Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қатли се зиндонбон ва талафоти ҷонӣ дар байни маҳбусон". Шарҳи расмии ошӯб дар зиндони Ваҳдат


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати адлияи Тоҷикистон ошӯб дар зиндони "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдатро тасдиқ кард. Мақомот гуфтанд, дар ин ҳодиса 3 маъмури зиндон ба қатл расида, "дар байни маҳбусон низ талафоти ҷонӣ ҳаст", вале рақами мушаххасеро наоварданд.

Изҳороти расмии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар бораи ошӯб дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат субҳи 20-уми май дастраси Радиои Озодӣ шуд. Бино ба он, ошӯб дар ин муассисаи ислоҳӣ соати ҳаштуними шаби 19-уми май иттифоқ афтодааст.

Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки назорати зиндонҳоро ба уҳда дорад, теъдоди дақиқи маҳбусонеро зикр накардааст, ки дар ин воқеа кушта шуданд, аммо мегӯяд, 30 маҳбуси, ба қавли мақомот, хатарнок, ки бо ҷурми пайравӣ аз гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" маҳкум шудаанд, "бо корд ва ашёи дигари тезу буранда 3 нозири муассисаро гаравгон гирифта, ба қатл расонидаанд ва хостаанд фирор намоянд".

Манбаъҳои Радои Озодӣ шумораи қурбониёнро наздик ба 15 нафар меноманд. Хабаргузории "Рейтерз" субҳи 20-уми май бо такя ба як манбаъ дар мақомоти амниятии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ин ҳамла 29 маҳбус кушта шудаанд.

Расонаҳои мухолифини тоҷик дар хориҷа бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки "теъдоди кушташудаҳо дар миёни маҳбусон хеле зиёд аст". Аммо санҷиши ин хабарҳо феълан имконпазир нест. Расонаҳои марбут ба мухолифони тоҷик гуфтаанд, ба зиндониҳое чун Зайд Саидов, ки дар маҳбаси маъруф ба "Кирпичний" нигаҳдорӣ мешуданд, "осеб нарасидааст".

Ба қавли мақомот, маҳбусон бо гаравгон гирифтани зиндонбонҳо шарт гузоштаанд, ки аз маҳбас озод карда шаванд.

  • "Дар рафти гуфтушунид, байни худи ҷинояткорон муноқиша ва задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Маҳбусони ошӯбгар ба даъвати нозирони муассисаи ислоҳӣ оид ба қатъи бетартибӣ итоат накарданд. Онҳо бо корду ашёи тези доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум намуда, боз чанд нафари онҳоро захмдор карданд. Аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ чораҳои қатъӣ дида шуд ва ҳангоми ба низом даровардани реҷаи интизоми дохилӣ, дар байни маҳбусони хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст", -- гуфтанд дар Вазорати адлия.

Дар ҳоле ки феълан тасдиқи дурустии иттилоъ аз манобеи мустақил имконпазир нест, мақомот шумораи кушташудаҳоро аз ҳисоби зиндониён ошкор накардаанд. Ҳамчунин маълум нест, чанд нафар аз онҳо захмӣ шудаанд. Шумораи маҷруҳон аз тарафи маъмурони зиндон ҳам дақиқ нест.

Маъмулан мақомоти Тоҷикистон иттилоъ дар бораи ошӯб ва талафоти онро то ҳадди мумкин пинҳон медоранд. Онҳо дар бораи ошӯби соли гузашта дар зиндони шаҳри Хуҷанд низ дастикам як моҳ ҳеч хабар надода буданд. То замоне ки вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Брюссел рафт ва дар як нишасти матбуотӣ маҷбур шуд дар ин бора ба суоли хабарнигорон посух диҳад.

Вазорати адлия мегӯяд, "ҳоло вазъият дар муассисаи мазкур муътадил буда, пурра таҳти назорат аст ва таҳқиқи қазия аз тарафи мақомоти тафтишотӣ идома дорад."

Бино бар маълумоти манбаъҳои Радиои Озодӣ дар роҳҳои бисёре аз ноҳияҳои қисмати марказии кишвар посгоҳҳои мусаллаҳ таъсис ёфта, нақлиёт мавриди тафтиш қарор мегирад. Шаби 19 ба 20 май гуфта мешуд, бархе аз маҳбусон фирор кардаанд, вале Вазорати адлияи Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтааст.

Бино ба иттилои манобеи гуногун, дар зиндони "Кирпичний" дар шаҳри Ваҳдат ҳудуди якуним ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешаванд.

Шаби 19-уми май манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар зиндони "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдат байни маҳбусон ва нозирони зиндон задухӯрд шудааст. Манобеъ гуфтанд, дар ин даргирӣ аз ҳарду тараф чандин нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Ҳамсарони баъзе аз зиндониён, ки ба дидорбинии онҳо рафта будаанд, гуфтанд, "тирпаронӣ соати нӯҳи шаб оғоз шуд ва беш аз ним соат идома кард".

"Ба назди шавҳарам омада будам ва бояд ду рӯзи дигар меистодам. Аммо ин ҳодиса шуд ва маро ҷавоб доданд. дар Аввал гуфтанд, ки аз ҳуҷраҳо набароед. Баъд гуфтанд, барои бехатарӣ равед. Ҳангоми тирпаронӣ шавҳарам дар наздам буд, лекин ман баромадам ва ӯ дар дохили маҳбас аст. Хавотирам", -- гуфт яке аз занон.​

Баъзе аз сокинон гуфтанд, чанд мошини "Ёрии таъҷилӣ", гуруҳи зудамал ва оташнишонҳо ба тарафи маҳбаси шаҳри Ваҳдат рафтанд. Ба қавли онҳо, чораҳои амниятӣ шадидтар шуда, аз километри ҳафтуми Душанбе то наздикии зиндони "Кирпичний" даҳҳо пулис бо силоҳ истодаанд.

Чораҳои шадиди амниятиро субҳи 20-уми май низ мушоҳида кардаанд. Ба қавли манобеъ, маъмурони пулис мошинҳоро дар роҳи Турсунзода-Душанбе ва Ёвон-Душанбе нигоҳ дошта, "кофтукоб мекунанд". Мақомот далели шиддат ёфтан тадобири амниятиро шарҳ надодаанд.

Задухӯрд дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат баъд аз ним соли ошӯби хунин дар зиндони рақами сеи Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст. Дар ошӯби моҳи ноябри соли гузашта дар шимоли кишвар аз ҳисоби зиндониҳо ва маъмурони маҳбас беш аз бист нафар кушта шуданд.

Таҳқиқи ин ошӯбро гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом дод. Сӣ нафар аз зиндониҳо дубора дар курсии айбдорӣ нишастанд. Додгоҳ охири ҳафтаи гузашта ҳашт маъмури зиндони Хуҷандро барои роҳ додан ба ошӯб маҳкум кард.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, гурӯҳи ошӯбгарон, ки дар миёни онҳо асосан маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва мамнӯе ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд, мехостанд аз зиндон фирор кунанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бадрафторӣ нисбат ба зиндониҳо ва поймолкунии ҳуқуқашон, сабаби аслии сар задани ошӯб гардид.

Қаблан раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки ин ҳодиса ҳамаҷониба ва аз рӯи қонун баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG