Бо дархости Амрико имрӯз ҷумъаи 5-уми январ нишасти изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳаввулоти ахири Эрон ва чигунагии бархӯрди ҳукумати Теҳрон бо тазоҳургарон, баргузор мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия баргузории ин нишастро "зараровар" гуфтааст.
Ба иттилои хабаргузориҳои байналмилалӣ, сухангӯи раиси давраии Шӯрои Амнияти таъйид кардааст, ки нишасти рӯзи ҷумъа ба масъалаи эътирозҳо дар Эрон ихтисос дорад.Тибқи ин гузориш, бо вуҷуди ин, ки Амрико хостори баргузории ин нишаст шудааст, аммо аъзои Шӯрои Амният эҳтимолан метавонанд барои пардохтан ба ин масъала раъйгирӣ кунанд, ки дар ин сурат барои баргузории ин нишаст, ба 9 раъй аз 15 узви Шӯрои Амният ниёз аст.
Намояндаи доимии Эрон дар СММ бо ирсоли нома ба дабири кулли СММ ва мақомҳои дигари ин созмон, аз ончи "дахолати ошкори Вашингтон дар умури дохилии Эрон" номид, шикоят кардааст.
Давоми ҳашт рӯз мешавад, ки Теҳрон ва 90 шаҳри дигар шоҳиди эътирозҳо алайҳи ҳукумат ва вазъияти иқтисодӣ буданд. Дар ин эътирозҳо то ба ҳол 22 нафар кушта шуда, беш аз ҳазор нафар аз эътирозгарон боздошт шудаанд. Никки Ҳейли, сафири Амрико дар СММ рӯзи сешанбе дархост кард, ки нишасти Шӯрои Амният баргузор шавад: "Ҷаҳон набояд сукут кунад, дар ҳоле ки мардуми Эрон фарёди озодӣ сар медиҳад."
Дар ҳамин ҳол, Русия аз баргузории ин нишаст интиқод кардааст. Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии бо ишора ба ин, ки чунин нишасте "зараровар" аст, изҳор дошт, "Шӯрои Амният наметавонад дар ин масъала нақше дошта бошад". Вай дар идома гуфтааст, "масоил ва умури дохилии Эрон ҳеҷ гуна рабте бо вазифаҳои Шӯрои Амнияти СММ надорад."
Дар ҳамин бора Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ бо лаҳни тунд ба ин дархости хонум Никки Ҳейли барои баргузории нишасти фаврии Шӯрои Амният вокуниш нишон дода, аз шеваи бархӯрди ҳукумати Амрико интиқод кард.
Дар ҳаминҳол, Ғуломалӣ Хушрӯ, намояндаи доимии Эрон дар СММ низ бо ирсоли нома ба дабири кулли СММ ва мақомҳои дигари ин созмон аз ончи "дахолати ошкори Вашингтон дар умури дохилии Эрон" номид, шикоят кардааст. Ӯ дар ин нома навиштааст, ки Доналд Трамп ва муовини ӯ "шахсан дар ҳоли эҷоди ошӯб дар Эрон ҳастанд."
Муовини раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 3-юми январ хитоб ба ҷавонони эътирозгар дар Эрон гуфт, ки дар талоши худ барои ба даст овардани озодӣ ва демократия Амрикоро "муттаҳиди табиӣ"-и худ бидонанд ва эълом кард, ки Амрико омода аст, то барои пуштибонии эътирозгарон вориди амал шавад ва дар ин росто "ҳама фишангҳои иқтисодӣ"-и худро алайҳи ҳукумати Эрон ба кор хоҳад бурд.