Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ масъулияти ошӯб дар зиндони Хуҷандро бар уҳда гирифт


Зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд

Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ошӯби хунин дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанди Тоҷикистонро бар уҳда гирифт. Ин гуруҳи террористӣ рӯзи 8-уми ноябр тавассути пойгоҳи хабаррасонаш "Аъмоқ" иддао кардааст, ки ошӯб дар маҳбаси Хуҷандро “яке аз ҷангҷӯёни гуруҳ барангехт”.

Ягон чизро намедонам. Ба додситонии вилояти Суғд муроҷиат кунед, агар ягон гап ҳаст, онҳо мегӯянд

Як манбаи муътамад дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон низ рӯзи 9-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ташкили ошӯбро ДИИШ супориш додааст. Ва шӯришро нафароне кардаанд, ки бо иттиҳоми пайравӣ аз ин гуруҳи террористӣ дар маҳбас буданд."

Мақомоти расмӣ чизе нагуфтанд

Ошӯб дар зиндони маркази вилояти Суғд шаби ҳафтуми ноябр рух дод ва дар он дастикам 24 нафар ба ҳалокат расидааст. Аммо то ба ҳол марги ду зиндонбон ва захмӣ шудани шаш ҳамкори онҳо дар ин ҳодиса тасдиқ шудааст.

Бо гузашти ду рӯз ягон ниҳоди давлатӣ омода нест, ки ҳодисаро шарҳ диҳад. Иззатулло Шарифзода, муовини вазири адлия ва сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, рӯзи 9-уми ноябр дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, "як маслиҳат медиҳам, ба прокуратураи вилоят бароед, агар ягон гап бошад, онҳо мегӯянд. Ман дар Душанбе ҳастам. Ҳеч чиз гуфта наметавонам. Ман ин гапро намедонам.".

Дар додситонӣ, ки табъан таҳқиқи ҳодисаро шуруъ карда бошад, гуфтанд, ки ҳоло “корашон зиёд аст ва дертар гап мезананд”.

Танҳо як рӯз пеш, намояндаи маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд дар маросими видоъ бо Эҳсон Ёқубов, яке аз зиндонҳои кушташуда гуфтааст, "ошӯб дар пайи кӯшиши фирори як гуруҳ аз маҳбусон сар задааст".

Иззатулло Шаризода ва Шералӣ Хайруллоев ҳангоми боздид аз яке зиндонҳо
Иззатулло Шаризода ва Шералӣ Хайруллоев ҳангоми боздид аз яке зиндонҳо

Сукути мақомоти расмии Тоҷикистон боис ба нашру пахши хабарҳои зиддунақиз дар расонаҳои дохилу хориҷ шудааст. Хабаргузориҳо дар бораи теъдоди ҳалокшудаҳо ва захмиён рақамҳо ва фарзияҳои мухталифро пешниҳод мекунанд.

Чанд кӯшиши фирор аз зиндони №3

Дар гузашта гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараро низ бар уҳда гирифта буд. Вале Тоҷикистон дар он ҳодиса ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро муттаҳам карда ва гуфта буданд, ки ин ҳизб зери пӯшиши парчами "Давлати исломӣ" амал кардааст.

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:09 0:00
Линки мустақим

Маҳбаси низомаш сангини рақами 3, ки ошӯб дар онҷо сар зад, дар байни маҳаллаҳои навбунёди 14-15-и шаҳри Хуҷанд воқеъ мебошад. Як масъули идораи зиндонҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маҳбас барои 750 нафар пешбинӣ шуда, феълан дар он 800 нафар нигаҳдорӣ мешавад.

Дар гузашта баъзе аз маҳбусон талош карда буданд, ки аз ин зиндон фирор кунанд. Танҳо дар соли 2016 ду мавриди фирори маҳбусон аз зиндони рақами сеи Хуҷанд сабт шуда буд. Баъзе аз ин маҳбусон ҳангоми фирор кушта шуда, бархеи дигар пас аз муддатҳо боздошту зиндонӣ гардидаанд.

Ҳодисае, ки ҳамаро таккон дод

Пурсарусадотарин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон, ки бо барканории раиси вақти Кумитаи давлатии миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинони ӯ анҷом ёфт, фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010 буд.

Амалиёти таъқиби маҳбусони фирорӣ то боздошти охирин нафари онҳо дар маҷмӯъ як солу се моҳ тӯл кашид. Дар ҷараёни ин амалиёт, ба ҳисоби мақомот, 14 нафар дастгир ва 7 тан аз фирориҳо кушта шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG