Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафни кушташудагони ошӯби зиндони Ваҳдат. ВИДЕО


Кушташудаҳои ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат рӯзи 20-уми май ба хок супурда шуданд. Бархе аз ин зиндониёни тоҷикро, ки дар исёни шаби 19-уми май кушта шуданд, бо иштироки наздикон ва гурӯҳи дигарро бе ҳузури пайвандонашон дафн карданд.

Абдуҷаббор Ҳалимови 36-сола, маъмури зиндони шаҳри Ваҳдатро, ки шаби 19-уми май кушта шуд, дар зодгоҳаш, ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ба хок супориданд. Хонаводааш гуфтанд, рӯзи 20-уми май дар маросими видоъ бо ӯ намояндагони мақомот иштирок карданд.

Майор Абдуҷаббор Ҳалимов ҳамагӣ як сол пеш корро дар зиндони шаҳри Ваҳдат оғоз кардааст. Ӯ дар гузашта фармондеҳи як қисми низомии Вазорати адлия буд. Абдукарим Ҳалимов, падари ӯ, рӯзи 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гардану дасти писараш захми кордро дидаанд.

Падари посбони кушташуда: Кор дар зиндон ба ӯ маъқул набуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

"Як ҳафта пеш ҳамроҳаш суҳбат доштам. Аз кор дар зиндон розӣ набуд ва мегуфт, ки бояд ба ҷойи дигар гузарад”, -- нақл кард Абдукарим Ҳалимов. Ӯ афзуд, хабари марги писарашро субҳи 20-уми май шуниданд.

Абдуҷаббор Ҳалимов
Абдуҷаббор Ҳалимов

"Бо ҳамсараш дар як хонаи иҷора дар ноҳияи Ваҳдат меистанд. Оилааш шаби 19-уми май ба мо занг зад, ки дар тарафи зиндон садои тир шунида мешавад ва беҳтар аст, писарамро ба ҷои дигар ба кор фиристем. Аммо ҳамон шаб ӯро кушта будаанд”, -- гуфт ӯ.

"Ба мо хабар доданд, ки ӯро аллакай гӯрондаанд"

Ҷасади Алимурод Маханов, маҳбусеро, ки шаби 19-уми май дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд, бе ҳузури наздиконаш дафн кардаанд. Маханов бо иттиҳоми қасди анҷоми силсилатаркишҳо пеш аз интихоботи президентии соли 2013 дастгир ва ба 21,5 сол маҳкум шуда буд. Наздиконаш ӯро бегуноҳ медонанд.

Фарҳод Маханов, бародари Алимурод Маханов, рӯзи 21-уми май гуфт, ба даст доштани бародараш дар ин ошӯб бовар надорад. Ӯ гуфт, ҷасади ӯро бе ҳузури онҳо дар қабристони маҳаллаи Заркамари ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурдаанд.

Мақомот ба ин хонавода шарҳ надодаанд, ки Алимурод дар кадом шароит кушта шудааст. Бародари ин маҳбуси кушташуда мегӯяд, ду ҳафта пеш ба дидорбинии бародараш рафта буд ва ӯ "аз шароити сахти зиндон ва беморӣ" шикоят кардааст.

"Гуфт, ки дар як рӯз нӯҳ бор онҳоро ҳисоб мекунанд ва шароиташон мушкил аст. Ба ман гуфт, кӯдаконашро нигоҳ кунам. Се фарзанд дорад", -- гуфт ӯ.

Алимурод Маханов
Алимурод Маханов

Бародараш мегӯяд, сӯҳбаташон рӯзе пеш аз оғози моҳи Рамазон ду соат давом кард. Вай афзуд, рӯзи 20-уми май вақте бо модараш аз назди маҳбас баргаштанд, барояшон хабари аллакай гӯрондани Алимурод Махановро расондаанд.

Маҷид Алибердиев, раиси маҳаллаи Заркамари ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ҷасад хеле зуд гӯронида шуд ва дигар фурсати интизори наздикони Алимурод Маханов набуд. Ӯ гуфт, намедонад, ки Алимурод ҷаноза шуд ё на, фақат дар як доираи маҳдуд бо ҳузури мақомот онҳо дар гӯронидани ҷасад ширкат карданд.

Алимурод Маханов, машҳур бо лақаби "Устод" моҳи сентябри соли 2013 қабл аз интихоботи президентӣ дастгир шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ узви созмони тундрави Ҳаракати исломии Туркистон аст. Ба қавли мақомот, ӯ гуиё мехост, дар Душанбе чанд таркиш анҷом диҳад.

Фарҳод Маханов мегӯяд, бародараш ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомро эътироф накарда буд ва "ҳамеша мегуфт, бегуноҳ аст".

Дар ошӯби моҳи ноябри соли гузашта дар зиндони Хуҷанд мақомот Амиралӣ Давлатов, яке аз ҳамроҳони Алимурод Махановро муттаҳам карда буданд. Онҳо гуфтанд, Давлатов аз тарроҳони ошӯб аст.

Маросими видоъ ва дафни Махсуми Саттор

Саттор Каримов
Саттор Каримов

Маросим кутоҳи видоъ бо Саттор Каримов маъруф бо номи Махсуми Абдусаттор баъд аз зуҳри 20-уми май дар маҳалли зисташ сурат гирифт ва ӯро дар оромгоҳи «Сари Осиё» ба хок супурданд.

Як нафари наздик ба хонаводаи ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар шиносоии ҷасад ҳузур дошт ва дар баданаш захми кордро мушоҳида кардаанд. Мақомот гуфтанд, ки гӯиё Саттор Каримовро ошӯбгарон ва тарафдорони гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" куштаанд.

Саттор Каримов, узви баландпояи Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2015 барои ҳамдастӣ дар ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода ба 26 сол зиндон маҳкум карданд. Иттиҳоме, ки ҳизб онро беасос номида, рад кардааст.

Писари Махсуми Саттор мегӯяд, падараш дар бемористони маҳбас бистарӣ буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Ба гуфтаи писараш Абдураҳим Саттор, ӯ бо модараш бори охир 9-уми апрели имсол бо падараш дар зиндон вохӯрд. Дар маросими ҷаноза мардуми зиёде ширкат карданд. Тартибот дар маросими ҷанозаро мақомоти интизомӣ назорат мекарданд.

Ҷасади Беҳрӯзро ба наздиконаш нишон надодаанд

Дар ҳамин ҳол, ҷасади Беҳрӯзи Гулмурод, писари сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, шоми 20-уми май дар қабристони деҳаи “Дараи фонӣ”-и ноҳияи Варзоб бидуни нишон додан ба наздиконаш ва бе маросим аз ҷониби мақомот ба хок супорида шуд.

Ҷасади Беҳрӯзи Гулмуродро ба наздиконаш нишон надоданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00

Дар ошӯби шаби 19-уми май дар зиндони ноҳияи Ваҳдат 32 нафар аз ҷумла се посбони зиндон кушта шуданд. Вазорати адлия рӯзи 20-уми май бо нашри як изҳорот гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо Саид Қиёмиддин Ғозӣ, Махсуми Саттор ва Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур", низ ҳастанд.

Мақомот гуфтанд, ошӯбро пайравони гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” барангехтаанд, ҳарчанд таъйиди ин хабар аз манобеи дигар имконнопазир аст. Ним сол пеш дар айни ҳодиса дар зиндони шаҳри Хуҷанд бештар аз 20 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG