Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳаввулот дар Эрон. Тоҷикон чӣ назар доранд? 4 ВИДЕО


Теҳрон, 30 декабри соли 2017
Теҳрон, 30 декабри соли 2017

Дар Тоҷикистон ҳам мисли дигар кишварҳои ҷаҳон таҳаввулоти ахири Эронро мушоҳида мекунанд. Дар ҳоле, ки бархе коршиносон ба “ногузир” будани эътирозҳои иҷтимоиву сиёсии мардум таъкид мекунанд, дигарҳо ба ҳалли мусолиматомези мушкилоти ин кишвар ва ҷилавгирӣ аз хушунату талафоти бештар умедворӣ баён мекунанд.

Бар асоси иттилои муқаддамотӣ, дар давоми панҷ рӯзи эътирозҳои мардумӣ шумори кушташудаҳо ҳадди аққал 22 нафарро ташкил додааст. Эътирозҳо дар Эрон аз норизоиятҳои иҷтимоӣ шурӯъ шуда, ҳоло ба талабҳои сиёсӣ гузаштанд.

"Вақте бардоштани таҳримҳо шароити мардумро беҳ накард"

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бо вазъи иқтисодие, ки Эрон дошт, таҳлилгарон интизори сар задани чунин воқеаҳо буданд ва танҳо вақташ дақиқ набуд, ки кай сар мезанад. Ҷаноби Ҳодизода тазоҳуротҳои ахирро “ҳадди максималии ҷавонии ҷавонони Эрон” унвон кард.

Фаридун Ҳодизода.
Фаридун Ҳодизода.

Ӯ гуфт, “масъала ин аст, ки бештари ҷавонони Эрон бекоранд ва баъди хатми донишгоҳ наметавонанд барои худ ҷойи кори мувофиқ пайдо бикунанд. Онҳо мехоҳанд, ки зиндагиашон беҳтар шавад. Сатҳи зиндагии мардум нисбат ба 10 соли пеш паст рафт. Баъди имзои созишномаи Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ мардуми ин кишвар интизороти зиёде доштанд, ки баъд аз ин шароити иқтисодӣ беҳтар мешавад. Аммо ин чиз нашуд ва косаи сабри мардум ҳам лабрез гардид.”

Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, нуқтаи ҷолиби масъала ин аст, ки эътирозҳо алайҳи ҳукумати Эрон дар минтақаҳои бисёр муҳофизакоре ба мисли Машҳаду Нишопур шурӯъ шуд, ки аксари мардумаш тарафдори низоми амалкунанда буданд. Ҳодизода мегӯяд, агар эътирозҳо дар Табрез ва ё Зоҳидон оғоз мешуд, қобили дарк буд, чун дар ин минтақаҳо қувваҳои мухолифин таъсири зиёдтар доранд. Бо такя ба ин, Фаридун Ҳодизода мегӯяд, нуфуз ва эътибори ҳукумати исломии Эрон ҳатто дар миёни тарафдоронаш коҳиш ёфтааст.

Сокинони Теҳрон аз мушкилоти иқтисодӣ шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

"Бояд талабҳои ҳарчӣ зудтар омӯхта ва амалӣ шаванд"

Эрон аз рӯзи панҷшанбеи гузашта ба ин тараф шоҳиди эътирозҳои густурдаи сартосарӣ шудааст ва мақомот шумораи боздоштшудагонро ҳудуди 400 нафар эълон карданд.

Ин тазоҳурот рӯзи 28-уми декабр дар пайи нигарониҳо аз гароншавии нархи маводи ғизоӣ, аз ҷумла то чиҳил дарсад афзудани нархи тухми мурғ дар шаҳри Машҳаду Нишопур шурӯъ шуда, рӯзи 29 ва 30-юми декабр дар Теҳрону Аҳвоз, Қуму Кирмоншоҳ ва шаҳрҳои дигар тавсеа ёфт. Дар ин эътирозҳо мардум алайҳи ҳукумати Эрон бо нидои “марг бар диктатур”, “миллат гадоӣ мекунад, охунд худоӣ мекунад” ва ё “Сурияро раҳо кун, фикре ба ҳоли мо кун” шиор доданд.

Олимҷон Салимзода.
Олимҷон Салимзода.

Дар ҳамин ҳол Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти парлумони Тоҷикистон таъкид мекунад, ки бояд талабҳои мардум ҳарчӣ зудтар омӯхта шаванд. Ҷаноби Салимзода рӯзи 2-юми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон аз таҳаввулоти ахири Эрон ва бахусус ҳалокати чанд нафар нигаронанд.

"Умедворем, ки ин ҳама дар Эрон ҳарчи зудтар хотима ёбад. Бовар дорем дар муносибати Эрон ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа тағйироти куллӣ рух нахоҳад дод. Мо бо ин кишвар муносибати хуб ва дӯстона доштем ва ҳамин тавр дӯст боқӣ мемонем ва кишварҳои минтақа низ хоҳони ҳамин чиз бояд бошанд. Мо умедвор ҳастем, ки ҳарчӣ зудтар он пешниҳод ва талабҳое, ки мардум барои беҳтар кардани зиндагӣ талаб доранд, амалӣ мешавад ва дар ин кишвар сулҳу рифоҳ чун пештара пойдор гардад",-таъкид кард Олимҷон Салимзода.

Дар Эрон эътирози зиддидавлатӣ вусъати бештаре касб кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

"Эътирозҳо натиҷаи норозигиҳои 40 соли ахир аст"

Тазоҳурот дар шаҳрҳои мухталифи Эрон бо сабаби гарон шудани нархи маводи ғизоӣ шуруъ шуд ва аммо баъдан масоилҳои гуногун низ вориди он гардид. Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷики муқими Лондон, ки таҳаввулотҳои ахири Эронро пайгирӣ мекунад ба ин назар аст, ки эътирозҳои ахир, натиҷаи норозигиҳоест, ки давоми қариб 40 соли охир, яъне баъди Инқилоби исломӣ ҷамъ шуд ва бо фарорасии фурсати муҳим буруз карданд.

Дориюш Раҷабиён.
Дориюш Раҷабиён.

Ба қавли ҷаноби Раҷабиён, ҳар низоми ақидавӣ ё идеологӣ мисли низоми Ҷумҳурии исломии Эрон ин гуна масоилро дар пай хоҳад дошт, ки худ ба худ масоил дар миёни ҷомеа ҷамъ мешавад ва имкони буруз надоранд. Маҳз ба ин хотир, ба қавли ин рӯзноманигори тоҷик, дар нахустин фурсате, ки ба мардум даст медиҳад, онҳо талош мекунанд тамоми масоили худро матраҳ кунанд.

"Дар тазоҳуроти ахир мебинем, ки тамоми анвои гила ва шикоятҳо шунида мешавад. Ин як фурсате буд барои онҳое, ки барои муддатҳои бисёр тӯлонӣ талош карданд чизҳоеро ислоҳ кунанд, аммо ба натиҷае нарасиданд ва фикр карданд, ки роҳаш ин аст, ки бо садои баланд фарёд бизананд."

Дориюш Раҷабиён мегӯяд, тазоҳуроти ахири Эрон метавонанд бар зиёни Ҷумҳурии исломӣ тамом шаванд ва дар ниҳоят ҳукумати ин кишвар водор шавад, ки равиши худро дигар кунад. "Дар ниҳоят Ҷумурии исломӣ ё бояд равиши худро иваз кунад ва барои мардум як имконеро бидиҳад, ки мардум тавонад хостаҳои худро бо садои баланд фарёд бизананд. Мардум то ҳадде озодиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта бошад, ки битавонад зиндагии роҳаттар дошта бошад. Агар ин ҷомеа баста бимонад, дар охир мунҷар ба шикаст хоҳад шуд",- гуфт Дориюши Раҷабиён.

Наворҳо аз эътирозҳои ахир дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00

Вокуниши ҷаҳон ба ҳодисаҳои Эрон

Рӯзи душанбе Доналд Трамп, президенти Амрико бори дигар ба ҳодисаҳои Эрон вокуниш нишон дод ва гуфт, ки "замони тағйир фаро расидааст". Аз сӯи дигар, муовини раиси ҷумҳурии Амрико гуфтааст, "Амрико иштибоҳи шармовар"-и гузашта дар қиболи эътирозгарони эрониро такрор намекунад."

Рӯзи душанбе Русия эълон кард, ки эътирозҳо дар Эрон ин масъалаи дохилии ин кишвар аст ва дахолати хориҷӣ ғайри қобили қабул аст. Ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хонум Федерика Магеринӣ дар Twitter-и худ навишт: "Иттиҳодияи Аврупо тазоҳуроти эътирозӣ дар Эронро зери назар дорад. Мо бо мақомҳои Эрон дар тамос ҳастем". Вай дар идома навиштааст, "дар пайи изҳороти Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, интизор дорем, ки ҳаққи тазоҳургарон ва озодии баён риоят шавад."

Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё дар Twitter-и худ навишт: "Мо аз талафоти ҷонӣдар ҷараёни эътирозҳои Эрон мутаассифем ва аз ҳама афроди зидахл мехоҳем аз хушунат худдорӣ кунанд ва ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи башар риоят шавад."

Ҳушдори Эрон ба Саудӣ

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, Арабистони Саудиро муттаҳам ба даст доштан дар эътирозҳои ахир дар Эрон кард ва гуфтугӯ бо шабакаи телевизони лубнонии "Ал-Маёдин" гуфтааст, бархе кишварҳо, аз ҷумла Арабистон ба барангехтани фазои дохил аз тариқи интернет пардохтаанд. Ин гуфтаҳо дар ҳоле аст, ки мақомҳои эронӣ даст ба маҳдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохили Эрон задаанд ва дастрасӣ ба шабакаҳои Instagram ва Telegram чанд рӯз аст масдуд шудааст.

Фавти камаш 12 нафар дар эътирозҳои ахири Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

XS
SM
MD
LG