Сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти изтирорӣ ё фавқулодаи Шӯрои амният гуфт, ки шаҳрвандони Эрон ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқи башарӣ ҷони худро ба хатар гузоштаанд. Никкӣ Ҳейлӣ рӯзи 5-уми январ гуфт, мардуми Эрон дар беш аз 79 маҳал дар саросари ин кишвар дар баробари ҳукумат меистанд.
Ҳейлӣ дар идома афзуд, "ин намоиши нирӯманди мардуми шуҷое аст, ки аз ҳукумати саркӯбгарашон ба шиддат норозӣ шудаанд ва моил ҳастанд то дар эътироз ҷони худро ба хатар андозанд."
Нишасти изтирорӣ ё фавқулодаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 5-уми январ сурат гирифт. Ғуломалии Хушрӯ, намояндаи Эрон дар Созмони Милал, гуфт, баргузории нишасти изтирорӣ суистифодаи қудрат аз тарафи Амрикост. Ӯ гуфт, "ҷои таассуф аст, ки бо вуҷуди мухолифати бархе аз аъзояш, ин Шӯро ба баргузории нишасте рӯи як мавзӯи хориҷ аз маъмурияташ иҷозадод, то мавриди суистифодаи идораи кунунии Иёлоти Муттаҳида қарор бигирад."
Видео: Нигоҳи эрониёни Тоҷикистон ба эътирозҳо дар Эрон
Каме пештар аз нишасти изтирории Созмони Милали Муттаҳид, Шӯрои амният ҷаласаи машваратиеро бо дархости Русия паси дарҳои баста баргузор кард. Русия гуфт, бо баргузории нишасти изтирорӣ мухолифат дорад.
Дар ҷараёни нишасти изтирории Шӯрои амният Василий Небензя, сафири Русия дар СММ, Амрикоро ба баҳонаҷӯӣ барои мудохила дар корҳои дохилии Эрон муттаҳам кард.
Дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон дастикам 22 нафар кушта ва ҳазор тани дигар боздошт шуданд. Эътирозҳо ба хотири нархҳои дар ҳоли афзоиш рӯзи 28-уми декабри соли гузашта дар шаҳри Машҳад, дувумин шаҳри бузурги Эрон, оғоз ва сипас дар минтақаҳои дигар густариш ёфт.
Ҳамзамон бо ин, тарафдорони ҳукумати Эрон дар чандин шаҳри ин кишвар роҳпаймоӣ карданд. Ҳукумати Эрон иддао кардааст, ки нооромиҳо поён ёфт.
Видео: Ин навор иддаои мақомоти Эрон дар бораи хатми эътирозҳоро рад мекунад