Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “А”, ки аз 14-ум то 22-юми сентябр дар Урдун баргузор шуд, дар ҳамаи чаҳор бозиаш ғолиб омад ва дар ин гурӯҳ бо 12 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб гашт.
Пешвози футболбозони навраси тоҷик баъди муваффақият дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё
Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон баъд аз муваффақият дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ба ватан баргаштанд. Футболбозони наврасро шаби 25-уми сентябр дар фурудгоҳи Душанбе даҳҳо нафар мухлисон пешвоз гирифтанд.

1

2

3

4