Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯби паси панҷара. Ҳодисаи ду сол пеш дар зиндони Хуҷанд чиро дигар кард?


Зиндони рақами сеи Хуҷанд

Аз ошӯби хунин дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон ду сол гузашт.

Шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018 дар зиндони рақами сеи Хуҷанд дар натиҷаи, ба гуфтаи мақомот, ошӯби зиндониён ва пахши он аз ҷониби нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқ 25 нафар, аз ҷумла ду маъмури маҳбас кушта шуданд.

Мақомот масъулияти ин ва ошӯби ним сол баъд дар зиндони шаҳри Ваҳдатро, ки ҳамчунин бо марги даҳҳо нафар анҷомид, кори дасти аъзои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" номиданд. ДОИШ низ масъулияти тарҳрезии ошӯб дар зиндони Хуҷандро ба дӯш гирифт.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ошӯбгарон мехостанд, аз зиндон фирор кунанд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ ва баъзе аз зиндониён гуфтанд, гуё бадрафтории посбонҳои зиндон бо маҳбусон ва шароити бад яке аз сабабҳои аслии ошӯб будааст.

ҶАЗОИ 60 КАС БАРОИ 2 ОШӮБ

Шермуҳаммади Шоҳиён
Шермуҳаммади Шоҳиён

Моҳи феврали имсол Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, дар робита ба ошӯбҳои Хуҷанду Ваҳдат"60 нафар ҷазо гирифтанд".

Вай аз ин бештар шарҳ надод. Ба иттилои дарёфтӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон охири моҳи июли соли 2019 ҳукми 33 касро бо ҷурми ташкил ва даст доштан дар ошӯби зиндони рақами сеи Хуҷандэълон кардааст. Як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ моҳи августи сорли гузашта гуфта буд, се нафар ба ҳабси абад маҳкум шуда, дигарон аз 19 то 24 сол ҳукм гирифтаанд.

Дастикам пайвандони панҷ нафар аз маҳкумшудаҳо дар номаи худ ба Омбудсмени Тоҷикистон гуфтанд, "наздикони мо худро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор намешуморанд, чун ҳамаи нишондоди онҳо зери таъсири шиканҷа гирифта шудааст." Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон низ дар нишасти хабарии моҳи феврали имсол эътироф кард, ки бархе аз маҳкумшудаҳо "даъво карданд, дар содир кардани ҷиноятҳо даст надоранд ва ҷазо нисбат ба онҳо беасос аст".

Муҳокимаи парвандаҳои вобаста ба ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд паси дарҳои баста ва аксаран дар боздоштгоҳҳо баргузор шудааст. Наздикони зиндониҳо ба дохили мурофиа роҳ дода нашуданд ва вакилони мудофеи онҳо бо далели сиррӣ будани парванда аз ифшои ҷузъиёти он худдорӣ карданд.

Мансурҷон Умаров ва Иззатулло Шарифзода
Мансурҷон Умаров ва Иззатулло Шарифзода

Ошӯб дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд боис ба баъзе тағйирот дар низоми зиндонҳои Тоҷикистон шуд. Яке аз раҳбарони собиқадори раёсати зиндонҳо Иззатулло Шарифзода аз мансаб барканор ва ба ҷойи ӯ Мансурҷон Умаров таъин гардид.

Умаров баробари шурӯи кор ваъда дод, ки дар низоми зиндонҳои Тоҷикистон ислоҳот сурат мегирад, вале то кунун ба ҷомеаи маданӣ, аз ҷумла созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва журналистон имкони боздид аз зиндонҳо фароҳам нашудааст. То охир маълум нест, ки ислоҳоти анҷомшуда чиро дар бар мегиранд.

СММ: СЕ "КАРСЕР" БАРҲАМ ДОДА ШАВАД

Тобистони соли 2020, замоне ки Тоҷикистон бо пандемияи коронавирус дастбагиребон шуд ва зиндонҳои кишвар барои роҳ наёфтани вирус дарҳои худро пурра бастанд, ҳукумат барномаи нави ислоҳот дар зиндонҳои кишварро қабул кард. Барнома бештар барои беҳбуди шароити зиндонҳои сохташуда дар солҳои 1930-50-ум ва фазои бозтари будубош барои маҳбусонро ҳадаф қарор додааст.

Вале бино ба хулосаҳои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ҳарчанд ин масъалаҳо хеле муҳим ҳастанд, вуҷуди бадрафториву шиканҷа як масъалаи ҷиддии муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон мемонанд.

Моҳи августи соли 2019 ин ниҳод дар миёни машваратҳояш ба ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи зиндониҳо аз истифодаи се "карсер" ё утоқи ҷазои пинҳонӣ дар Душанбе ва Хуҷанд ёд кардааст. СММ навиштааст, "маҳбусоне, ки қоидаи зиндонро вайрон мекунанд, мавриди зӯроварии ҷисмонӣ, амалҳои поймолкунандаи шаъну шараф ва навъҳои дигари азиятҳои таҳқиркунанда" қарор мегиранд.

Коршиносони СММ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карданд, ки истифодаи ин утоқҳои ҷазоро аз байн бурда, нисбат ба ҳама зиндониҳо муомилаи башарӣ кунанд. Як тақозои дигари муҳими Созмони Милал ин аст, ки ба кормандони Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен иҷозаи бемамонитаи вуруд ба зиндонҳо ва суҳбат бо ҳар зиндонӣ фароҳам шавад.

Айни чунин дархост нисбат ба кормандони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳам карда шудааст, ки ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, дар даҳсолаҳои гузашта аз чунин ҳақ бархӯрдор набудаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) имсол дар гузориши худ навишт, "шароити зиндонҳо (дар Тоҷикистон) бисёр ногувор аст, чун шикоят аз шиканҷа зиёд ба даст мерасад."

Созмон дар бораи ошӯб дар зиндонҳои Хуҷанду Ваҳдат гуфт, "мақомот истифодаи нирӯро як амри зарурӣ гуфтанд, то ки ошӯби хушунатбор дар дохили зиндон хомӯш шавад. Дар ҳарду ҳодиса даҳҳо нафар кушта шуданд ва нигарониҳоро дар бораи истифодаи нирӯи номутаносиб ва ё аз ҳад зиёд ва ҳам зӯри беасосе, ки боиси марги инсонҳо шуд, ба бор овард."

МАКОНИ ТАҶАММӮИ ГУРӮҲҲОИ ГУНОГУН

Аз сӯи дигар, баъзе аз наздикони зиндониён мегӯянд, дар ду соли ахир шароити нигоҳдории азизонашон андаке беҳтар шудааст. Фарзанди яке аз зиндониён, ки ба қавли пайвандонаш бо ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудааст, гуфт, "бадрафторӣ намекардаанд. Агар дору лозим шуд, ҳар лаҳза қабул мекунанд. Аз фасли баҳор ба ин сӯ зиндон бастааст ва мо аз наздик надидем. Хуб аст, ки ҳадди ақал иҷоза медиҳанд, ки телефонӣ суҳбат кунем."

Айни замон маълум нест, ки то куҷо чунин муносибат сартосарӣ аст ё инфиродӣ.

Баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, шароити имрӯзаи зиндонҳои Тоҷикистон аз он чи ки 30-40 сол пеш буд, фарқ мекунад ва ҳоло дар миёни маҳкумшудаҳо афроди таҳсилдидаву огоҳ ва аз сӯйи дигар – ақидативу ифротгаро зиёд шудаанд, ки дар пайи шадидтар шудани сиёсати мубориза бо дигарандешӣ ва ифротгароии динӣ ҳабс шудаанд.

Як ҳуқуқшиносе, ки бо далелҳои амниятӣ нахост номаш бурда шавад, гуфт: "Омехта шудани гурӯҳи дирӯза зиёиён бо ифротгароёни динӣ ва аз сӯи дигар, ҷинояткорҳои воқеӣ – дузду қотилон – шиддати дохилиро дар зиндон боло мебарад. Агар боз хушунату зӯроварӣ бошад, норизоият дар дохил зиёд мешавад. Пеш аз ҳама ҳукми додгоҳ одилона бошад ва агар кас ба зиндон рафт, бояд хуб нигаҳдорӣ шавад."

Мусоҳибони Радиои Озодӣ мегӯянд, ошӯб дар зиндони Хуҷанд ва ба матбуот роҳ ёфтани он, мушкилоти паси панҷараҳоро ошкор кард ва ислоҳи вазъро дигарбора ёдрас шуд. Ислоҳоте, ки ҳам созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳам мақомот рӯйи он батакрор таъкид мекунанд, аммо кай ва чӣ гуна иҷро шуданаш рӯшан нест.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG