1 феврал Ҳиллари Клинтон вазифаи худро дар мақоми 67-умин Котиби Давлатии Амрико бо обрӯи баланд ва, ба гуфтаи президент Барак Обама, бо эътибори барқарор кардани обрӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба поён расонд. Нигоҳе ба чаҳор соли фаъолияти Клинтон дар тасвирҳо.
Ҳиллари Клинтон дар мақоми Котиби Давлатии Амрико
5
Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон лабҳояшро ороиш медод ва ҳамзамон бо Абдулло Гул, президенти Туркия (аз тарафи рост) сӯҳбат мекард. Ин акс дар фосилаи кӯтоҳ аз шурӯъи ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ, 23 сентябри соли 2010 дар ситоди СММ гирифта шуд.
6
Канслери Олмон Ангела Меркел бо Котиби Давлатии Амрико Клинтон дар ҷараёни зиёфате, ки ба хотири Меркел дар Департаменти Давлатии Амрико баргузор шуд.
7
Ҳиллари Клинтон ба вазири умури хориҷии Туркия дар оғози мулоқоти дуҷониба дар Абу Даби "чак" додааст. Аморати Араб, 9 июни соли 2011
8
Ҳиллари Клинтон ҳангоми худоҳофизӣ бо аскарони либиягӣ, Триполӣ, 8 октябри соли 2011.