Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси зиндон: Зайд Саидов дар рӯйхати зиндониҳои "рӯ ба фирор" аст


Мақомоти раёсати зиндонҳои Тоҷикистон хабари шиканҷа ва, ҳамин тавр, бад шудани вазъи саломати Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва вазири собиқи саноатро рад карданд. Аммо гуфтанд, ки ӯ дар феҳристи афроди “рӯ ба фирор” қарор дорад.​

Аз чашму даҳону биниаш об мерехт, тез-тез сурфа мезад ва маълум буд, ки саломатиаш хуб нест

Пайвандони Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон, рӯзи 5-уми декабр гуфтанд, ки аз вазъи саломати ӯ нигарон ҳастанд. Зайд Саидов соли 2013, баъди таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт ва дар доираи чанд парванда ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯву ҷонибдоронаш ин ҳукмро “сиёсӣ” хонданд.

Раиси маҳбаси “Кирпичний”: Додситони назоратӣ ба маҳбас омад

Баҳодур Исмоилов, сардори маҳбаси маъруф ба “Кирпичний”, рӯзи 6-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хабарҳо дар бораи гӯё шиканҷа шудани соҳибкорро аз расонаҳо хондааст, “вале ин ҳама ҳарфҳо сиҳат надорад”. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир намояндаи Додситони назоратӣ дар маҳбас қарор дорад ва шароити маҳбусҳо, аз ҷумла Зайд Саидовро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

“Агар мо вазъи воқеиро пинҳон дорем, прокуратураи назоратӣ камтарин камбудҳоро ошкор хоҳад кард”, - гуфт Баҳодур Исмоилов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар хусуси саломатии Зайд Саидов ӯ гуфт, “ҳар субҳ пизишки беморхонаи маҳбас вазъи сиҳҳатии ӯро месанҷад ва дар сурати шикоят ҳатман кумак мерасонад”. Исмоилов айни замон ба ин суол, ки оё дар ҳақиқат номи Зайд Саидов дар рӯйхати зиндониҳои “рӯ ба фирор” ҷой дорад, посухи мусбат дод ва гуфт, “азбаски вай ба 29 сол маҳкум шудааст, барои ҳамин дар ин феҳраст номаш ҳаст”.

Ӯ гуфт, “дар маҳбаси мо рӯйхати маҳбусони “рӯ ба фирор” ва моил ба худовезӣ вуҷуд дорад, ки ҳар рӯз чанд дафъа “ҳасту нест” карда мешаванд”. Ин масъули маҳбас дар заминаи ин феҳраст шарҳи бештар надод. Айни замон, ӯ вуҷуди шиканҷа нисбат ба Зайд Саидов ва аз ду соат бештар дар сардӣ нигоҳ доштани зиндониёнро рад кард.

Баҳодур Исмоилов, раиси маҳбас дар хусуси инки чаро утоқи Зайд Саидов дар сари роҳ ва ҷойи сард ҷойгир аст, гуфт, “маҳбас тақрибан мисли хобгоҳи сарбозон аст ва ҳар утоқ дар дорад ва бо ҳарорати муътадил нигоҳ дошта мешавад ва ин иддао дуруст нест.”

Наздикон: "Зуд-зуд дору мебарем"

Вале аъзои хонаводаи Зайд Саидов мегӯянд, ҳарчанд вуҷуди шиканҷаро нисбат ба ӯ собит карда наметавонанд, аз вазъи ногувори саломатии ӯ нигарон ҳастанд. Писари калонии Зайд Саидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тайи ду соли охир падараш аз бемории меъда ва сармохурдагӣ ранҷ мекашад. Хайрулло Саидов рӯзи 6-уми декабр гуфт, хабарҳо дар заминаи вазъи бади саломатии падараш то ҷое воқеият доранд. “Мо зуд-зуд барояш даста-даста доруи сармохӯрдагӣ мебарем”, - гуфт ӯ.

Вай гуфт, вақте бори охир падарашро дид, “аз чашму даҳону биниаш об мерехт, тез-тез сурфа мезад ва маълум буд, ки саломатиаш хуб нест”. Хайрулло Саидов гуфт, ин мулоқот дар ҳузури намояндаи маҳбас баргузор шуд.

Раиси маҳбасҳо: Намегузорам ба ин система халал ворид кунад

Иззатулло Шарифов, раиси Раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи 6-уми декабр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, хабарҳо дар мавриди азияти Зайд Саидов асос надоранд ва вазъи ҳамаи зиндониҳо таҳти назорати шахсии ӯ қарор доранд. Вай гуфт: “Ин хабар нодуруст аст. Мардум ҳаргуна хаёлбофӣ мекунанд. Дар инҷо қонун амал мекунад. Ҷаноби президент ба ман бовар карда, масъул гузоштааст. Ҳамаи маҳбасҳо таҳти назорат қарор доранд. Мо талош дорем, ки шумораи маҳбусҳо кам бошад ва дар ҷамъият ҷинояткор набошад”.

Иззатулло Шарифов хабарҳо дар хусуси фишор болои Зайд Саидов ва дар шароити бад нигаҳдорӣ шудани ӯро ба хотири махсус зарар расондан ба саломатиаш бепояву асос хонд ва гуфт, ҳамаи маҳбусҳо дар утоқҳое нигаҳдорӣ мешаванд, ки шароити ҳамсон доранд.

Соҳибкори муваффақе, ки ба кунҷи зиндон рафт

Зайд Саидови 57-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар рӯзи 19 майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоти сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Соли 2015 ӯро дар мурофиаи дигар ба сохтакории ҳуҷҷат, суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз андоз айбдор ва 3 соли дигарро ба ҳукми зиндонаш илова карданд.

Соли 2014 ҳадди аққал 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саид ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар" мусодира ва давлатӣ шуд.

​Ӯву тарафдоронаш аммо иттиҳомоти қабливу кунуниро рад мекунанд ва онро сиёсӣ меноманд. Зайд Саид апрели соли 2013 бо ташкили як нишасти хабарӣ гуфт, ки мехоҳад ҳизби нави сиёсӣ таъсис бидиҳад, ки барои ислоҳи вазъи иқтисодии Тоҷикистон равона мешавад. Вале як моҳ баъди боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд.

Ҳукми 29 соли зиндони яке аз шахсиятҳои шинохта дар фазои тиҷоратии Тоҷикистон ва соҳибкоре, ки ба ҳукумат хеле наздик буд, аз ҷониби созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон маҳкум шуд. Даъватҳо ба бозбинии ҳукми Зайд Саидов нодида гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG