Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширин Ибодӣ эрониҳоро ба идомаи эътирозҳо даъват кард


Барандаи ҷоизаи Нобел Ширин Ибодӣ
Барандаи ҷоизаи Нобел Ширин Ибодӣ

Ҳомии ҳуқуқи башар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ аз эрониҳои саросари кишвар даъват кард, ки дар эътрозҳои зиддиҳукуматӣ иштирок кунанд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 4 январ бо такя ба сӯҳбати Ибодӣ бо нашрияи "Ашшарқ ал-Аусат" хабар дод.

Ба гуфтаи Ибодӣ, Қонуни асосии Эрон шаҳрвандонро аз ҳаққи эътироз бархурдор кардааст, бинобар ин онҳо бояд дар кӯчаҳо бимонанд. Барандаи ҷоизаи Нобел ҳамчунин аз ҳамватанонаш даъват кард, ки молиёт насупоранд, аз падохти хизматҳои коммуналӣ даст бикашанд, маблағҳои худро аз бонкҳои давлатӣ берун оранд, то ҳукумат таҳти фишори иқтисодӣ қарор бигирад, даст аз саркуби мардум бардорад ва талабҳои онҳоро иҷро кунад.

Ибодӣ пештар дар сӯҳбат бо нашрияи Die Welt миқёси фасод дар Эронро "ваҳшатнок" ва сатҳи бекорӣ дар байни ҷавон - иштирокдорони аслии эътирозҳоро бисёр баланд номид.

Эътирозҳо дар Эрон як ҳафта боз идома доранд. Тазоҳурот бо шиорҳои иқтисодӣ оғоз шуд, вале зуд ба шиорҳои зидди раҳбарияти кишвар ва худи режими Ҷумҳурии Исломӣ печид. Теъдоди хисороти ҷонии тазоҳургарон аз 20 нафар гузашта, садҳо нафар боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG