Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Билайн "NGN"-ро дубора фаъол кард


Ширкати мобилии “Билайн” аз барқарор кардани хадамоти гуфтугӯи NGN-и худ бо номи «Салом» хабар додааст.

Рустем Тахиров, сухангӯи ширкати "Билайн" рӯзи 8-уми январ бо нашри як изҳорот гуфт, хизматрасонии "Салом" дубора фаъол карда шуд ва муштариён метавонанд аз он истифода кунанд. Ҳамаи шартҳои хизматрасонӣ тибқи алоқаи NGN-и "Салом" мисли пешин боқӣ мондаанд.

Маҳдуд кардани системаи мухобиротии NGN, ки охири соли гузашта аз ҷониби Хадамоти алоқа сурат гирифт, ба вокунишҳои тунд дар дохилу хориҷ рубарӯ шуд.

Дар идома ширкат аз муштариён барои сабру шикебоӣ изҳори сипос карда, гуфтааст, "барои фаҳмидани вазъияти ба мо вобаста набуда, аз Шумо миннатдорем". Зимнан ширкат, мегӯяд, хизматрасонии "Салом" танҳо барои муштариёне дастрас хоҳад буд, ки расмиёти азнавбақайдгириии шумораҳоро гузаштаанд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар соли 2017 аз ҳамаи ширкатҳои мобилӣ хост муштариёнашонро аз нав ба қайд бигиранд ва хилофкориҳоро дар сабти номи якчанд сим-корта ба номи як нафар аз байн барад. Ин хадамот рӯзи 18-уми декабри соли гузашта бо судури як қарор, муҷаввизи ширкатҳоро барои хизматрасонии алоқаи NGN бозхонд кард.

Аммо нахуст NGN-и ширкати "Тсел" ва ҳоло "Билайн" барои муштариён дубора фаъол шуд. Дар ин миён ширкати "Вавилон" ҳам эълон намуд, ки нармафзори худ барои гуфтугӯҳои NGN-и худро бо номи "Mobi гап", фаъол кард.

NGN ва паёмрасонҳо, ба мисли Viber, WhatsApp ва IMO, ки бо ёрии интернет кор мекунанд, ягона роҳи тамоси муҳоҷирони тоҷик бо пайвандонашон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Рӯзи 18-уми декабр расман NGN баста шуд ва Хадамоти алоқат гуфт, ки паёмрасонҳои дигар низ дар фурсати наздик баста хоҳанд шуд. Ин тасмим аз ҳама беш муҳоҷирони тоҷик дар Русияро нигарон кард, ки шумораашон аз 600 ҳазор то 1 миллион нафар ҳисоб мешавад.

Дар пай, Додситониии кулл аз Хадамоти алоқа талаб кард, ки дар бораи бастани системаи мухобиротии NGN ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба унвони додситонӣ ироа кунад. Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, омодаанд, ки бо Додситонии кулл ҳамкорӣ карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳоди ин ниҳод кунад.

Ахиран як комиссиюни вижаи ҳукуматӣ ба кор шуруъ кард, ки бояд қонунмандии бастани системаи мухобиротии NGN-ро мавриди санҷиш қарор диҳад. Маҳдуд кардани системаи мухобиротии NGN, ки охири соли гузашта аз ҷониби Хадамоти алоқа сурат гирифт, ба вокунишҳои тунд дар дохилу хориҷ рубарӯ шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG