Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кевин Коверт бо мақомоти тоҷик таҳқиқи ошӯб дар зиндонро баррасӣ кард


Кевин Коверт
Кевин Коверт

Иҷрокунандаи вазифаи сафири Амрико дар Душанбе Кевин Коверт рӯзи 20-уми ноябр бо мақомоти аршади Додситонии кулл ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мавзӯи ошӯб дар зиндони Хуҷандро баррасӣ кард.

Мо ҳукуматро ба таҳқиқи мӯшикофона ба хотири мушаххас кардани ҷузъиёти ошӯб дар зиндони Хуҷанд даъват мекунем

Дар ин бора мақомоти сафорати ИМА дар Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Дар изҳороти мухтасар гуфта мешавад, ки ин мулоқот бо ҳадафи “ошноӣ бо иқдомҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар амри таҳқиқи қонуншиканиҳои эҳтимолӣ анҷом додааст ва ҳам пойфишорӣ ба татбиқ шудани қонун” баргузор шуд. Дар изҳорот омадааст, ки ҳукумати ИМА аз ҳукумати Тоҷикистон сипосгузор аст, ки имкони барпо кардани чунин як муколамаро фароҳам овард.

"Сафорат талошҳояшро ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон идома медиҳад", - гуфта мешавад дар ин изҳорот. Ҷузъиёти гуфтугӯҳо нашр намешавад.

Шоми рӯзи душанбе дар сафорати Бритониё мулоқоти сафирони Амрико ва кишварҳои аврупоии мустақар дар Душанбе баргузор шуд.

Кевин Коверт, иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Душанбе дар як мукотиба бо Радиои Озодӣ рӯзи 19 ноябр гуфт, ки мулоқот бо фаъолони ҳуқуқ бо ҳадафи ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳодисаи шаби 7 ба 8 ноябр баргузор шуд. Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ошӯби зиндон даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд, вале мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ намедиҳанд.

Кевин Коверт ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мулоқот бо мақомоти тоҷик мехоҳад охирин таҳаввулоти баъди пахши ошӯби зиндониҳоро суол ва “пойфирошӣ кунанд, ки дар нисбати омилони ин ҳодиса қонун риоя шавад ва масъулоне, ки даст ба нақзи ҳуқуқи инсон задаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”.

Мақомоти тоҷик ин хабарҳоро шарҳ намедиҳанд.

Сафири ИА: Ошӯб дар зиндон мӯшикофона таҳқиқ шавад

Мерилин Йосефсон, раҳбари дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо ва як ширкатдори дигари нишаст бо Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, ӯ ва дипломатҳои дигар аз кишварҳои Аврупову ИМА аз ҳукумати Тоҷикистон таҳқиқи мӯшикофонаи ҳодисаҳои шаби 7 ба 8-уми ноябр дар зиндонии рақами сеи шаҳри Хуҷандро тақозо мекунанд.

​Дар як посухи катбиаш ба Радиои Озодӣ шоми 19-уми ноябр дипломати аршади аврупоӣ гуфт, ин нукта рӯзи душанбе дар мулоқоти сафирони Аврупову ИМА ва аъзои Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон таъкид шуд.

Мерилин Йосефсон ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи хулосаҳои ин нишаст гуфт, иштирокдорон аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳанд, дар амри хатми ҳама намудҳои шиканҷа ва муносибати бад талош ба харҷ дода, иҷрои қонун ва риояи ҳуқуқи инсон нисбат ба қурбониёни шиканҷаву наздикони онҳоро таъмин кунанд.

“Мо ҳукуматро ба таҳқиқи мӯшикофона ба хотири мушаххас кардани ҷузъиёти ошӯб дар зиндони Хуҷанд даъват мекунем. Ҳама гуна талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои кӯмак дар мушаххас кардани ҷузъиёти ин ҳодисаҳо бояд мавриди истиқбол бошад”, - мегӯяд Йосефсон.

Ӯ гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо бо Эътилофи зидди шиканҷа ҳамкории дарозмуддат барпо кардааст.

​Дар аксе, ки чанд сафири ғарбӣ дар саҳифаи фейсбукии худ нашр карданд, дида мешавад, ки дар ин нишаст сафири Бритониё Ҳю Филпотт, раҳбари дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе Мерилин Йосефсон, иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Душанбе Кевин Коверт ва ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон иштирок карданд.

"Ҷомеа бояд донад"

Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти назари фаъолони ҳуқуқи ширкатдори ин нишаст бенатиҷа буд. Вале дар як сӯҳбаташ дар ин мавзӯъ рӯзи 15 ноябр Наргис Зокирова, сарвари Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бехабарӣ аз сарнавишти маҳбусон ва ташвиши волидони онҳо баъди ошуб, боиси нигаронии ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳам шудааст.

Наргис Зокирова дар ин сӯҳбаташ, ки як ҳафта баъди ошӯб дар зиндон ҷараён гирифт, гуфт, бар асоси меъёрҳои байнумилалӣ бояд пайвандони маҳбусон ва ҳамин тавр тамоми ҷомеа дар чунин ҳолатҳо бояд аз сарнавишти зиндониён огаҳ карда шаванд. Ӯ гуфт:

“Дар сурате, ки волидони маҳбусон бо онҳо тамос надоранд ва аз масъулони маҳбас маълумоте гирифта наметавонанд, метавонанд бо аризаи хаттӣ мустақиман ба Вазорати адлия, чун як ниҳоди масъул, Додситонии кулл ва ҳамчунин ба созмонҳои ҳуқуқи инсон муроҷиат кунанд. Шояд мақомот, баъд анҷоми таҳқиқи ҳодиса маълумотро дар ин бора нашр ё барои хабарнигорон нишасти хабарӣ баргузор мекунанд”.

Парванда барои "куштори одамон"

Ба асоси иттилои додситонии вилояти Суғд, дар робита ба ҳодисаи ошӯби маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд аз рӯи банди "куштори одамон" парванда боз гардидааст. Мақомот гуфтанд, ки гурӯҳи тафтишотӣ иборат аз кормандони Додситонии кулл таҳқиқи парвандаро пеш мебарад.

Сардори маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд рӯзи 15 ноябр аз мақомаш барканор ва ба мӯҳлати ду морҳ ба ҳабс гирифта шуд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Файзулло Сафарзод ҳадди аққал бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "сӯистифода аз мақом" ва "хунукназарӣ" боздошт шуд.

Яке аз ин манобеъ дар шарҳи сабаби барканории Файзулло Сафарзод гуфт, ӯ дар оғози ҳодисаи ошӯби зиндониён ба хотири ҳифзи эътибори худ кӯшиш кард, ки исёнро ором кунад ва сари вақт масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияро дар бораи ҳодиса огоҳ накард. Вале баъд аз кушта шудани ду зиндонбон, бо дастури ӯ ночор бонги изтироб зада шуд.

Модари зиндонии кушташуда: "Намонданд, писарамро бубинам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

Ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд чӣ гуна сар зад?

Як манбаъ дар Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси тафтишоте, ки дар нисбати ҳодисаи шаби 7-уми ноябр идома дорад, маълум шудааст, ки саркардаҳои асосии ошӯб ду маҳбуси ин зиндон бо номҳои Субҳиддинхӯҷа Хӯҷаев ва Умар Ризоев мебошанд.

Манбаъ мегӯяд, бо даъвати ин ду, зиндониҳои дигар ба по хеста, ба зиндонбонҳо дарафтодаанд, ки дар натиҷа ба куштори зиндонбонҳо анҷомид. Ба гуфтаи вай, барои фурӯ нишондани ин ошӯб, аз силоҳи оташфишон истифода шудаст.

Шаби 7 ба 8 ноябр дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд ошӯбе бархост, ки дар натиҷаи он даҳҳо зиндонӣ ва ҳадди аққал ду зиндонбон кушта шуд. Бо гузашти даҳ рӯз аз ҳодиса мақомоти тоҷик аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ мекунанд.

Дар пайи ин ҳодиса, дасти кам шаш корманди зиндон, ки дар ошӯб маҷрӯҳ шуданд, ба бемористони вилоятии Суғд барои муолиҷа интиқол ёфтанд. Иттилоъ дар бораи маҷрӯҳон дар миёни зиндониҳо дар даст нест. То ҳол мақомоти расмӣ ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ошуби зиндони рақами 3 дар Хуҷанд пурқурбонитарин дар таърихи зиндонҳои Тоҷикистон номбар мешавад. Дар ҳоле, ки манбаъҳои мухталиф фишори нозирони зиндон ба маҳбусонро аз сабабҳои аслии ошӯб номбар кардаанд, мақомот то ҳол ҳодисаро шарҳ надодаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG