Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафирони ғарбӣ: ошӯб дар зиндон аз рӯи қонун баррасӣ шавад


Акс аз саҳифаи фейсбукии Кевин Коверт гирифта шудааст

Рӯзи 19 ноябр дар Душанбе сафирони ИМА ва кишварҳои аврупоӣ бо аъзои Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ошӯби зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷандро баррасӣ карданд.

Сардори маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд Файзулло Сафарзод рӯзи 15 ноябр аз мақомаш барканор ва бар асоси моддаҳои "сӯистифода аз мақом" ва "хунукназарӣ" боздошт шуд

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ин мулоқот шоми рӯзи душанбе дар сафоратхонаи Бритониё баргузор шуд. Кевин Коверт, иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Душанбе дар як мукотиба бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мулоқот бо фаъолони ҳуқуқ бо ҳадафи ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳодисаи шаби 7 ба 8 ноябр баргузор шуд. Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ошӯби зиндон даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд, вале мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ намедиҳанд.

Кевин Коверт ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст рӯзи 20 ноябр ҳайати дипломатҳои хориҷӣ бо мақомоти вазорати хориҷӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон мулоқот карда аз онҳо охирин таҳаввулоти баъди пахши ошӯби зиндониҳоро суол кунанд ва “пойфирошӣ кунанд, ки дар нисбати омилони ин ҳодиса қонун риоя шавад ва масъулоне, ки даст ба нақзи ҳуқуқи инсон задаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”.

Дар аксе, ки чанд сафири ғарбӣ дар саҳифаи фейсбукии худ нашр карданд, дида мешавад, ки дар ин нишаст сафири Бритониё Ҳю Филпотт, раҳбари дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе Мерилин Йосефсон, иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Душанбе Кевин Коверт ва ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон иштирок карданд.

Тафсилоти бештари ин мулоқот нашр намешавад.

"Ҷомеа бояд донад"

Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти назари фаъолони ҳуқуқи ширкатдори ин нишаст бенатиҷа буд. Вале дар як сӯҳбаташ дар ин мавзӯъ рӯзи 15 ноябр Наргис Зокирова, сарвари Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бехабарӣ аз сарнавишти маҳбусон ва ташвиши волидони онҳо баъди ошуб, боиси нигаронии ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳам шудааст.

Наргис Зокирова дар ин сӯҳбаташ, ки як ҳафта баъди ошӯб дар зиндон ҷараён гирифт, гуфт, бар асоси меъёрҳои байнумилалӣ бояд пайвандони маҳбусон ва ҳамин тавр тамоми ҷомеа дар чунин ҳолатҳо бояд аз сарнавишти зиндониён огаҳ карда шаванд. Ӯ гуфт:

“Дар сурате, ки волидони маҳбусон бо онҳо тамос надоранд ва аз масъулони маҳбас маълумоте гирифта наметавонанд, метавонанд бо аризаи хаттӣ мустақиман ба Вазорати адлия, чун як ниҳоди масъул, Додситонии кулл ва ҳамчунин ба созмонҳои ҳуқуқи инсон муроҷиат кунанд. Шояд мақомот, баъд анҷоми таҳқиқи ҳодиса маълумотро дар ин бора нашр ё барои хабарнигорон нишасти хабарӣ баргузор мекунанд”.

Парванда барои "куштори одамон"

Ба асоси иттилои додситонии вилояти Суғд, дар робита ба ҳодисаи ошӯби маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд аз рӯи банди "куштори одамон" парванда боз гардидааст. Мақомот гуфтанд, ки гурӯҳи тафтишотӣ иборат аз кормандони Додситонии кулл таҳқиқи парвандаро пеш мебарад.

Сардори маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд рӯзи 15 ноябр аз мақомаш барканор ва муваққатан боздошт шуд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Файзулло Сафарзод бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "сӯистифода аз мақом" ва "хунукназарӣ" боздошт шуд.

Яке аз ин манобеъ дар шарҳи сабаби барканории Файзулло Сафарзод гуфт, ӯ дар оғози ҳодисаи ошӯби зиндониён ба хотири ҳифзи эътибори худ кӯшиш кард, ки исёнро ором кунад ва сари вақт масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияро дар бораи ҳодиса огоҳ накард. Вале баъд аз кушта шудани ду зиндонбон, бо дастури ӯ ночор бонги изтироб зада шуд.

Модари зиндонии кушташуда: "Намонданд, писарамро бубинам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

Ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд чӣ гуна сар зад?

Як манбаъ дар Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси тафтишоте, ки дар нисбати ҳодисаи шаби 7-уми ноябр идома дорад, маълум шудааст, ки саркардаҳои асосии ошӯб ду маҳбуси ин зиндон бо номҳои Субҳиддинхӯҷа Хӯҷаев ва Умар Ризоев мебошанд.

Манбаъ мегӯяд, бо даъвати ин ду, зиндониҳои дигар ба по хеста, ба зиндонбонҳо дарафтодаанд, ки дар натиҷа ба куштори зиндонбонҳо анҷомид. Ба гуфтаи вай, барои фурӯ нишондани ин ошӯб, аз силоҳи оташфишон истифода шудаст.

Шаби 7 ба 8 ноябр дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд ошӯбе бархост, ки дар натиҷаи он даҳҳо зиндонӣ ва ҳадди аққал ду зиндонбон кушта шуд. Бо гузашти даҳ рӯз аз ҳодиса мақомоти тоҷик аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ мекунанд.

Дар пайи ин ҳодиса, дасти кам шаш корманди зиндон, ки дар ошӯб маҷрӯҳ шуданд, ба бемористони вилоятии Суғд барои муолиҷа интиқол ёфтанд. Иттилоъ дар бораи маҷрӯҳон дар миёни зиндониҳо дар даст нест. То ҳол мақомоти расмӣ ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ошуби зиндони рақами 3 дар Хуҷанд пурқурбонитарин дар таърихи зиндонҳои Тоҷикистон номбар мешавад. Дар ҳоле, ки манбаъҳои мухталиф фишори нозирони зиндон ба маҳбусонро аз сабабҳои аслии ошӯб номбар кардаанд, мақомот то ҳол ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG