Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёвиддини Нурзод: "Маҳбусон бештар муштоқи насиҳат буданд"


Зиёвиддини Нурзод

"Як кабк дар дохили қафас ва кабки дигаре дар кӯҳистон озодона сайр мекунад". Ин ташбеҳи Зиёвиддини Нурзод, овозхони тоҷик, аз зиндонҳои Тоҷикистон аст, ки чанде пеш дар онҷо барои маҳбусон барномаи ҳунарӣ иҷро кард.

Зиёвуддин мегӯяд, баръакси мухлисонаш дар берун, ин бор шунавандаҳо дар зери садои ӯ намерақсиданд, балки мунтазири панду насиҳат буданд. Мақомоти тоҷик бо даъвати руҳониён ва аҳли фарҳанг талош доранд, ки аз тавсеаи ифротгароӣ дар байни маҳбусон пешгирӣ кунанд.

"Будан дар инҷо бароятон дарс бошад"

Зиёвиддини Нурзод, овозхони тоҷик, мегӯяд, ҳамроҳ бо чанд ҳамтоёнаш барои маҳбусони зиндони Ёвон консерт баргузор карданд. Ба қавли овозхон, барои зиндониён сурудҳои шухро интихоб накард ва бештар дар ҳаққи падару модар ва фарзанд барояшон суруд. Чун аз нигоҳҳои маҳбусон мехонд, ки хурсандӣ ба дилашон намеғунҷад.

Нурзод афзуд, барои иштирок дар консерт қисми бештари маҳбусон омада буданд. Ба гуфтаи овозхон, маҳбусон аз онки ба сурудҳои ӯ хушҳолӣ кунанд, бештар ба суханҳои ӯ гӯш медоданд ва ташнаи он буданд.

"Ҳамагӣ чашмони интизор ва нигоҳҳои умедвор доштанд. Дар чорабинӣ аз масалу ривоятҳо барояшон нақл кардам ва гуфтам, ки ба қадри ватан ва ободиву озодӣ расед, инҷо будан бароятон як дарс бошад. Тасаввур кунед, ки фарзанди хурдсоли шумо нисфи шаб бедор мешавад ва мегӯяд, ки оча, ман отама ёд кардам. Маҳбусон бештар шунавандаҳои хуб буданд, нисбат ба онки аз тарона ҳаводорӣ кунанд. Онҳо бештар муштоқи насиҳат ва панд буданд",-афзуд Зиёвиддин Нурзод.

Ин овозхони тоҷик гуфт, ин бори аввал буд, ки дар назди маҳбусон баромад мекард ва аз ин фурсат истифода бурд, то онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунад. Бардошти дигари Зиёвиддин Нурзод ин аст, ки аксари маҳбусон аз кардаи худ пушаймонанд ва аз будан дар маҳбас хеле нохушнуданд.

"Ҳадаф: тарбияи ифротгароҳо дар зиндон"

Баргузории консерт ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон дар остонаи Соли нави милодӣ шуруъ шудааст. Пеш аз ин дигар мақомотҳо аз ҷумла умури дин барои анҷоми маъракаҳои ба гуфтаашон "корҳои фаҳмондадиҳӣ" ба назди маҳбусон рафта буданд. Мақомот мегӯянд, бо ин роҳҳо мехоҳанд ифротгароӣ дар байни маҳбусонро пешгирӣ кунанд.

Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон.
Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон.

Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ гузарондаанд ва нақша доранд, ки онҳоро боз идома диҳанд. Ба таъкиди Маҳмудов, яке аз ҳадафҳои чорабиниҳои фарҳангӣ, ислоҳшавии маҳбусоне мебошад, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ дар зиндон мебошанд.

​Ифротгароӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон яке аз мушкилиҳо мавриди нигаронии мақомот мебошад. Солҳои қабл бархе маҳбусон барои таблиғи ифротгароӣ дар дохили зиндон дубора ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд.

Аз ҷумла, соли 2015 мақомоти тоҷик 12 маҳкумшуда ба иттиҳоми узвият дар "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро дубора барои таблиғи ифротгароӣ дар дохили зиндон айбдор карданд. Ба қавли мақомоти идораи зиндонҳо, ин гуруҳи маҳбусони маҳбаси 3/2, маъруф ба "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдат тайи чанд сол ба таблиғу ташвиқи ғояҳои созмони мамнуи "Ҳизб-ут-таҳрир" истифода кардаанд.

Аз рӯи нишондоди имомахатиби масҷиди ин маҳбас, аъзои "Ҳизб-ут-таҳрир" аз зиндониёни ноогоҳ бештар истифода намуда, онҳоро барои таъсиси хилофати исломӣ ва сарнагун кардани ҳукумати дунявӣ, даъват мекарданд.

"Ошӯби ифротиён дар маҳбаси Хуҷанд нуқтаи авҷ?"

Бархе коршиносон, аз хатари ифротгароӣ дар маҳбасхонаҳо ва бадрафтори нисбати зиндониён пас аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд бонги изтироб заданд. Дар ин ҳодиса, ки мақомот мегӯянд онҳоро созмонҳои тундрав ташкил карданд, 23 нафар кушта шуд. Аммо ба гуфтаи манбаъҳои мустақил ва худи зиндониҳо гурӯҳи маҳбусонро, ки ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд, бадрафтории зиндонбонҳо ба аксуламал водор кард. Коршиносон бо таъкид ба ҳолати равонии маҳбусон мегӯняд, ки хушунат онҳоро бештар норозӣ ва тундрав мекунад.

Рустам Азизӣ.
Рустам Азизӣ.

Рустам Азизӣ, таҳлилгари масоили ифротгароӣ мегӯяд, хатари ифротгароӣ дар маҳбасхонаҳо аз он ҷиҳат зиёд аст, ки инсонҳо дар онҷо муддати тӯлонӣ дар доираи маҳдудиятҳои қарор дорад ва зеҳни онҳо “насиҳат” ва машваратҳои ҳамутоқи тундравро бе ягон таҳлил қабул мекунад. Бинобар ин, ба гуфтаи Азизӣ, дар зери фишору маҳдудият инсон ба андешаи ифротӣ майл пайдо мекунад.

“Ҳангоми дар маҳбас буданд афсурдагӣ барои инсон бештар мешавад. Ҳатман роҳҳое зарур аст, ки афсурдагии маҳбус ҷуброн шавад. Албатта чорабиниҳои фарҳангӣ мушкилро ҳал намекунад, лекин шояд барои маҳбусон як лаҳзаи тафреҳ ба вуҷуд орад то ба ин восита аз изтиробу танишҳои вай қадре кам шавад,”-таъкид кард ин коршинос.

Пешниҳоди таъсиси маҳбаси алоҳида

Бо ишора ба паҳн шудани ғояҳои ифротӣ дар байни маҳбусон қаблан пешниҳодҳи таъсиси як маҳбаси алоҳида садо дода буд. Муаллифи ин пешниҳод Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон аз мақомоти интизомӣ хоста буд, афроди муттаҳам ба узвияти созмонҳои ифротиро дар зиндонҳо дар алоҳидагӣ нигоҳ доранд.

Худойбердӣ Холиқназарзода аз мақомоти интизомӣ хоста буд, афроди муттаҳам ба узвияти созмонҳои ифротиро дар зиндонҳо дар алоҳидагӣ нигоҳ доранд.
Худойбердӣ Холиқназарзода аз мақомоти интизомӣ хоста буд, афроди муттаҳам ба узвияти созмонҳои ифротиро дар зиндонҳо дар алоҳидагӣ нигоҳ доранд.

Ӯ дар ҳоле ки аз вуруди эмиссарҳои мазҳабӣ аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон нигаронӣ мекард, афзуд, ин эмиссарҳо махсус ҷиноят содир намуда, худро ба зиндон меафканданд, то тарғиботи худро дар зиндон ба роҳ монанд.

Феълан дар Тоҷикистон барои афроди муттаҳам ба ифротгароӣ маҳбаси алоҳида вуҷуд надорад. Маҳбусони бо ин ҷурм гунаҳкоршуда вобаста ба қарори додгоҳ дар маҳбасҳои гуногун ва ҳамроҳ бо муҷримони дигар нигоҳ дошта мешаванд.

Мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон пас аз соли 2015 ҷиддӣ гирифта шуд. Тибқи омори расмӣ, аз он сол то имрӯз наздики 1400 нафар бо иттиҳоми терроризм ва экстримизм дар Тоҷикистон боздошт шуданд. Ба гуфтаи мақомот, 75 дарсади онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ мағзшӯӣ шудаанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG