Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бодканди Қирғизистон: бархӯрди мардум бо полис

Рӯзи ҷумъа гурӯҳи иборат аз 100 то 150 шаҳрванди Қирғизистон ҳашт ронандаи мошинҳои боркашеро, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ доштанд, боздошт ва дар як гаражи бузург дар шаҳри Бодканд бандӣ карданд. Барои озодии онҳо ҳайати иборат аз кӯҳансолон, рӯҳониён, кормандони додситонии вилоят ва дигар мақомот сафарбар шуданд. Гуфтушунидҳо натиҷа надод ва гаравгонгирон таҳдид карданд, ки агар Икром Айтматов, ки дар маҳбаси Исфара нигаҳдорӣ мешавад, озод нагардад, гаравгонҳо ба қатл хоҳанд расид. Айтматов ва ду нафари дигар дар Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи симоб боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG