Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар номае ба Қирғизистон ошӯб дар зиндони Хуҷандро тасдиқ кардааст. САДО


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон дар як нома ба ҳамтоёни қирғизи худ ошӯб дар зиндони низомаш сангини шаҳри Хуҷандро тасдиқ кардаанд. Ҳарчанд онҳо се рӯз боз ба матбуот дар бораи ин ошӯб, сабабҳо ва теъдоди захмиҳову кушташудаҳо чизе намегӯянд. Ва ин хомӯшии онҳо боис ба сарусадои зиёд ва тахмину ҳисобҳои мухталиф шуд.

Гулмира Борубоева, сухангӯи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, иттилоияе, ки 8-уми ноябр аз тарафи Тоҷикистон дастрас шуд, “мухтасар буд ва ҷузъиёт надошт”.

Ӯ афзуд, “ин як ҷараёни маъмулии табодули иттилоъ аст. Ҳамкорон аз Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки дар Хуҷанд дар як зиндони низомаш сангин ошӯб шуд ва онҳо тадбир андешиданд. Ин хабар аллакай ба матбуот роҳ ёфта буд. Мо инро шунидем ва аз онҳо пурсидем, ки чӣ гузашт. Онҳо моро хабардор карданд.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00
Линки мустақим

Борубоева мегӯяд, ҷараёни табодули иттилоъ миёни ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон як чизи маъмулист, бахусус дар робита бо ҳодисаҳое, ки метавонад ба амнияти марзӣ дахл дошта бошад.

“Дар навбати худ ҷониби Қирғизистон назорати марзро дар тамоми хатти сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ва посгоҳҳо тақвият дод”, - афзуд сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Гулмира Борубова гуфт, ҷониби Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли фирори маҳбусон аз зиндони Хуҷанд ҳеч чиз нагуфтаанд.

Бо гузашти се рӯз аз ошӯби хунин дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд, ки масъулияташро гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” бар уҳда гирифт, ягон ниҳоди давлатӣ ҳодисаро ба матбуот шарҳ надодааст. Иззатулло Шарифзода, сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, рӯзи 9-уми ноябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ бо баҳонаи онки дар Душанбе ҳасту аз чизе хабар надорад, аз шарҳи ҳодиса худдорӣ кард.

Сукути мақомоти Тоҷикистон боис ба нашру пахши хабарҳои зиддунақиз шудааст. Хабаргузориҳо ҳамчунин чанд фарзияи сар задани ошӯбро пешниҳод мекунанд.

Бино ба маълумоти манобеи мо, дар ҳодисаи шаби 7-уми ноябр дастикам 24 нафар, аз ҷумла ду зиндонбон кушта шудаанд. Яке аз зиндонбонҳоро бо номи Эҳсон Ёқубов рӯзи 8-уми ноябр дар зодгоҳаш – ноҳияи Мастчоҳ – дафн карданд. Манобеъ мегӯянд, шаш нозири дигари маҳбас бо захмҳои шадид ва махсусан дар сару рӯй дар бемористони вилоятии Хуҷанд бистарӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабарҳои дарёфтӣ, мақомот хонаводи зиндониёнеро, ки дар ошӯби шаби 7-ум кушта шудаанд, аз ҳодиса хабардор карда ва аз онҳо хостаанд, ҷасади наздикони худро бигиранд.

Маҳбаси низомаш сангини рақами 3, ки ошӯб дар онҷо сар зад, дар байни маҳаллаҳои тозабунёди 14 ва 15-уми шаҳри Хуҷанд воқеъ аст. Як масъули идораи зиндонҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин маҳбас барои 750 нафар пешбинӣ шуда, феълан дар он 800 нафар нигаҳдорӣ мешавад.

Дар гузашта баъзе аз маҳбусон талош карда буданд, ки аз ин зиндон фирор кунанд. Танҳо дар соли 2016 ду мавриди фирори маҳбусон аз зиндони рақами сеи Хуҷанд сабт шуда буд. Баъзе аз ин маҳбусон ҳангоми фирор кушта шуда, бархеи дигар пас аз муддатҳо боздошту дубора зиндонӣ гардиданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG