Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ шикояти 28 "гунаҳкор"-и ошӯби зиндони Ваҳдатро рад кард


Додгоҳи олии Тоҷикистон ба шикояти 28 маҳбусе посухи рад дод, ки бо гуноҳи ширкат дар ошӯб дар зиндони Ваҳдат ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Дар ин ошӯб дар шаби 29-уми май 32 қурбонӣ нафар кушта шуданд.

Додгоҳи олӣ рӯзи 19-уми декабр ҳукми ҳамаи зиндониёнро одилона дониста ва бетағйир гузошт.​ Зиндониён ва наздикони онҳо ҳукмро "ноодилона" номида, аз Додгоҳи олӣ хоста буданд, ки ҳукмро беэътибор кунад.

Дар ошӯби зиндони шаҳри Ваҳдат 32 нафар бо шумули се зиндонбон ба ҳалокат расида буданд. Мақомот номи маҳбусони кушташударо фавран эълон карданд, вале давоми 8 моҳ исми онҳое, ки ба ширкат дар ошӯб гунаҳкор дониста шудаанд, маълум набуд. Мақомоти Додгоҳи олӣ ва вакилони дифои маҳкумшудаҳо аз ифшои ҷузъиёт ва ҳатто исми маҳкумшудаҳо худдорӣ мекунанд.

Аммо хабарнигорони Радиои Озодӣ тавонистанд исми 28 маҳбусеро, ки онҳоро ба ширкат дар ошӯби зиндони Ваҳдат гунаҳкор кардаанд маълум кунанд. Инҳо:

1.Жавлон Юсупов -29 соли зиндон.

2.Абдуалӣ Ғафуров - 29 соли зиндон.

Мақомот Жавлон Юсупов ва Абдуалӣ Ғафуровро аз иштирокдорони фаъоли ин ошӯб ва таҳрикдиҳандаи он медонанд. Худи онҳо дар мурофиа ин иттиҳомро рад кардаанд.

3.Абубакр Обидов-28 сол

4.Иброҳим Сатторов-23-сол

5.Абдулаюб Саломов-25-сол

6.Баҳодур Ҳайдаров-27 сол

7.Диловар Азизов-22-сол

8.Абдулло Тоиров 23 сол

9.Ботуралӣ Ҷалолов-23 сол

10.Фурқат Латипов-20 сол

11.Бузургмеҳр Бутаев-23 сол

12.Мансур Усмонов-23 сол

13.Исмоил Сафоев-23 сол

14.Қурбон Исматов-22 сол

15.Абдулло Шарипов-22 сол

16.Ҳусейн Ҳасанов-22 сол

17.Абдумалик Сафаров-20 сол

18.Илҳомуддин Раҳмонов-20 сол

19.Муаззам Ҳоҷиқулов 21 сол

20.Султон Султонов-20 сол

21.Шаҳриёр Султонов-21 сол

22.Умедҷон Саидмирзоев-20 сол

23.Фирӯз Ғиёсзода-20 сол

24.Исмонқул Исмоилов-22 сол

25.Хушнуд Махсумов-21 сол

26.Бахтиёр Пиронов-22 сол

27.Умарҷон Машарипов-21 сол

28.Маҳмадризо Рустамов.

Ин зиндониён қаблан бо гуноҳҳои дигар зиндонӣ шудаанд ва ҷазои онҳоро барои иштирок дар ошӯб сахттар кардаанд. Нуктаи дигар ин аст, ки ҳамаи ин зиндониён ҷазоро акнун дар зиндони низомаш махсус паси сар мекунанд. Ин маҳбусон ҳамчунин шикоят кардаанд, ки нигаҳ доштани онҳо дар зиндони низомаш махсус одилона нест, вале додгоҳ ин шикоятро ҳам рад кард ва биноан онҳо дар ин гуна зиндон ҳукми худро сипарӣ мекунанд.

Тибқи иттилои дарёфткардаи Радиои Озодӣ аксари маҳбусоне, ки ба иштирок дар ошӯби зиндони Ваҳдат гунаҳкор дониста шудаанд, онҳое ҳастанд, ки қаблан бо гуноҳи ифротгароӣ ва зархаридӣ паси панҷара рафтаанд. Мақомот ҳам қаблан гуфтанд, дар ошӯб онҳое ширкат кардаанд, ки барои ифротгароӣ ва ё узвият дар гуруҳҳои ифротӣ зиндонӣ шудаанд.

Муҳокимаи пинҳон аз чашми хешовандон

Мурофиаҳои додгоҳӣ ҳамаи ин афрод, ки рӯзи 12-уми декабр ба поён расид, паси дарҳои баста сурат гирифт ва хабарнигорону наздикони маҳбусон ҳаққи иштирок дар муҳокимаҳоро надоштанд. Наздикони зиндониёни муттаҳам ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат ҳукми додгоҳро "ноодилона" номида гуфтанд, тақозои онҳо ин аст, ки ҳукм бекор шавад.

Наздикони Диловар Азизов, сокини шаҳри Ваҳдат мегӯянд, Азизов иштирок дар ошӯби зиндонро рад кардааст. Майрам Азизова, модари Диловар Азизов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукми писараш ба чандин ҷой шикоят карданд, вале касе ба додашон нарасид: "Бегуноҳ бачаҳоро ҳаминхел карданд. Инҳо иштирок накардаанд, дар вақти ошӯб хоб буданд. Худаш гуфт, ки дар ягон кор ҳамроҳ набудам."

Диловар Азизов ба гуфтаи наздиконаш 4 сол қабл бо гуноҳи "зархаридӣ" ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ 22 сол дошта, ба гуфтаи наздикон донишҷӯ буд ва "роҳгум зад". Ба ин монанд наздикони дигар зиндониёни муттаҳам ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат айбдоркунии мақомотро рад мекунанд.

Як иттиҳоми аслӣ нисбати ин 28 нафар он будааст, ки ба саркардаҳои ошӯб дар зиндони Ваҳдат ибрози вафодорӣ ё "байъат" кардаанд. Вале худи муттаҳамон ин иттиҳомро рад карда ва гуфтаанд, ки имкони иштирок дар ошӯбро доштанд, вале даст ба исён назадаанд.

Дар умум бо гумони иштирок дар ошӯби зиндони Ваҳдат 35 зиндонӣ боздошт шудаанд. Ҳукми 28 нафари онҳо содир шуда, дар назар аст ҳафтаҳои наздик додгоҳ қарор дар бораи 7 нафари боқимондаро содир кунад. Дар миёни гурӯҳе, ки ҳукмашон ҳанӯз содир нашудааст Бахтиёр Абдусамадов, бародари Ҳусейн Абдусамадов, муттаҳам дар қатли чаҳор ҷаҳонгарди хориҷӣ дар соли 2018 дар Данғара, низ мебошад.

Гулчеҳра Шодмонова, модари Бахтиёр ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро ба ошӯб дар зиндон муттаҳам мекунанд, вале ӯ бемор буд ва дар ин ошуб даст надорад. Ӯ гуфт, охирин марҳилаи додгоҳӣ дар Додгоҳи олӣ пушти дарҳои баста ҷараён дорад ва онҳо хабар надоранд, ки писараш дар мурофиа чӣ мегӯяд.

Зиндонҳои Тоҷикистон дар як соли ахир шоҳиди ду ошуби пурқурбонӣ буданд. Моҳи ноябри соли гузашта нахуст дар зиндони шаҳри Хуҷанд ошӯб сар зад, ки дар он 23 маҳбус ва ду нозири зиндон кушта шуданд.

Баъди шаш моҳи ин ҳодиса зиндони Ваҳдат низ шоҳиди як ошӯби дигари пурқурбонӣ гардид. Ҳарчанд мақомот мегуфтанд, ки ошӯб кори дасти ифротгароён буд, вале ҳомиёни ҳуқуқ ва баъзе аз зиндониён мегуфтанд, ки шароити бади нигаҳдорӣ ва бадрафторӣ бо маҳбусон аз сабабҳои ошӯб будааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG