Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби оромтари Теҳрон. ИМА хостори баргузории нишасти фаврии Шӯрои Амният шуд


Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар СММ рӯзи сешанбеи 2-юми январ хостори баргузории нишасти изтирории Шӯрои Амният дар бораи таҳаввулоти Эрон шуд. Ба гузориши расонаҳо, вай бо қироати постҳои эрониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи мӯътаризон гуфт, иддаои Эрон дар бораи инки эътирозҳои ин кишвар аз сӯи қудратҳои хориҷӣ тарҳрезӣ шудааст, "хандаовар" мебошад.

Намояндаи Амрико дар СММ таъкид кардааст, ки ин эътирозҳо ногаҳонӣ оғоз шуд ва дар шаҳрҳои гуногуни Эрон идома кард. Хонум Ҳейли дар СММ бо ситоиш аз шуҷоати фавқулоддаи мардуми Эрон гуфт, ки "Амрико мехоҳад мардуми Эронро пуштибонӣ кунад".

Эътирозҳои кунунии Эрон рӯзи панҷшанбеи 28-уми декабр аз шаҳри Машҳад оғоз шуд ва ба шаҳрҳои дигари Эрон -- аз Кирмоншоҳ гирифта дар Ғарби Эрон то Исфаҳон, Ҳамадон, Язд, Теҳрон ва ҳатто шаҳрҳои хурд сироят кард.

Вай таъкид кард, "СММ давоми рӯзҳои оянда бояд вокуниш нишон диҳад, мо хостори баргузории як нишасти изтирорӣ ҳастем". Хонум Ҳейли гуфт, "ҷаҳон набояд хомӯш бошад ва дар ҳоле, ки мардуми Эрон фарёди озодӣ сар медиҳанд."

Дар ҳамин ҳол, вазорати хориҷии Амрико рӯзи сешанбе аз Ҷумҳурии исломии Эрон хост то "Инстаграм" ва дигар шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд накунад. Муовини вазири умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки кишвараш хоҳони боз шудани ин сайтҳо аст.

Мақомҳои Амрико тайи рӯзҳои ахир борҳо ба ҳимояти Вашингтон аз эътирозгарон таъкид карданд. Аз ҷумла муовини аввали раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки Вашингтон "иштибоҳи шармовар"-и гузашта дар баробари муътаризони эрониро такрор намекунад.

Дар шаби шашуми эътирозҳо, ба навиштаи хабаргузориҳои давлатии Эрон, вазъ дар шаҳри Теҳрон нисбатан ором буд ва тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуда буд. Аммо дар бархе аз шаҳрҳои дигари Эрон эътирозҳо идома кардааст.

Хабаргузории ИСНА аз қавли як фармондеҳи пулис гуфтааст, ки дар ҳеҷ яке аз нуқтаҳои Теҳрон, ки шабҳои гузашта шоҳиди нооромӣ буданд, шаби сешанбе ҳамоише сурат нагирифт ва шаҳр ором буд. Наворҳои телевизиони давлатии Эрон нишон медиҳад, ки нерӯҳои пулиси зидди шӯриш дар хиёбонҳои Теҳрон ҷобаҷо шудаанд.

Наворҳо аз эътирозҳои ахир дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00

Эътирозҳои кунунии Эрон рӯзи панҷшанбеи 28-уми декабр аз шаҳри Машҳад оғоз шуд ва ба шаҳрҳои дигари Эрон -- аз Кирмоншоҳ гирифта дар Ғарби Эрон то Исфаҳон, Ҳамадон, Язд, Теҳрон ва ҳатто шаҳрҳои хурд сироят кард.

Тибқи иттилои расмӣ, дар эътирозҳои рӯзҳои ахир дар Эрон беш аз 20 нафар кушта шуда ва даҳҳо тани дигар захм бардоштаанд. Мақомоти Эрон ҳамчунин аз боздошти беш аз 450 нафари дигар дар шаҳрҳои мухталифи Эрон хабар доданд.

Сокинони Теҳрон аз мушкилоти иқтисодӣ шикоят доранд:

Сокинони Теҳрон аз мушкилоти иқтисодӣ шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

XS
SM
MD
LG