Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи қариб 45 нафар барои ошӯб дар маҳбаси Ваҳдат


Додситонии кулли Тоҷикистон панҷ корманди маҳбаси шаҳри Ваҳдатро “барои иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ” ва тақрибан 40 маҳбусро “барои даст доштан дар ошӯб” муттаҳам кардааст.

Дар ошӯби шаби 19-уми май дар зиндони шаҳри Ваҳдат се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ошӯбро маҳбусони узви гурӯҳҳои тундрав анҷом доданд. Аз ҷумла, ба гуфтаи мақомот, онҳо панҷ маҳбус ва се нозири зиндонро барои тарсондани дигарон ва зиддият нишон додан ба амалашон куштаанд.

Вале гурӯҳҳои мухолиф, аз ҷумла Паймони миллии Тоҷикистон, ки иборат аз созмонҳои мухолифин дар хориҷа аст, хостори таҳқиқи байналмилалии ҳодиса шуданд. Онҳо мегӯянд, "гурӯҳи мустақиле бо шумули намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, хешовандону наздикони қурбониён, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх" ҳодисаро таҳқиқ ва ба шубҳаву гумонҳо нуқта гузоранд.

Парванда барои он ки ба ҷойи амн "гурехтанд"

Як мақоми Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки муассисаҳои ислоҳӣ зертобеи он аст, рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи махсуси Додситонии кул ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва ҳанӯз кори худро анҷом надодаанд.

Ӯ гуфт, “нисбат ба панҷ нозири маҳбас, ки ҳангоми ҳуҷуми ногаҳонии маҳбусон ба ҷойи амнтаре дар дохили маҳбас фирор карданд, парванда боз шудааст”.

Наздик ба 40 маҳбус низ барои даст доштан дар ошӯб бозпурсӣ мешаванд. Чанд нафари онҳо маҷрӯҳ будаанд.

Нисбат ба Маҳмад Абдуллоев, раиси ин зиндон парванда боз нашудааст, чун ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, “ӯ ҳарчӣ дар тавонаш дошт, барои пешгирӣ ва пахши ошӯб анҷом додааст”.

"Нисбат ба сардори зиндон парванда нест"

“Ба ҳар ҳол, тафтишот анҷом наёфтааст. То охир чӣ хулоса мебароранд ва нисбат ба кӣ бо кадом модда парванда мекунанд, маълум нест. Шояд боз шумораи маҳбусони гумонбар дар ошӯб зиёдтар шавад ё камтар. Лекин ҳоло нисбат ба сардори зиндон парванда боз нашудааст”, -- гуфт ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад.

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи ҳодисаро тасдиқ карданд, вале боз шудан ё нашудани парванда нисбат ба зиндониён ва масъулони зиндонро шарҳ надоданд.

Ҳоло маҳбаси шаҳри Ваҳдат зери назорати ҷиддӣ аст. Ба пайвандони зиндониёне, ки дар он ҷо адои ҷазо мекунанд, иҷозаи дидор дода намешавад.

"Ба мулоқот иҷоза надоданд"

Абдувалӣ Расулов, сокини вилояти Хатлон, ки бародарзодааш бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар ин зиндон қарор дорад, гуфт, бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрор ба онҳо ҳанӯз иҷозаи дидор надодаанд.

“Ҳамон рӯз гуфтанд, ки ба бародарзодаи мо чизе нашудааст. Дигар ба модараш иҷозат надоданд, ки бо ӯ мулоқот кунад ва бубинад, дар ҳақиқат сиҳату саломат аст ё не. Гуфтанд, баъди тафтиш иҷозат медиҳанд”, -- гуфт ӯ.

Дар ин зиндон бо иттиҳоми гуногун наздик ба 1,5 ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд ошӯб ва норозигӣ замина дар шиканҷа ва фасод дорад.

Ҳомии ҳуқуқ: Хунукназарӣ шудааст ва...

Маҳмурод Одинаев, як фаъоли ҳуқуқ, мегӯяд, дар ҳар сурат раҳбарони зиндон дар пешгирӣ аз ошӯб саҳлангорӣ кардаанд: “Агар маҳбусон нақшаи ошӯб мекашанд, чаро хабаркашони онҳо хабар наёфтанд ва саривақт огоҳ накарданд? Баъдан, зиндон гурӯҳи зудамал дорад, ки дар чунин ҳолат бояд фаврӣ кор кунад. Агар онҳо амал карда бошанд, чаро ин қадар одам кушта шуд? Аз ҳамин ҷиҳат фикр мекунам, ки хунукназарӣ ва саҳлнагорӣ шудааст.”

Ҳодиса дар зиндони шаҳри Ваҳдат соати нуҳуними шаби 19-уми май иттифоқ афтод. Дар миёни кушташудаҳо Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Махсуми Саттор ва Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур" низ ҳастанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG