Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шӯриши зиндони Хуҷанд дастикам 22 нафар кушта шудааст. ВИДЕО


Дар шӯриши шаби гузашта дар зиндони шаҳри Хуҷанд дастикам 22 нафар ба ҳалокат расидааст. То ба ҳол марги ду зиндонбон дар ин ҳодиса тасдиқ шудааст.

Ҷасади яке аз нозирони кушташудаи зиндони шаҳри Хуҷанд рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш – ноҳияи Мастчоҳ – дафн карда шуд. Эҳсон Ёқубови 29-сола чанд сол боз дар маҳбас кор мекард.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар байни зиндониҳо ва нозирони маҳбас теъдоди захмиҳо зиёд аст. Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, шаш зиндонбони захмӣ ба бемористони вилоятӣ интиқол ёфтанд. Дар бораи теъдоди зиндониҳои маҷруҳ маълумоти дақиқ дар даст нест.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар ин бора хабар надода, рақами мушаххасеро дар мавриди кушташудаҳо ва захмиҳо баён накардаанд. Манобеъ мегӯянд, феълан ҳодисаро як кумиссюни махсус таҳқиқ дорад.

Як фарзия ин аст, ки ҳодиса ҳангоми талоши фирори зиндониҳо аз маҳбас рух дод ва ба ҳангоми талоши пешгирӣ аз фирори маҳбусон, ки бархе талош карданд аз девор парида бароянд, даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Навори видеоӣ дар инҷост:

Сокинони маҳаллаи атрофи маҳбас дар бораи ошӯб чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Талоши фирор аз маҳбас

Масъулини маҳбаси № 3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки шаби гузашта дар онҷо ошуб сар зад гуфтанд, ошуб дар пайи кӯшиши фирори як гуруҳ маҳбусон сар зад. Ин нуктаро масъулини маҳбас дар маросими видоъ бо Эҳсон Ёқубов, як масъули ҳалокшудаи зиндон баён кардаанд.

Як масъули маҳбаси Хуҷанд аз Эҳсон Ёқубов дар маросими ёдбуди ӯ зикр кардааст, ки вай корманди бомасъулият буд. Масъули зиндони Хуҷанд гуфтааст, шаби гузашта як гуруҳи маҳбусон ногаҳонӣ даст ба ошӯб зада, мехостанд аз зиндон фирор кунанд. Аммо ба гуфтаи ин масъули зиндон, “ҷонбозиҳои кормандони маҳбас ба ин кор монеъ шуд.”

Ғайрат Азиззода​, раиси ноҳияи Мастчоҳ, ки дар маросими видоъ бо Ёқубов ширкат кард, баъди анҷоми маросими хоксупорӣдар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз ба беморхонаи Хуҷанд омада аз чаҳор нафари дигар нозирони маҳбас, ки дар ошуби Хуҷанд ҷароҳат бардоштаанд, хабар гирифтааст. Вай афзуд, ин чаҳор нафар сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳастанд ва шаби ҳавлнок дар маҳбаси Хуҷанд дар роҳи ҷилавгирӣ аз фирори маҳбусҳо кӯшиш ба харҷ додаанд. Азиззода гуфт: “Вазъи саломатии онҳо муътадил аст ва умедворам, ки зуд бармехезанд”.

Зимнан як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ саломатии ҷароҳатбардоштаҳо дар беморхонаи Хуҷанд вазнин арзёбӣ кард. Манбаъ гуфт, ному насаби кормандони маҳбас, ки захмдор шудаанд ба хотири таъмини амнияташон фош карда намешавад. Эҳтимол меравад, ки ин афрод дар паи зарбаҳо бо олоти оҳанин ҷони худро аз даст додаанд. Феълан тасдиқи ин хабар тавассути манобеи дигар имкон надорад.

Ҷасади Эҳсон Ёқубовро дафн карданд

Ҷасади яке аз нозирони кушташудаи зиндони шаҳри Хуҷанд рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш – ноҳияи Мастчоҳ – дафн карда шуд. Эҳсон Ёқубови 29-сола чанд сол боз дар маҳбас кор мекард.

Эҳсон Ёқубов пас аз зуҳри панҷшанбе дафн карда шуд
Эҳсон Ёқубов пас аз зуҳри панҷшанбе дафн карда шуд

Шоҳкарим Муҳаммадиев, раиси маҳаллаи деҳаи Пастиғав рӯзи 8-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Эҳсон Ёқубовро субҳи 8-уми ноябр ба наздиконаш супурданд. Масъулони ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, маҳалли зисти нозири кушташуда, мегӯянд, Эҳсон Ёқубов баъд аз адои хидмат дар артиш то ин вақт дар зиндон кор мекард. Аз Эҳсон Ёқубов ду фарзанди ноболиғ боқӣ мондааст.

Дар ҳоле ки баъзе аз расонаҳо гуфтанд, зиндониҳо силоҳи нозирони маҳбасро гирифта ва онҳоро захмӣ кардаанд, пайвандони Эҳсон Ёқубов мегӯянд, дар бадани ӯ осори латту кӯб бо ашёи сахт дида шудааст.

Ошӯб дар зиндони Хуҷанд

Ошӯб дар зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд шаби 7-уми ноябр ба амал омад. Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гуфт, ​"Нирӯҳо зуд ба ҷои ҳодиса рафта, ошӯбгаронро пахш карданд. Онҳо асосан бо силоҳи сард ҳамла карда буданд".

Навбатдори Идораи зиндонҳо дар шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, "мақомот "Бонги хатар" эълон кардаанд, вале тирпаррониву фирори маҳбусон нашудааст".

Ӯ гуфт, "Бонги хатар" ба набати аввал ба афсарон ва кормандони ҳамаи маҳбасҳо, ки зери назорати ин ниҳод аст, дахл дорад ва онҳо дар ҳолати омодабош оварда шудаанд. Навбатдор ҷузъиёти онро ки чӣ амалҳое дар доираи ин "Бонги хатар" роҳандозӣ мешавад ва то кай давом мекунад, бинобар махфӣ будани он ошкор накард.

Танҳо гуфт, ҳар замон чунин "Бонги хатар" ва ба ҳолати омодабош овардани афсарони раёсати назорати маҳбасҳо ва худи зиндонҳоро амалӣ мекунанд.

Маҳбаси низомаш сахти рақами 3/3, ки ошӯб дар онҷо сар зад, дар байни маҳаллаҳои навбунёди 14-15-и шаҳри Хуҷанд воқеъ мебошад ва маҳбусоне, ки ба ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла қатл, қочоқи маводи мухаддир ва терроризм даст доранд, дар он нигаҳдорӣ мешаванд. Як масъули идораи зиндонҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зиндон барои 750 нафар пешбинӣ шуда, феълан дар он 800 нафар нигаҳдорӣ мешавад.

Зимнан, ин зиндон қаблан занона буд, ки онро ба Норак кӯчонданд. Барои ҳамин, деворҳояш симхор надорад ва дидбонҳояш ҳам чандон зиёд нест.

Дар маҳбаси рақами 5-и назди идораи Бозрасии Давлатии Автомобилии вилоят дар маҳаллаи 16-ум, ки низомаш пурзӯр мебошад, аз ҷумла аъзои созмонҳои мамнӯе ба мисли ДИИШ ва Ҳизби Таҳрир нигаҳдорӣ мешаванд. Шумораи маҳбусони ин зиндон тақрибан ду баробар аз маҳбаси рақами 3/3 бештар аст.

Дар гузашта баъзе аз маҳбусон талош карда буданд, ки аз зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд фирор кунанд. Танҳо дар соли 2016 ду мавриди фирори маҳбусон аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд сабт шуда буд. Баъзе аз ин маҳбусон ҳангоми фирор кушта шуда, бархеи дигар пас аз муддатҳо боздошту зиндонӣ гардидаанд.

Пурсарусадотарин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон, ки бо барканории раиси вақти Кумитаи давлатии миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинони ӯ анҷом ёфт, фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010 буд. Амалиёти таъқиби маҳбусони фирорӣ то боздошти охирин нафари онҳо дар маҷмӯъ 1 солу 3 моҳ тӯл кашид. Дар ҷараёни ин амалиёт, ба ҳисоби мақомот, 14 нафар дастгир ва 7 тан аз фирориҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG