Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндон дар зиндон. Муҷозоти баъзе аз ошӯбгарони маҳбаси Хуҷанд


Яке аз зиндонҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Баъди исёни маргбори моҳи ноябр дар зиндони Хуҷанд, мақомоти интизомӣ даҳҳо нафар аз маҳбусон ва бахусус онҳоеро, ки бо гуноҳи ифротгароӣ зиндонӣ шудаанд, ҷазои сахт додаанд.

Чанде аз кормандони зиндон барои бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифа аз мақомҳояшон барканор шуда, ба зидди баъзе аз онҳо парванда боз гардидааст

Як мақоми огоҳ аз таҳқиқи исён ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз 20 нафаре, ки дар рӯзи 7-уми ноябр дар исён ва ба ҳам задани тартибот дар зиндон нақш доштанд, мутобиқи қоида танбеҳи сахт гирифтанд. Ӯ гуфт, "бисёре аз онҳо ДИИШ-ӣ ҳастанд. Ҳамаи онҳоро ба бинои нави камеравӣ бурданд. Барои се моҳу шаш моҳ ҷазо доданд. Беш аз 20 нафар дар бинои нави камеравӣ маҳкам ҳастанд."

"Фақат барои чанд соат кӯрпача медиҳанд"

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, дар бинои нави камеравӣ ё макони ҷазо онҳоеро дар утоқҳои алоҳида танҳо мегузоранд, ки қонуну қоидаҳои зиндонро риоят накардаанд, назму тартибро ба ҳам задаанд, бо якдигар ҷанг кардаанд ва ё зиндонии дигареро латукӯб кардаанд.

Маҳбаси рақами сеи Хуҷанд
Маҳбаси рақами сеи Хуҷанд

Ду зиндонии собиқе, ки Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат дошт, мегӯянд, дар ин утоқҳо дар зимистон “фақат як матрас медиҳанд ва як рӯпуши тунук. Соати 10 шаб медиҳанд ва соати 6 субҳ омада мегиранд.”

Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, асосан дар ин утоқҳо аз 1 то се рӯз нигаҳ медоранд, вале онҳоеро, ки дар исён нақш доштанд, аз 3 то 6 моҳ дар ин утоқҳо “маҳкам мекунанд”.

Ба гуфтаи мақоми огоҳ аз тафтишот, асосан онҳое танбеҳ гирифтанд, ки дар ошӯб иштирок карданд ва аксари онҳо афроде ҳастанд, ки бо гуноҳи ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шуда ба гуруҳи “зиндониёни майл ба фирор” шомил мешаванд. “Ин зиндониён, асосан аъзои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”, гуруҳи Ансоруллоҳ, Ҷундуллоҳ ва Ҳизб-ут-таҳрир ҳастанд”, - афзуд мусоҳиби Радиои Озодӣ.

"Зиндониёни майл ба фирорро сахт гирифтаанд"

Яке аз зиндониёни собиқи Хуҷанд гуфт, ки "посбонон афродеро, ки бо моддаи 401 (зархаридӣ) зиндонӣ шудаанд, "зиддиҳукуматӣ" меноманд ва бад мебинанд."

Ба қавли ӯ, қабл аз исён дар зиндони Хуҷанд беш аз 40 нафар аз ин гуруҳи афрод нигаҳ дошта мешуданд, ки аксарияташон бо гуноҳи терроризм ва ё ифротгароӣ паси панҷара рафтаанд. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, муносибат бо гуруҳи зиндониёни майл ба фирор сахттар аст ва “дар муқоиса ба зиндониёни оддӣ онҳо 5 маротиба зиёдтар ҳисобот медиҳанд”.

Яъне бар асоси қоидаҳои зиндон ҳузури як зиндонӣ дар ҷояш агар 5 бор тафтиш шавад, ин зиндониёнро 10 маротиба тафтиш мекардаанд.

Дар исёни рӯзи 7-уми ноябр дар зиндони низомаш сахти Хуҷанд ба гуфтаи мақомот 25 нафар, аз ҷумла ду посбони зиндон кушта шуданд. Бисёре аз зиндониёни кушташуда ба гуфтаи мақомот, ифротгароён ва ҳамон афроди “моил ба фирор” буданд.

"Парванда муҳри махфӣ гирифтааст"

Сироҷиддин Муҳриддин
Сироҷиддин Муҳриддин

Аз ҷумла Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон охири моҳи ноябр гуфт, “аксари ошӯбгарон маҳбусоне буданд, ки барои фаъолиятҳои террористӣ дар хориҷи Тоҷикистон, ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.”

Айни замон таҳқиқи исёнро муфаттишони додситонии кулли Тоҷикистон идома медиҳанд ва ба гуфтаи мақоми огоҳ аз ҷараёни тафтишот ба зидди 10 нафар аз онҳое, ки дар исён нақш доштанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст ва онҳоро “ҷазои сангинтаре интизор аст.”

Ин зиндониён ба монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ, куштор ва зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат муттаҳам мешаванд.

Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати зиндонҳо дар вазорати адлияи Тоҷикистон дар гуфтугӯе бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар рӯзи 20-уми декабр гуфт: “Тибқи нақша Прокуратураи генералӣ тафтишот бурда истодааст. Тафтишот идома дорад ва муҳри махфӣ гирифтааст. Агар дар бораи ҷараёни тафтишот суоле бошад, марҳамат, ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кунед."

Раҳоии ду нафар аз зиндон

Мансурҷон Умаров
Мансурҷон Умаров

Ба ғайр аз Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дигар ҳеҷ яке аз мақомоти расмӣ дар бораи исён дар зиндони Хуҷанд ошкоро суҳбат накардааст. Хешовандони даҳҳо зиндонии кушташуда дар Хуҷанд ҳам мегӯянд, ки мақомот аз онҳо хостаанд, доир ба ин мавзуъ бо матбуот суҳбат накунанд.

Зиндонии собиқи маҳбаси ин шаҳр гуфт, “мақомот аз онҳое, ки ба наздикӣ ҳукмашон адо мешавад ва бояд озод шаванд, баёнот мегиранд, ки баъд аз озодӣ дар бораи шароити зиндон суҳбат накунанд, зеро “дубора парванда боз карда, маҳкам мекунанд.” Ба қавли ӯ, баъди исён ду нафар аз зиндон озод шудаанд.

Бо вуҷуди онки мақомот гуфтаанд, ошӯб худсарии гуруҳе аз зиндониёни ифротӣ буд, аммо гузоришҳои зиёде бо такя ба маҳбусони собиқ нашр шуд, ки бадрафторӣ ва дағалӣ бо маҳбусон сабаби исён дар зиндони Хуҷанд шудааст.

Яке аз зиндониёни собиқ, ки бо дӯстонаш дар дохил иртибот доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки азбаски муфаттишон дар зиндон кор мебаранд, ҳоло тартибот ва рафтор бо зиндониён беҳтар аст.

Боздоштҳо ва тағйироти кадрӣ баъди ошӯб

Ошӯб дар маҳбаси низомаш сангини рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд шаби 7 -уми ноябр сар зад. Дар ин ҳодиса ду зиндонбон ва ҳангоми фурӯ нишондани он 23 зиндонӣ кушта шуданд. ​

Исён дар таърихи Тоҷикистон собиқа надошт ва баъди он Изаттуло Шарифзода, сардори Раёсати зиндонҳои вазорати адлияро аз мақомаш барканор карданд, ҳарчанд сабабашро расидан ба синни бознишастагӣ гуфтанд.

Чанде аз кормандони зиндон барои бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифа аз мақомҳояшон барканор шуданд ва ба зидди баъзе аз онҳо парванда боз карданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG