Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипоҳи Посдорон гуфт, тазоҳуроти Эрон шикаст хӯрд. CАДО


Iran - Tehran Council session.
Iran - Tehran Council session.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, тазоҳуроти зиддидавлатӣ, ки “хориҷиён барангехтанд”, шикаст дода шуд. Дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 7-уми январ омадааст, ки “Мардуми инқилобии Эрон ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор нерӯҳои Басиҷ, пулис, вазорати иттилоот, занҷираи нооромиҳоро, ки Амрикову Бритониё, Исроил, Арабистони Саудӣ, тундгароён ва ҳаводорони салтанат барангехтанд, шикаст доданд.”

Баёнияи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ баъди як ҷаласаи хоси порлумони Эрон нашр шуд, ки дар он вакилон тазоҳуроти якҳафтаинаи зиддиҳукуматиро баррасӣ карданд. Ҷаласа рӯзи 7-уми январ бо тақозои ҷиноҳи ислоталабон дар порлумони Эрон сурат гирифт ва дар он вакилон аз мақомоти амниятӣ сабабҳои тазоҳуротро пурсиданд.

Садҳо нафар дар тазоҳуротҳо ширкат мекарданд.
Садҳо нафар дар тазоҳуротҳо ширкат мекарданд.

Ҳукумати Эрон гуфтааст, ки тазоҳурот кори дасти хориҷиён буд. Ба ин ҷаласа, Абдулраҳмон Фазлӣ, вазири умури дохилӣ, Маҳмуд Алавӣ, вазири иттилоот ва Алӣ Шамхонӣ, дабири кулли амнияти миллии Эронро даъват кардаанд.

Дар байнияи расмии порлумон омадааст, ки вакилон аз маҳдуд кардани истифодаи паёмрасонҳои интернетӣ ба мисли Телеграмм, ки ҳангоми тазоҳурот баста шуд, изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти Эрон, ин паёмрасонҳо барои барангехтани ноамнӣ истифода мешуданд.

“Порлумон тарафдори филтр кардани Телеграм нест, вале айни замон бояд қавл бидиҳанд, ки ин абзор ба ҳайси абзоре аз тарафи душманони мардуми Эрон истифода намешавад”- гуфтааст, Беҳрӯз Неъматӣ, яке аз намояндагони порлумон.

Тақрибан сеяки аҳолии 80 миллионнафариии Эрон Телеграмро барои дарёфти ахбор истифода мебаранд, зеро ҳукумат тамоми расонаҳои дохилиро назорат мекунад.

Сипоҳи Посдорон гуфт, тазоҳуроти Эрон шикаст хӯрд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Линки мустақим

АМРИКОВУ ИСРОИЛ ГУФТАНД, НАҚШЕ ДАР ТАЗОҲУРОТ НАДОРАНД

Амрико ва Исроил аз тазоҳургарон дар Эрон ҳимоят кардаанд, вале гуфтаанд, ки дар барангехтани ин эътирозҳо нақше надоранд. Дар ҳамин ҳол телевизионҳои давлатии Эрон раҳпаймоии ташкилшуда аз тарафи мақомотро нишон доданд. Рӯзи панҷум аст, ки чунин раҳпамоӣ ба тарафдорӣ аз ҳукумат идома дорад. Матбуоти давлатии Эрон нашри гузоришҳо дар бораи тазоҳуроти зиддидавлатиро қатъ карданд.

Бо вуҷуди онки душманони кишвар мехоҳанд, аз ин ҳодисаҳо сӯистифода кунанд, мо медонем, ки ҳеҷ гуна дахолати хориҷӣ бе вуҷуди омилҳои дохилӣ муяссар намешавад.

Аммо Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ гузоришҳои мӯътамаде ба даст овард, ки тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар дасти кам 6 шаҳр аз ҷумла пойтахт шаҳри Теҳрон идома ёфтааст. Дар видеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки чӣ гуна мардуми зиёде бо вуҷуди ҳузури пулис гирдиҳамоӣ ташкил мекунанд.

Бино ба гузоришҳои дарёфтии Радиои Фардо аз манобеи мӯътамад, шаби гузашта тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар шаҳрҳои Токистон, Арок, Масҷиди Сулаймон, Машҳад, Қазвин, Рашту Лоҳиҷон ва Хумайн, зодгоҳи Оятулло Алии Хоманаӣ, бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шудаанд.

ГӮШМОЛИ САДҲО ҶАВОН ВА ДОНИШҶӮ

Дар ҷараёни тазоҳуроти 7-рӯза дар Эрон 22 нафар кушта шудаанд ва 1700 нафарро дастгир кардаанд. Мақомоти Эрон рӯзи 6-уми январ гуфтанд, ки садҳо нафар аз боздоштшудагон ва бахусус донишҷӯён ва ҷавононро раҳо кардаанд. Ин ҷавонон ба гуфтаи хабаргузории ИСНА баёноти расмии додаанд, ки дигар “қонуншиканӣ” намекунанд.

Гурӯҳи 16 нафарии чеҳраҳои шинохтаи ислоҳталаб дар Эрон бо нашри баёнияе, иддаои ҳукумат дар бораи даст доштани хориҷиён дар тазоҳуротро рад кардаанд. Онҳо дар як баёния дар рӯзи 6-уми январ гуфтанд, "бо вуҷуди онки душманони кишвар мехоҳанд, аз ин ҳодисаҳо сӯистифода кунанд, мо медонем, ки ҳеҷ гуна дахолати хориҷӣ бе вуҷуди омилҳои дохилӣ муяссар намешавад.”

Ба гуфтаи онҳо, иддаои ҳукумат як иҳонат ба эрониён аст ва боиси нодида гирифтани сабаҳои воқеии тазоҳурот мешавад. Дар ин нома ҳамчунин “дахолати Амрико” ва бахусус дахолати раиси ҷумҳур Доналд Трамп ба “умури дохилии Эрон” интиқод шудааст.” Аксари муаллифони баёния мақомот ва вакилони собиқи аҳди раиси ҷумҳури пешини Эрон Муҳаммади Хотамӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG