Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои пурдаҳшати Покистон ҷони беш аз 20 нафарро гирифтаанд

Дар натиҷаи таркиши як маргталаби бомбгузор дар наздикиҳои Исломобод 23 нафар кушта ва 62 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳодиса шоми чоршанбе дар ҷараёни маросими шиаён дар шаҳри Равалпиндӣ, ки маҳалли гарнизони низомӣ мебошад, рух дод. Толибон, ки дафъатан масъулияти ин ҳодисаро ба гардан гирифтанд, инчунин гуфтанд, ки ду таркиби бомба дар шаҳри дигар Карочӣ низ кори дасти онҳост. Сухангӯи Толибон Аҳсанулло Аҳсан гуфт, ки ин ҷумбиши бунёдгарои сунниҳо бо шиаён “дар ҳолати ҷанги ақидатӣ” қарор дорад.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG