Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додхоҳии волидони панҷ муттаҳам ба ошӯб аз Омбудсмен. ВИДЕО


Модарони маҳбусони зиндони Хуҷанд ба ҳукми фарзандонашон розӣ нестанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Модарони маҳбусони зиндони Хуҷанд ба ҳукми фарзандонашон розӣ нестанд.

Наздикони панҷ нафар аз маҳкумшудагон бо ҷурми даст доштан дар ошӯби зиндони шаҳри Хуҷанд аз шиканҷа шудани пайвандони худ ба Омбудсмени Тоҷикистон шикоят кардаанд.

Онҳо аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хостаанд, ки фарзандонашонро аз наздик дида, ба мушкилашон расидагӣ кунад.

Волидони Фарҳод Содиқов, Нусратулло Қодиров, Далер Бобоев, Сафрониддин Шомуродов ва Алишер Ҳамидов бовар доранд, ки фарзандонашон "зери шиканҷа гуноҳро ба дӯш гирифтаанд". Пештар мақомот ҳамагуна шиканҷа ва латту кӯби муттаҳамонро рад карда буданд.

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа рӯзи 14-уми август хабар дод, ки номаи ин панҷ нафар ба Омбудсмен фиристода шудааст. Ниҳоди Омбудсмен ҳанӯз дар бораи дастрас кардани нома чизе нагуфтааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон охири моҳи июли имсол ҳукми 33 нафарро бо ҷурми ташкил ва даст доштан дар ошӯби зиндони рақами сеи Хуҷанд эълон кардааст. Мақомоти Додгоҳи олӣ ҳукмро шарҳ надоданд.

Як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми август гуфт, се нафар ба ҳабси абад маҳкум шуда, дигарон аз 19 то 24 сол ҳукм гирифтаанд.

Пайвандони панҷ нафар аз ин маҳкумшудаҳо дар номаи худ ба Омбудсмен гуфтаанд, "наздикони мо худро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор намешуморанд, чун ҳамаи нишондоди онҳо зери таъсири шиканҷа гирифта шудааст."

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа порае аз номаи волидонро низ нашр кард, ки дар он чунин гуфта шудааст: "Аз зоҳир ва суханони онҳо маълум гардид, ки пайдарҳам зери азобу шиканҷа қарор доштаанд. Шахсан ба мо иброз доштанд, ки барои ба ӯҳда гирифтани ин ҷиноятҳо дар рафти тафтишот онҳоро ба қувваи барқ пайваст намуда, зери латту кӯби шадид қарор додаанд."

Мурофиаи гумонбарони ошӯб дар зиндони Хуҷанд паси дарҳои баста сурат гирифтааст ва маълум нест оё муттаҳамон ин нуктаҳоро дар додгоҳ низ баён кардаанд, ё не ва вокуниши мақомот ба он чӣ будааст. Вакилони мудофеъ аз ҳамагуна шарҳ худдорӣ мекунанд.

Ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018 иттифоқ афтод. Дар ин ҳодиса, ба ҳисоби расмӣ, 25 нафар, аз ҷумла ду маъмури зиндон кушта шуданд. Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки ошӯбгарон мехостанд, аз зиндон фирор кунанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ ва баъзе зиндониён гуфта буданд, ки гӯё бадрафтории посбонҳои зиндон бо маҳбусон ва шароити бади зиндон яке аз сабабҳои аслии ошӯб будааст.

Баъд аз ним сол шаби 19-уми майи имсол дар зиндони шаҳри Ваҳдат низ ошӯб сар зад ва бар асари он се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG