Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот дар раёсати зиндонҳо. "Қазияи ошӯб набояд танҳо бо барканорӣ хотима ёбад" ВИДЕО


Мансурҷон Умаров ва Иззатулло Шарифзода

Мансурҷон Умаров сардори нави раёсати зиндонҳо ва ҳамзамон муовини вазири адлияи Тоҷикистон таъйин шуд. Вай то ин дам ба ҳайси ноиби аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият дошт. Дар ин бора рӯзи 23-юми ноябр қарори ҳукумати Тоҷикистон содир шуд.

Масъалаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд набояд бо барканориҳо анҷом ёбад. Таҳқиқи ҳодиса бояд то охир расонда шавад

Бар асоси ин қарор, ​Иззатулло Шарифзода, муовини вазири адлия ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, “ба далели бознишаста шудан” аз мақомаш озод гардидааст. Шарифзода аз соли 2006 дар ин мақом кор мекард.

Иззатулло Шарифзода соли 1954 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара зода шуда, соҳиби як духтар ва ду писар аст. Ҳамаи онҳо дар сохторҳои интизомӣ кор мекунанд.

Баъди беш аз ду ҳафтаи ошӯб

Тағйироти кадрӣ дар раёсати зиндонҳои Тоҷикистон баъди беш аз ду ҳафтаи ошӯб дар маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Дар ин ошӯб, ба қавли мақомот, 21 маҳбус ва 2 зиндонбон кушта шуда, панҷ маъмури зиндон шадидан захмӣ гардидаанд.

Яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон
Яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон

Дар бораи теъдоди захмиҳо дар миёни маҳбусон иттилоъ дода нашудааст. Қаблан манобеи ғайрирасмӣ теъдоди кушташудаҳоро дар ошӯби зиндони Хуҷанд то панҷоҳ нафар ҳисоб карда буданд.

Ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз пурсарусадотарин ҳодисаи чанд моҳи охир дар Тоҷикистон аст. Масъулияти ташкили ин ошӯбро гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" бар уҳда гирифт.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки аксари ошӯбгарон бо ҷурми узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷундуллоҳ” ва Ҷунбиши исломии Узбекистон маҳкум шуда буданд.

Барканории сардори сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00

"Ҳукумат мехоҳад, вазъро тағйир диҳад"

Барканории Иззатулло Шарифзода, ки солҳост зимоми зиндонҳоро дар ихтиёр дошт, дар доираҳои коршиносӣ ба вокунишҳои гуногун рӯбарӯ шуд. Бархе таҳлилгарон онро як навъ “норозигии ҳукумат аз вазъи феълии зиндонҳо” дониста ва гуфтанд, “мақомот бо овардани роҳбари нав мехоҳанд вазъро дигар кунанд”.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Ба назари таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров, ошӯб дар зиндони Хуҷанд намунаи воқеии вазъи нигоҳдории зиндониён буд ва ҳукумат мехоҳад аз сар задани чунин ошӯб дар маҳбасҳои дигар пешгирӣ кунад. Ҳадаф аз овардани Мансурҷон Умаров ба ҳайси роҳбари зиндонҳо, ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, тағйир додани вазъи зиндонҳо аст.

"Чун Мансурҷон Умаровро мардум ба ҳайси як нафари зиёӣ ва соҳибмаърифат мешиносанд. Шояд аз ин нуқтаи назар ҳукумат бо ин роҳ мехоҳад вазъро иваз кунад ва воқеан ҳам бояд вазъ иваз шавад", - афзуд ӯ.

Аммо Қодиров мегӯяд масъалаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд набояд бо барканорӣ анҷом ёбад. Баръакс, ба гуфтаи ӯ, таҳқиқи ҳодиса бояд то охир расонда шавад.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, роҳбари нави умури зиндонҳо бояд бо барномаҳои мушаххас корро шуруъ кунад. Ба назари Зоиров, низоми маҳбасҳо нозукиҳои худро дорад ва ба ин хотир, на ҳар кас метавонад онро ба хубӣ идора намояд.

“Зиндонҳо ба макони тарбия табдил шаванд, на ҷазодиҳӣ”

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, ки борҳо аз зиндонҳо дидан кардааст, гуфт, дар маҳбасҳои кишвар бояд як ислоҳоти куллӣ гузаронда шавад. Ба қавли Бобоназарова, пеш аз ҳама бояд масъалаи кадр дида шуда, онҳое дар маҳбасҳо сари кор оянд, ки тарбияро донанд. "Одамоне барои кор ҷалб шаванд, ки бошанд меъёрҳои умумибашарӣ барои онҳо бисёр муҳим бошад. Дар давлатҳои пешрафта онҳо ҳам педагог ва ҳам психолог ҳастанд, ки маҳбусонро тарбия мекунанд. Дар акси ҳол ислоҳ шудани маҳбус мумкин нест. Мутаассифона, зиндонҳои мо ҷойи тарбия нест, фақат ҷойи ҷазодиҳӣ аст", - гуфт Бобоназарова.

Ин фаъоли ҳуқуқи башар мегӯяд, ҷой доштани фасод аз мушкилиҳои дигаре дар умури зиндонҳои кишвар мебошад. Ойниҳол Бобоназарова пешниҳод дорад, ки роҳбари нави зиндонҳо ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият диҳад, то шаффофият дар ин замина бештар шавад.

Барканорӣ ва боздошти 7 корманди зиндони Хуҷанд

Зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд
Зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд

Иззатулло Шарифзода танҳо мақоми идораи зиндонҳо нест, ки дар пайи ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз курсии худ маҳрум шуд. Пеш аз ин, рӯзи 15-уми ноябр Файзулло Сафарзода, раиси зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ бо шаш зердасташ дастгир ва дастикам барои ду моҳ ба ҳабс гирфита шуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 22-юми ноябр дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Брюссел гуфт, як гуруҳи вижа аз Додситонии кул қазияро таҳқиқ доранд.

Шарҳҳоро бинед (27)

Ин баҳс баста шудааст.

Вобаста

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG