Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари маҳбаси Хуҷанд пас аз исёни зиндониён боздошт шуд


Сардори маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд аз мақомаш барканор ва муваққатан боздошт шудааст. Дар пайи саркӯби ошӯби зиндони рақами 3-и Хуҷанд, ки шаби 7 ба 8-уми ноябр рух дод, даҳҳо нафар ҷон дод. Теъдоди захмиҳо ҳанӯз дақиқ нест.​

Дар пайи ин ҳодиса, дасти кам шаш корманди зиндон, ки дар ошӯб маҷрӯҳ шуданд, ба бемористони вилоятии Суғд барои муолиҷа интиқол ёфтанд.

Ҳадди ақал се манбаъ ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки Файзулло Сафарзод рӯзи панҷшанбеи 15-уми ноябр бо боз шудани ду парванда дар робита ба қазияи ошӯби зиндониён, аз вазифа барканор ва билофосила дастгир шуд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, Файзулло Сафарзод ба "сӯистифода аз мақом" ва "хунукназарӣ" муттаҳам дониста мешавад ва то анҷоми тафтишот дар боздошт хоҳад буд.

Яке аз ин манобеъ дар шарҳи сабаби барканории Файзулло Сафарзод гуфт, ӯ дар оғози ҳодисаи ошӯби зиндониён ба хотири ҳифзи эътибори худ кӯшиш кард, ки исёнро ором кунад ва сари вақт масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияро дар бораи ҳодиса огоҳ накард. Вале баъд аз кушта шудани ду зиндонбон, бо дастури ӯ ночор бонги изтироб зада шуд.

Парванда барои "куштори одамон"

Дар ҳамин ҳол, аз додситонии вилояти Суғд рӯзи 16-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар робита ба ҳодисаи ошӯби маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд аз рӯи банди "куштори одамон" парванда боз гардидааст.

Дар шӯъбаи парвандаҳои махсусан муҳими додситонии Суғд рӯзи 16-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар бораи нисбат ба кӣ ё киҳо боз шудани парванда ва ҷузъиёти он хабар надоранд, чун онро гурӯҳи тафтишотӣ аз Додситонии кулл пеш мебарад.

Инчунин, дар мавриди боз шудани парванда алайҳи сардори маҳбаси рақами 3 Файзулло Сафарзод низ айни ҳамин гапро гуфтанд. "Гурӯҳи тафтишотӣ аз Прокуратураи генералӣ сардор дорад ва ба мо ҷузъиёти парвандаҳоро намегӯянд", - афзуд корманди ин шӯъба.

Ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд чӣ гуна сар зад?

Як манбаъ дар Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси тафтишоте, ки дар нисбати ҳодисаи шаби 7-уми ноябр идома дорад, маълум шудааст, ки саркардаҳои асосии ошӯб ду маҳбуси ин зиндон бо номҳои Субҳиддинхӯҷа Хӯҷаев ва Умар Ризоев мебошанд.

Манбаъ мегӯяд, бо даъвати ин ду, зиндониҳои дигар ба по хеста, ба зиндонбонҳо дарафтодаанд, ки дар натиҷа ба куштори зиндонбонҳо анҷомид. Ба гуфтаи вай, барои фурӯ нишондани ин ошӯб, аз силоҳи оташфишон истифода шудаст.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар зиндонҳо

Пас аз ҳодисаи ошуби Хуҷанд мақомоти Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия дар маҳбасҳои дигар корҳои фаҳмондадиҳиро шуруъ кардаанд. Як манбаъ гуфт, аз рӯзи 12-уми ноябр ба ин тараф мақомоти Раёсати маҳбасҳо дар шуморе аз зиндонҳои кишвар бо зиндониён мулоқотҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.

Баҳодур Исмоилов, раиси маҳбаси ноҳияи Ваҳдат (маъруф ба "Кирпичний"), дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар маҳбаси мо оромию тинҷӣ аст ва сарфи назар аз ҳодисаи зиндони Хуҷанд, ҳар моҳ ду маротиба бо ҳузури муовини Вазири адлия бо маҳбусон муулоқот сурат мегирад".

Ошӯби пурқурбонӣ дар зиндони Хуҷанд

Шаби 7 ба 8 ноябр дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд ошӯбе бархост, ки дар натиҷаи он даҳҳо зиндонӣ ва ҳадди аққал ду зиндонбон кушта шуд. Бо гузашти даҳ рӯз аз ҳодиса мақомоти тоҷик аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ мекунанд.

Дар пайи ин ҳодиса, дасти кам шаш корманди зиндон, ки дар ошӯб маҷрӯҳ шуданд, ба бемористони вилоятии Суғд барои муолиҷа интиқол ёфтанд. Иттилоъ дар бораи маҷрӯҳон дар миёни зиндониҳо дар даст нест. То ҳол мақомоти расмӣ ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ошуби зиндони рақами 3 дар Хуҷанд пурқурбонитарин дар таърихи зиндонҳои Тоҷикистон номбар мешавад. Дар ҳоле, ки манбаъҳои мухталиф фишори нозирони зиндон ба маҳбусонро аз сабабҳои аслии ошӯб номбар кардаанд, мақомот то ҳол ҳодисаро шарҳ надодаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG