Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ вазъи Эронро баррасӣ мекунад


Тасвире аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид
Тасвире аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид

Шӯрои амнияти СММ дар ҷаласаи изтирории рӯзи ҷумъа вазъи Эронро баррасӣ мекунад. Ин ҷаласа бо дархости ИМА баргузор мешавад. Москва ба баргузории ҷаласа мухолифат нишон дод.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков ибтикори Вашингтонро "зиёновар ва тахрибгар" номид. Ба гуфтаи ӯ, рӯйдодҳои Эрон кори "дохилӣ"-и он кишвар аст.

Ахиран Эрон бо ирсоли як нома ба дабири кулли СММ ва Шӯрои амнияти созмон талаб кард, ки мавқеи ИМА маҳкум карда шавад. Эрон ИМА-ро дар нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ ва дахолат ба умури кишварҳои дигар айбдор мекунад. Дар ин нома омадааст, ки президент ва муовини президенти ИМА бо навиштаҳои "пучашон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандони Эронро ба кӯчаҳо бароварданд. Ин дар ҳолест, ки намояндагони ҳукумати ИМА мегӯянд, эътирозҳои Эрон худҷӯш ва табиӣ буданд ва аз хориҷ ташкил нашудаанд.

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон беш аз як ҳафта идома доранд. Тазовургарон дар оғоз зери шиорҳои иқтисодӣ ба кӯча рехтанд ва талабҳо баъдан сиёсӣ шуданд. Мақомоти Эрон нирӯҳои хориҷиро дар таҳрик ва барангехтани эътирозҳо айбдор медонанд.

Дар натиҷаи задухӯрди эътирозгарон бо кормандони пулис дасти кам 20 нафар кушта шуда, садҳо тани дигар боздошт шудаанд. Рӯзи чаҳоршанбе дар посух ба ин эътирозҳо дар як қатор шаҳрҳои Эрон тазоҳуроти ҷонибдорӣ аз ҳукумат ҳам баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG