1 феврал Ҳиллари Клинтон вазифаи худро дар мақоми 67-умин Котиби Давлатии Амрико бо обрӯи баланд ва, ба гуфтаи президент Барак Обама, бо эътибори барқарор кардани обрӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба поён расонд. Нигоҳе ба чаҳор соли фаъолияти Клинтон дар тасвирҳо.
Ҳиллари Клинтон дар мақоми Котиби Давлатии Амрико

1
Ҳиллари Клинтон ҳамроҳ бо ҳамсараш, собиқ раиси ҷуҳмури Амрико Билл Клинтон ва духтараш Челси, дар рӯзи савганд ёд карданаш ҳамчун Котиби Давлатии Амрико, ки 2 феврали соли 2009 дар Вашингтон баргузор шуда буд.

2
Ҳиллари Клинтон мақоми Котиби Давлатиро аз Барак Обама, рақибаш дар интихоботи соли 2008 пазируфт.

3
Ҳиллари Клинтон бо духтараш Челси қабл аз омодагӣ ба тасдиқи номзадиаш дар Конгресси ИМА. Вашингтон, январи соли 2009.

4
Ҳиллари Клинтон баъди Мадлен Олбрайт (аз тарафи чап) сеюмин зане буд, ки ба мақоми Когтиби Давлатии Амрико пешбарӣ шуд.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир