Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳмон атои Худост ё Меҳмоннавозем, намоишкор ё тамаллуқгар?


Меҳмондории тоҷикон решаҳои жарфи таърихиву мазҳабӣ дорад

...Фарҳод баъд аз шаш сол аз завҷааш ҷудо шуд. Се моҳ пеш хонумаш ғайриинтизор дастони ду тифлашонро гирифта ба хонаи бобоӣ рафт. Вақте Фарҳод тавзеҳ хост, завҷааш гуфт, ки дигар ҳеҷ гоҳ барнамегардад, зеро “аз рангу рӯи он ҷиннихона безор аст”. «Ҷиннихона» манзили дуҳуҷрагияшон дар як маҳаллаи канори Душанбе аст, ки ду соли ахир дар як ҳуҷрааш Фарҳод бо зану ду фарзанд ва дар ҳуҷраи дигар хешони деҳотияшон - се донишҷӯву як мардикор зиндагӣ мекарданд. Фарҳод мегӯяд, ки барои харидани ин манзил чанд сол дар Русия мардикорӣ кард ва мехост, ки онро фурӯхта соҳиби хонаи бузургтару барҳавотар шавад. Аммо хонаи бузургтар барояш чун як рӯъё боқӣ монд, зеро ду сол пеш яку якбора се хешашон аз кӯҳистони Балҷувон фарзандҳои донишҷӯяшонро дар ихтиёри ӯ гузоштанд ва сипас боз як хеши дурашон ба онҳо пайваст. Баъд аз ин, меафзояд Фарҳод, ҳам маош ва ҳам маблағи пасандозкардааш фақат барои хариди ғизо сарф мешуд. Донишҷӯҳо аз оилаҳои хешони фақирашон буданд ва Фарҳод аз онҳо кӯмаке интизор набуд, хеши дурашон ҳар субҳ ба нияти пайдо кардани кор ба бозори “мардикорҳо” мерафт ва агар бахташ метофту маблағе меёфт, зуд барои зану фарзандаш ба деҳа мефиристод. Фарҳод ҳеҷ интизор надошт, ки ин вазъият рӯзе боиси фурӯрезии боми зиндагии хонаводагияш мешавад. Аммо дар ин қазия ӯ худро айбдор мехонад. «Занам аз ин вазъ шикоят намекард, вале рӯз то рӯз рангаш зард мешуд, рӯзона барои ҳама хурок мепӯхту либос мешӯсту хонаро рубчин мекард ва ба кудакҳо ҳам мерасид, вале шаб вақте мехост хоб равад, садои хандаву «чақ-чақ»-и «квартирантҳо» баланд мешуд. Як-ду бор дил кардам, ки ба бачаҳо гӯям, ки ин хел накунанд, боз гуфтам, ки хафа нашаванд...».


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим



РИЗҚИ МО БО ПОИ МЕҲМОН МЕРАСАД АЗ ХОНИ ҒАЙБ

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, воқеъан ҳам дар манзилҳои сокинони пойтахт хешовандони донишҷӯ ваё дигар пайвандонашон сукунат дорад, ки табиист ва бо суннату оинҳои меҳмондории тоҷикоон пайванд дорад. Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, ин оини табордорӣ ҳам ҳаст, ки ба нафъи мутақобилаи хешовандон хатм мешавад. «Онҳо омада дар хонаат мешинанд, масраф мекунӣ, хароҷоти онҳоро мепӯшонӣ, аммо ин донишҷӯҳо калон шуда, ба кудаки ту ёрӣ мерасонанд, дар гузаронидани маъракаҳои суннатӣ, ки харҷаш зиёд аст, мадад мекунанд», мегӯяд ӯ. Парвиз Муллоҷонов меафзояд, робитаҳои хешовандӣ барои тоҷикон хело муҳиманд ва онҳо ҳамеша ба ин робитаҳо такя мекунанд.

Муҳаррама Раҳимова, ҷомеъашиноси муқими шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, ки тоҷикон воқеъан ҳам мардуми меҳмоннавозанд ва пазироии меҳмонро қарзи худ медонанд. Тавре Соиби Табрезӣ фармудааст:

Ризқи мо бо пои меҳмон мерасад аз хони ғайб,
Мизбони мост ҳар кас мешавад меҳмони мо.


Хонум Раҳимова меафзояд, анъанаи бостонии меҳмоннавозӣ то ҳанӯз дар рустоҳо пойбарҷост, ва агар ба хонае меҳмон омад, аҳли деҳа таоме гирифта ба дидорбинии ӯ мераванд.

Ва аммо, мегӯяд мусоҳиби мо, солҳои ахир фарҳанги меҳмондорӣ миёни сокинони шаҳрҳо каме тағйир хӯрдааст. Ба гуфтаи ӯ, аввалан, ташрифи нобаҳангом ё фақат дидорбинӣ хело кам шудааст ва акнун мардум ба ҷуз ҳолатҳои изтирорӣ, аз ҷумла, маризиву ҳодисаи нохуш ва рӯзҳои Иди рамазону Иди қурбон, фақат баъд аз даъват ба хонаи ҳамдигар мераванд. Барои дар вазъи ноҳинҷор нагузоштани соҳибхонаҳо онҳо пешакӣ хабар медиҳанд, ки кай меҳмонашон хоҳанд шуд. Агар меҳмон даъват карданӣ бошанд, ҳам онҳоро пешакӣ хабар ва ҳатто ҳамроҳ вақту соати барои ҳарду ҷониб мувофиқро муқаррар мекунанд. Хонум Раҳимова меафзояд, ки солҳои ахир таомули ба тарабхона даъват кардани меҳмон ҳам ривоҷ дорад.

ЧАРО МЕҲМОНҲО БА МЕҲМОНХОНА НАМЕРАВАНД?

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон фарҳанги меҳмонхонаравӣ тақрибан вуҷуд надорад. Дар пойтахтҳо ё шаҳрҳои дигар кишварҳо меҳмон аз русто ё шаҳри дигар қабл аз ҳама аз тариқи интернет барои худ меҳмонхона дархост мекунад ва фақат баъди дарёфти калиди ҳуҷраи меҳмонхона барои аёдати
Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов
наздикону пайвандонашон дар он шаҳр меравад. Аммо сокинони русто ё шаҳракҳои Тоҷикистон вақте барои коре вориди Душанбе ё Хуҷанд мешаванд, дари меҳмонхонаеро намекӯбанд ва рост ба суроғи пайванду шинос ё ягон ҳамдеҳаашон мераванд. Муҳаррама Раҳимова инро бо вазъи молиявии мардум рабт медиҳад ва мегӯяд, ки қимати меҳмонхонаҳо, бигирем, дар Хуҷанд хело гарон аст ва аз ин рӯ дар асосан меҳмонони хориҷӣ сукунат доранд. Парвиз Муллоҷонов ҳам бо ин ақида мувофиқ аст ва мегӯяд, қимати меҳмонхонаҳое, ки солҳои ахир дар Душанбе бунёд шудаанд, барои мардуми кишвар дандоншикананд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, «миёни тоҷикҳо суннате ҳаст, ки агар хешу табор аз роҳи дур ояд, бояд ҳатман дар хонаат зиндагӣ кунад. Дар меҳмонхона ё дар манзили шахси бегона мондани ӯ барои хешу табори шаҳрӣ шармандагист ва ҳатто онҳоро айбдор мекунанд, ки як хешашро натавонистааст дар хонааш ғунҷонад». Аз ин рӯ меҳмонҳои раҳдур ҳатто агар барои дар меҳмонхона зистан маблағ ҳам дошта бошанд , ба хотири озурда насохтани хеши шаҳрияшон ба хонаи ӯ мераванд.

МЕҲМОН РОҲБАЛАД ДАР БОҒҲОИ БИҲИШТ АСТ

Муҳаққиқону донишмандони фиқҳ мегӯянд, ки воҷибии иззати меҳмон решаҳои жарфи таърихиву мазҳабӣ дорад. Мардуми араб қабл аз пазируфтани ислом дар пазироии меҳмон ҳатто аз ифрот кор мегирифтанд ва барои меҳмон ҳатто шутурро заҳб мекарданд. Баъзе аз қабилаҳои араб шабҳо дар саҳро оташ меафрӯхтанд, то ғарибе оташро бинаду меҳмони онҳо шавад. Дар адабиёти арабу Аҷам аз меҳмоннавозии бемисли Ҳотами Той зиёд гуфта шудааст.

Мулло Абдураҳим Каримов, як рӯҳонии шинохтаи тоҷик, аз як ривоят дар бораи Паёмабари ислом Муҳаммади Мустафо, салаллоҳи алайҳи вассалам, ёдовар шуд, ки вақте бори аввал барои ӯ ваҳии паёмбарӣ омад, хело нигарон
Мавлавӣ Абдураҳим
Мавлавӣ Абдураҳим
шуд ва ба худ гуфт, шояд ҷине ё ҷондоре ба ӯ осеб расондааст ва пеши завҷааш Бибӣ Хадича омад. “Бибӣ Хадича гуфт, ки ба ту ҷин ё ҷондор осеб намерасонад, зеро бо хешу таборат рафтуомад дорӣ ва муҳимтар аз ин – меҳмоннавоз ҳастӣ”.

Ба гуфтаи донишмандон, дар “Баҳор-ул-Анвор”, китоби ҳадисҳои Паёмбар, ки аз сӯи Муҳаммад Боқири Маҷлисӣ дар пояи кутуби исломӣ гирд оварда шудааст, Расули Худо (с) меҳмонро “роҳбалад дар боғҳои биҳишт” номидааст. Дар ҳамон китоб ривояте аз Расули Худо оварда шудааст, ки Паёмбар (с) ба саҳобаҳояш мегӯяд – “Вақте Оллоҳ ба гурӯҳи одамон мехоҳад атое бахшад, ба он тӯҳфаи гаронбаҳое медиҳад”. Саҳобагон суол карданд, ки “Он чӣ гуна тӯҳфа аст?” Паёмбар посух додааст, ки “Меҳмон! Меҳмон бо худ файз меоварад ва боиси бахшида шудани ҳама гуноҳҳои маскунони он манзил мегардад”.

Ба гуфтаи Мулло Абдураҳим, дар меҳмонӣ рияои одоби меҳмондорӣ ҳам муим аст. Фарди мусалмон набояд бидуни узр даъват ба меҳмониро рад кунад, магар эҳтимоли дучор ба гуноҳ, аз ҷумла, шаробнӯшӣ ё фаҳш дар он мавҷуд бошад, агар ҳамзамон ба ду меҳмонӣ даъват шуда бошад, даъвати аввалиро пазируфта ва аз фарди дуввум маъзарат бихоҳад, миёни даъваткунандаи сарватманду нодор фарқ нагузорад ва даъвати ҳар дуро бипазирад, зеро рад кардани даъвати шахси фақир боиси ранҷиши хотири ӯ хоҳад шуд. Ҳарчӣ зудтар таҳия кардани ғизои дилхоҳ, ҷудо сохтани суфраи занону мардон, ғизо хурдан бо меҳмон, таъна назадан ба ӯ ва омодагии доимӣ барои пазироӣ аз меҳмон ҳам бахше аз одоби меҳмондорист. Пурсидани он ки меҳмон ғизо хурдааст ё на, беодобӣ маҳсуб мешавад.

МЕҲМОН ТО СЕ РӮЗ АЗИЗ АСТ

Аммо Ислом хилофи масрафи беҳуда ҳангоми пазироии меҳмонҳост. Дар китоби “Ал-Муҳаҷатул-Байда” Салмони Форс аз қавли Паёмбари Ислом гуфтааст, “мо барои ба меҳмон додани чизе, ки надорем, худро азият намекунем. Ва аммо ӯро аз он чӣ Худованд барои мо ато кардааст, бенасиб намегардонем”.

Дар ҳамин ҳол мусоҳибони мо бо таассуф мегӯянд, ки ин суннатҳо аксар вақт риоя намешаванд. Ба гуфтаи Муҳаррама Раҳимова, дар меҳмондориҳо ҳанӯз ҳам намоишкорӣ ва ҳам сарфи беҳуда боқӣ мондааст, яъне, таомҳои зиёд таҳия мекунанд ва онҳоро дар беҳтарин зарфҳо пеши меҳмон мегузоранд ва ин баъзан ба сабқат табдил мешавад, ки ҳатто моҷарову дилсиёҳӣ дар ин ё он хонавода мегардад, зеро он сарфи маблағи зиёдро талаб мекунад.


Таҳлилгарон ба он нукта ҳам таъкид мекунанд, ки баъзан меҳмондорӣ ба як намоиши тамаллуқу хушомадгӯӣ табдил мешавад. Ба вижа, вақте афроди мансабдор дар манзиле меҳмон мешавад, ҳама гирди ӯ мечарханд ва аз меҳмонҳои дигар қариб, ки фаромӯш мекунанд. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки ин падида воқеъан ба чашм мерасад, вале дар асл меҳмондориву тамаллуқ бо ҳам пайванде надоранд.

Аммо донишмандони фиқҳ мегӯяд, агар ба манзил “соири афроди бузургтар, олимтар ё шарафи пешвоиву раҳбарӣ ё шарафи пайкорӣ дар роҳи Худо ва ё шарафи саховату бахшиш дар роҳи хайр дошта қадам ранҷа кунанд, суннат аст, ки пазироӣ ва эҳтиром ибтидо аз ин афрод шурӯъ шавад”.

Вале муддати тулонӣ дар манзиле мондан ва боиси сарсонии соҳибхона шудан ҳам ҷоиз нест, шояд ба ҳамин хотир гуфтаанд, ки «меҳмон то се рӯз азиз аст!». Дар ин маврид аз Абўҳурайра чунин ривоят шудааст: «Аз Расули Худо (с) шунидаам, ки мефармуд: Меҳмон то се шабонарўз аз тарафи соҳибхона ҳаққи пазироӣ дорад... беҳтар аст, ки меҳмон пас аз он барои музоҳим нашудан бар соҳибони манзил бо онҳо худоҳофизӣ намояд».
XS
SM
MD
LG