Намоишгоҳи меваи Тоҷикистон барои Ҷинпин ва аксҳои дигари ҳафта

1
Дар маросиме бо номи "Шоми дӯстӣ" рӯзи 5-уми июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Чин Си Ҷинпин, ки бо сафари давлатӣ дар Душанбе қарор дошт, дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумат зиёфате орост ва намоиши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро баргузор кард. Чунин намоишгоҳҳо, ки барои меҳмонҳои баландпояи президент Раҳмон барпо мешаванд, дар гузашта аз назари сарфу харҷи зиёдаш интиқод шудааст

2
Барои ташкили чунин намоишгоҳ садҳо килограмм меваи хушку тари навъи олӣ сарф мешавад.

3
Рӯзи 6 июл сафари давлатии раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин ба Тоҷикистон ба анҷом расид. Президент Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаҷми сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2007-2023 ба андозаи 4 миллиард доллар ситоиш кард ва Пекинро шарики муҳими тиҷоратию стратегии Душанбе номид. Мунаққидон вобастагии бештари сиёсию иқтисодии Тоҷикистон аз Чинро як мояи ҷиддии нигаронӣ ва таҳдид ба истиқлолияти кишвар меноманд

4
Зане дар миёни собиқадорони ҷанги Афғонистон, ки аз Қирғизистон мебошанд, аксгирӣ мекунад. Маросими ёдбуди сарбозони шӯравии дар ҷанги солҳои 1979-1989 кушташуда 3 июл дар шаҳри Маскав баргузор шуд