Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳиён: "Барои даст доштан дар ошӯбҳои ду зиндон 60 нафар ҷазо гирифтанд"


Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири даст доштан дар ошӯбҳои зиндони Хуҷанд ва зиндони Ваҳдат, 60 нафар ҷазо гирифтаанд. Дар ин бора Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ рӯзи 3-юми феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Аммо наздикони бархе аз маҳкумшудаҳо бо ҷурми иштирок ва ҳамдастӣ дар ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ҳукмро "ноодилона" хонда, бознигарии онро талаб карда буданд.

Раиси Додгоҳи олӣ ҳам гуфт, бархе аз маҳкумшудагон аз ҳукми додгоҳ норозигӣ карда, даъво карданд, ки онҳо дар содир кардани ҷиноятҳо даст надоранд ва ҷазо нисбати онҳо беасос аст. Шермуҳаммади Шоҳиён афзуд, ин шикоятҳо ҳатман баррасӣ карда мешаванд. Раиси Додгоҳи олӣ афзуд, қазияҳои ошӯб дар зиндонҳо паси дарҳои баста баррасӣ шудааст.

Дар ду ошӯб дар зиндонҳои шаҳри Хуҷанд ва Ваҳдат беш аз 50 нафар кушта шуданд, ки дар миёнашон зиндонбонҳо низ ҳастанд. Мақомот ҳарду ошӯбро кори дасти ҷангҷӯёни ДОИШ донистанд ва ин гурӯҳи даҳшатафкан низ масъулиятро пазируфт. Вале гурӯҳ ё созмонҳои мустақил ҳанӯз имкони таҳқиқи бетарафонаи ҳодисаҳоро надоранд.

Шермуҳаммади Шоҳиён ҳамчунин гуфт, бар иловаи 60 нафар, ки ба иштирок ё даст доштан дар ошӯби зиндони Хуҷанд ва Ваҳдат гунаҳкор дониста шуданд, инчунин 30 нафари дигар дар интизори ҳукми додгоҳ ҳастанд. Ба гуфтаи ҷаноби Шоҳиён, ин 30 нафар барои омодагӣ ба ошӯб дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе муттаҳам дониста мешаванд. Дар бораи омодагӣ ба ошӯб дар зиндони рақами яки пойтахт иттилои пурра дар даст нест. Раиси Додгоҳи олӣ дар ин бора шарҳ надод.

Наздикони афроди маҳкумшуда ба иштирок дар ошӯби зиндони Ваҳдат мегӯянд, ҳукми додгоҳ барои фарзандони онҳо сангин аст.

Аз ҷумла, наздикони Диловар Азизов, сокини шаҳри Ваҳдат моҳи декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, фарзанди онҳо иштирок дар ошӯби зиндонро рад кардааст. Ба гуфтаи Майрам Азизова, модари Диловар Азизов, аз ҳукми писараш ба чандин ҷой шикоят карданд, вале касе ба додашон нарасид: "Бегуноҳ бачаҳоро ҳаминхел карданд. Инҳо иштирок накардаанд, дар вақти ошӯб хоб буданд. Худаш гуфт, ки дар ягон кор ҳамроҳ набудам."

Ба ин монанд наздикони дигар зиндониёни муттаҳам ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат айбдоркунии мақомотро рад карда буданд.

Бо вуҷуди содир шудани ҳукм, мақомоти Додгоҳи олӣ дар бораи ҳукми содиршуда алайҳи муттаҳамон ба иштирок дар ошӯби зиндони Ваҳдат ҷузъиёт намедиҳанд. Аммо қаблан Радиои Озодӣ муайян карда буд, ки бо иттиҳоми иштирок дар ошӯби зиндони Ваҳдат 28 нафар аз 19 то 29 соли ҳукми зиндон гирифтаанд. Ин зиндониён муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш махсус паси сар хоҳанд кард.

Ин маҳбусон ҳамчунин шикоят кардаанд, ки нигаҳ доштани онҳо дар зиндони низомаш махсус одилона нест, вале додгоҳ ин шикоятро ҳам рад кард ва биноан онҳо дар ин гуна зиндон ҳукми худро сипарӣ мекунанд.

Тибқи иттилои дарёфткардаи Радиои Озодӣ, аксари маҳбусоне, ки ба иштирок дар ошӯби зиндони Ваҳдат гунаҳкор дониста шудаанд, онҳое ҳастанд, ки қаблан бо гуноҳи ифротгароӣ ва зархаридӣ паси панҷара рафтаанд. Мақомот ҳам қаблан гуфтанд, дар ошӯб онҳое ширкат кардаанд, ки барои ифротгароӣ ва ё узвият дар гуруҳҳои ифротӣ зиндонӣ шудаанд.

Дар ду соли ахир дар ду зиндони Тоҷикистон ошӯбҳои хунин сар зад. Ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат моҳи майи соли 2019 ва ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 2018 сар зад. Вале муҳокимаи муттаҳамонаш соли гузашта дар додгоҳҳо идома кард.

Human Rights Watch, созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, рӯзи 14-уми январи имсол бо ишора ба ду ошӯб ва саркӯби зиндониён, мақомоти Тоҷикистонро ба даст доштан "дар шиканҷаи густарда, истифодаи номутаносиб аз нерӯҳои амниятӣ ва қатлу куштори зиндониён" муттаҳам кардааст. Мақомот ҳанӯз ба ин иттиҳом посух надодаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG