Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ба сару рӯяшон бо хишт задаанд” Ҷузъиёт аз вазъи зиндонбонҳои маҷруҳ. ВИДЕО


Аз хонаводаи маҳбусоне, ки дар ошӯби хунини шаби 7-уми ноябр ҳалок шудаанд, хоста шудааст, ҷасади наздикони худро бигиранд. Дар ин бора манобеи наздик ба таҳқиқи ошӯб дар зиндони рақами сеи Хуҷанд рӯзи 9-уми ноябр ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

  • Дар ин ҳодиса, бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, дастикам 24 нафар, аз ҷумла ду зиндонбон кушта ва шаш тани дигар захмӣ шудаанд. Сукути мақомоти расмии Тоҷикистон боис ба нашру пахши хабарҳои зиддунақиз шудааст. ​
Якбора барқро хомӯш карда, бо ҳар чизе ба дасташон омадааст, задаанд. Осори мушт ин хел намешавад. Гуфтанд, ки бо хишт ва ҳар чизе дигар ба сару рӯй задаанд. Мушту лагад чунин осеб намерасонад. Даҳшат аст.

"Сахт дар изтиробем"

Вале тайи ду рӯзе, ки аз сар задану пахши ошӯб дар зиндони мазкур мегузарад, пайвандони маҳбусони дигар дар бораи онҳо хабар надоранд. Масъуда Содиқова, сокини шаҳри Исфара, рӯзи 9-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш – Фарҳод Содиқов якуним сол пеш зиндонӣ шуд ва дар маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекунад.

Ӯ гуфт, баъди огоҳӣ ёфтан аз ошӯб талош дорад, аз ҳоли фарзандаш хабар ёбад, вале кӯшишҳояш бе натиҷа будааст. “Сахт парешонем, дар изтироб ҳастем. Шаб хобам набурд. Мегӯянд, ки дар маҳбас исён шудааст. Ҳар гуна овоза мешунавем ва намедонем ба кӣ муроҷиат кунам”, - афзуд ӯ.

"Ё телефонашон хомӯш аст, ё мегӯянд, хабар надорем"

Масъуда Содиқова
Масъуда Содиқова

Ҳамин тавр, модари як маҳбуси дигар, ки писараш ба 15 соли зиндон маҳкум шуда, дар маҳбаси рақами 3 қарор дорад, гуфт, “ба ҳар мақоме барои фаҳмидани ҳоли фарзандаш занг мезанад, аммо ё телефонашон хомӯш аст ё мегӯянд, хабар надоранд.”

Дар бемористони вилоятии Суғд шоми 8-уми ноябр гуфтанд, ки дар онҷо шаш корманди маҳбаси рақами 3 бо захмҳои мухталиф бистарӣ карда шудаанд. Онҳоро то субҳ дар бахши эҳё ва ҳоло дар шуъбаи осебшиносӣ табобат мекунанд.

Вале пизишкон ба рӯзноманигорон иҷозаи аёдат бо ягон захмиро надоданд. Табибоне, ки онҳоро ҷарроҳӣ кардаанд, низ нахостанд, дар бораи чигунагӣ ва аз чӣ аслиҳае захмӣ шудани онҳо суҳбат кунанд.

"Сару рӯи писарам ягон ҷои обод надорад"

Дар ҳамин ҳол, Хайрулло Абдуллоев, падари яке аз зиндонбонҳои маҷруҳ рӯзи 9-уми ноябр дар суҳбат бо мо гуфт, вазъи писараш ва ҳамроҳони ӯ бисёр вазнин аст. Ӯ гуфт, “ман дирӯз ба бемористон рафта, онҳоро дидам. Асосан аз сар зарба хӯрдаанд. Вазъи писарам дар муқоиса ба дигар ҳамкоронаш каме беҳтар аст, гап зада метавонад, аммо дар маҷмуъ xолашон хуб нест.”

Ҳамсуҳбати мо ба нақл аз писараш гуфт, ҳодиса шабона, ҳангоми аз назар гузарондан ё “ҳасту нест”-и маҳбусон сурат гирифтааст. “Якбора барқро хомӯш карда, бо ҳар чизе ба дасташон омадааст, задаанд. Осори мушт ин хел намешавад. Гуфтанд, ки бо хишт ва ҳар чизе дигар ба сару рӯй задаанд. Мушту лагад чунин осеб намерасонад. Даҳшат аст. Ҳашт ё нуҳ дандонаш шикастааст. Рӯяшро дӯхтаанд. Сару рӯи писарам ягон ҷои обод надорад.”

Писари Хайрулло Абдуллоев ҳамчунин нақл кардааст, ки баъзе аз зиндониҳои, ба гуфтаи ӯ, хайрхоҳ ба ҳимоят аз нозирони маҳбас бархостаанд. “Онҳо барои наҷоти нозирони зиндон бо маҳбусони ҳамлавар дарафтодаанд”, - гуфт ӯ.

Навори видеоӣ дар инҷост:

Ҷасадҳои зиндониёни Хуҷандро ба хешонашон месупоранд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:18 0:00

Иттилоъро то кай пинҳон медоред?

Бо ин ҳол мақомот аз ифшои шумораи куштаву захмишудаҳо дар ошӯби маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд худдорӣ меварзанд ва то ҳол сабаби сар задани онро ҳам баён накардаанд.

Неъматуллоҳи Мирсаид
Неъматуллоҳи Мирсаид

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили амниятии минтақа, гуфт, пинҳон доштани иттилоъ дар бораи ошӯб ҷомеа ва бахусус наздикони маҳбусонро нигарон кардааст. Ӯ афзуд, “ба таҳқиқи худи мо шумораи ҳалокшудаҳо аз он рақамҳое, ки дар расонаҳо нашр шудаанд, хеле зиёд аст. Ҳоло сухан дар бораи ҳуқуқи маҳбусон меравад. Маҳбус дар асоси кадом модда айбдор ва аз озодӣ маҳрум шуда бошад, ҳуқуқ дорад.”

Ба қавли манобеи наздик ба таҳқиқи ҳодиса, дар пайи ошӯб як ситоди вижае иборат аз мақомоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ таъсис шуда, дар маҳбаси мазкур, воқеъ дар маҳаллаи 14-уми Хуҷанд ба тафтиши ҳодиса машғул аст.

"Роҳ ба сӯи маҳбасро бастаанд"

Бар пояи хабарҳои дарёфтӣ, ба ин ситод ва комисияи тафтиши ҳодисаи ошӯб дар зиндони рақами 3 ба ҷуз аз мақомоти расмӣ, ки шумораву намояндаи кадом сохтор будани онҳо ба ҷомеа маълум нест, ягон нафар аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил карда нашудаанд.

Ҳамин тавр, баъди сар задани ошӯб посбонони мусаллаҳ равуои нақлиёти сокинони оддӣ ба сӯи маҳбаси рақами 3-ро низ бастаанд. Пайвандони маҳбусон имкони ба маҳбас рафтану бохабар шудан аз ҳоли наздикони маҳбуси худро надоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG