаронӣ кард, ки “дар зиндонҳои Тоҷикистон теъдоди беш аз ҳади зиндониён нигаҳдорӣ мешаванд, шароити нигаҳдориашон ва аз ҷумла таъмини онҳо бо ғизову об муносиб нест. Шароити беҳдоштӣ ва ҳоҷатхонаҳо дуруст нест, ки сабаби сирояти бемориҳо ба зиндониҳо мешавад.”

Чанде пеш номае аз дохили зиндони рақами 4 аз Душанбе берун омад, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: “Зиндониёнро болои бетон хоб мекунонанд ва талаб мекунанд, ки барои халосӣ 1500 ё 2000 сомонӣ пул диҳанд. Касе пул надорад, дар ҳамон ҷо хоб меравад. Барои вохӯрии дарозмуддат бо оила дар даромадгоҳ барои як шабонарӯз 100 сомонӣ мерӯёнанд. Баҳона мекунанд, ки одам бисёру ҷой нест, чунки ба ҷои 700-800 нафар дар он ҷой 2500 нафарро нигоҳ медоранд”.

Вале баъдан раёсати зиндонҳо гуфт, ки таҳқиқ нишон дод, зиндониён чунин номае нанавиштаанд.

Ҳоло додситонии Тоҷикистон парвандаи ошӯб дар зиндони Ваҳдатро таҳқиқ дорад, ки чӣ гуна ба қавли мақомот “тарҳрезиву иҷро шуд”. Парвандаи дигарро додситонии низомӣ таҳқиқ мекунад, кӣ чӣ гуна посбонон ва ё маъмурияти зиндон ба чунин ҳодисаи мудҳиш роҳ дод.

Зоҳиран ҷузъиёти ошӯб дар Ваҳдат, мисли ошӯб дар зиндони Хуҷанд, ки онҷо 25 нафар кушта шуданд, ба ин зудиҳо маълум намешавад. Муҳокимаи муттаҳамон ба ин ошӯб баъди тақрибан 4 моҳ шуруъ шуд, аз моҳи март то кунун идома дорад.

XS
SM
MD
LG