Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархаи дувуми Роғун фаъол шуд

Чархаи дувуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун имрӯз 9-уми сентябр фаъол шуд. Чархаи аввали он моҳи ноябри соли гузашта ба истифода дода шуд ва интизор мерафт, ки чархаи дувум моҳи апрели соли равон фаъол шавад. Аммо бо далели пеш омадани ба гуфтаи мақомот мушкили техникӣ ин кор то 9-уми сентябри соли равон ба таъхир афтод. Дар ин рӯз дар Тоҷикистон ҷашни Истиқлолият таҷлил мешавад.

Чархаи аввали неругоҳи Роғун субҳи 9-уми сентябр фаъол гардид. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тугмаи ба кор даромадани чархаи дувуми неругоҳро пахш кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, сохтмони нерӯгоҳи Роғун “ба марҳалаи бисёр масъулиятнок ворид гардида,” кишвар ба маблағгузории он эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Дар ифтитоҳи чархаи дувуми нерӯгоҳи Роғун мақомоти баландпояи кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва рӯзноманигорон иштирок доранд. Чархаи дуюми нерӯгоҳи Роғун аз аввали моҳи июни соли ҷорӣ ба таври санҷишӣ кор мекард.


XS
SM
MD
LG