Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки раҳбарони Эрон дар пайи таҳдидҳои ӯ ба иқдоми низомӣ дар ҳоли саркӯби хунини эътирозҳои зиддидавлатӣ, хостори гуфтугӯ бо Вашингтон шудаанд.
Ӯ рӯзи 11-уми январ дар дохили ҳавопаймои раиси ҷумҳур ба хабарнигорон гуфт: "Раҳбарони Эрон занг заданд, мулоқот омода мешавад... Онҳо мехоҳанд гуфтушунид кунанд."
Ӯ афзуд: "Шояд маҷбур шавем, ки пеш аз мулоқот иқдом кунем", аммо ҳеч ҷузъиёте надод. Ҳукумати Эрон то ҳанӯз дар мавриди ин суханони Трамп изҳори назар накардааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки раҳбарони Эрон мехоҳанд, сари кадом масъалаҳо музокира кунад. Ду кишвар дар гузашта дар бораи барномаи баҳсбарангези ҳастаии Теҳрон гуфтугӯҳои ғайримустақим доштанд.
Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои ғарбӣ саркӯби эътирозгарон ба дасти ҳукуматро маҳкум карданд. Ҷумҳурии исломӣ аз пеш барои барномаҳои атомиаш таҳти таҳрим қарор дорад, зеро ба қавли кишварҳои ғарбӣ дар пайи сохтани бомби атомист. Эрон пайваста ин иддаоро рад кардааст.
Доналд Трамп субҳи 11-уми январ гуфт, ки ӯ ва артиши Амрико бо ҳадафи ҳимоят аз эътирозгарон гузинаҳои мухталифро дар Эрон баррасӣ мекунанд. Ин ҳам дар замоне, ки бино ба гузоришҳои тасдиқношуда дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Эрон беш аз 500 нафар кушта шудаанд.
Доналд Трамп гуфт: «"Артиш ин мавзуъро баррасӣ мекунад ва мо гузинаҳои хеле сахтеро дар даст дорем." Ӯ афзуд, ки Амрико бо раҳбарони мухолифини Эрон дар тамос аст, аммо ҷузъиёти бештаре надод.
Гузинаҳои сахт ба зидди ҳукумати Эрон
Расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки зердастони Трамп ба ӯ дар мавриди гузинаҳои посух ба саркӯбҳои шадид дар Эрон гузориш додаанд.
Баёнияҳои Доналд Трамп гузоришҳои нашрияҳои Axios, New York Times ва Wall Street Journal - ро тасдиқ мекунад, ки навишта буданд, ки раиси ҷумҳур чанд гузинаро барои дастгирӣ аз эътирозҳо дар Эрон зери даст дорад.
Wall Street Journal хабар дод, ки гузинаҳои мушаххас рӯзи 13-уми январ ба раиси ҷумҳур пешниҳод хоҳанд шуд. Аз ҷумла ҳамлаи низомӣ, истифода аз василаҳои вайронгари интернетӣ барои заиф кардани артиши Эрон ва ҷорӣ кардани таҳримҳои бештар ба зидди ҳукуматро.
Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва расонаҳои давлатӣ рӯзи 11-уми январ аз идомаи эътирозҳо, боздоштҳо ва нооромӣ дар даҳҳо шаҳри Эрон хабар додаанд. Эътирозҳо ба ҳафтаи саввум ворид шуданд ва саркӯби нерӯҳои амниятӣ рӯз то рӯз сахттар мешавад.
Эҳтимоли авҷ гирифтани хушунатҳо пас аз он бештар шуд, ки ҳукумат аз тарафдоронаш хост, рӯзи 12-уми январ дар раҳпаймоиҳои саросарӣ ширкат кунанд ва ончиро, ки "амалҳои террористии Иёлоти Муттаҳида ва Исроил" хонд, маҳкум намоянд.
Оҷонсии хабарии фаъолони ҳуқуқи башар (HRANA), ки қароргоҳаш дар Амрикост, рӯзи 11-уми январ гуфт, ки дар ҷараёни эътирозҳои 15 рӯзи охир 544 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи созмон, дастикам 10,061 нафар боздошт шудааанд ва аз эътирозҳо дар 585 минтақа, аз ҷумла дар 186 шаҳру шаҳракҳои тамоми 31 вилояти Эрон гузориш расидааст.
Тасдиқи мустақилонаи ин омор имконнопазир аст, зеро ба далели қатъи интернет дар Эрон, дастрасӣ ба иттилоот душвор шудааст. Иртиботи телефонӣ низ маҳдуд шудаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ин кори ҳукумат бо ҳадафи пинҳон кардани саркӯбҳои бераҳмонааш сурат мегирад.
Трамп рӯзи 11-уми январ гуфт, ки қасд дорад бо Илон Маск, миллиардери амрикоӣ дар мавриди таъмини интернет дар Эрон сӯҳбат кунад. Ширкати "SpaceX"-и Маск интернети моҳворавии "Starlink"-ро дар ихтиёр дорад, ки қаблан дар минтақаҳои ҷангзада, аз ҷумла дар Украина, истифода шудааст.
"Эрон гирифтори мушкили бузург аст"
Дар ҳафтаи гузашта Трамп бо ҳушдорҳо ба Эрон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида "вазъро бодиққат назорат дорад" ва таъкид кард, ки мақомот бояд аз куштани эътирозгарон худдорӣ кунанд.
Ӯ рӯзи 9-уми январ дар Кохи Сафед гуфт: "Эрон дар мушкили бузург аст. Ба назари ман, мардум шаҳрҳоеро тасарруф мекунанд, ки касе чанд ҳафта пеш фикрашро ҳам намекард." Аз ин суханони раиси ҷумҳури Амрико Ризо Паҳлавӣ, фарзанди шоҳи собиқи Эрон ва яке аз чеҳраҳои мухолифин, истиқбол кард. Ӯ рӯзи 11-уми январ дар як паёми видеоӣ гуфт: "Президент Трамп ҳамчун раҳбари ҷаҳони озод, шуҷоати васфнопазири шуморо мушоҳида ва эълон намуд, ки омодаи кӯмак ба шумост."
Вокуниши СММ ва Иттиҳоди Аврупо
Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои ғарбӣ низ аз эътирозгарон дар Эрон ҳимоят карданд.
Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ рӯзи 11-уми январ гуфт, ки аз гузоришҳо дар бораи хушунат бар зидди эътирозгарон "такон хӯрдааст" ва аз ҳукумати Эрон хост, ки аз истифодаи "беш аз ҳад ва номутаносиби нерӯ" худдорӣ кунад.
Кайа Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки омода аст, таҳримҳои навро алайҳи Теҳрон пешниҳод кунад. Ӯ дар мусоҳиба бо нашрияи олмонии Die Welt гуфтааст: "Иттиҳоди Аврупо аллакай таҳримҳои густурдаеро алайҳи масъулони нақзи ҳуқуқи башар, фаъолиятҳои ҳастаӣ ва кӯмаки Теҳрон дар ҷанги Русия дар Украина ҷорӣ кардааст."
"Саҳнаҳои ҷанг" дар Теҳрон
Як шоҳиди саркӯбҳо дар шарқи Теҳрон ба "Радиои Фардо" бахши форсии Радиои Озодӣ гуфт, саркӯби намоишҳо ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, вазъият дар шаҳр ба "саҳнаҳои ҷанг" шабоҳат дорад.
Ин мард, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, ки шабҳои охир садои беисти тирандозӣ аз силоҳҳои сочмаӣ дар саросари Теҳрон шунида мешавад ва паҳподҳо пайваста бар фарози маҳаллаҳо барои назорати кӯчаву паскӯчаҳо парвоз мекунанд.
Нооромиҳо, ки ба сабаби боло рафтани нархҳо, таварруми баланд ва суқути қурби пули миллӣ оғоз шуд, ба ҷиддитарин чолиш барои Ҷумҳурии Исломӣ дар солҳои ахир табдил ёфтааст.
Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, масъули нооромиҳоро "террористон"-и вобаста ба хориҷ номид ва Иёлоти Муттаҳида ва Исроилро ба талош барои "эҷоди беназмӣ ва ошӯб" дар кишвараш муттаҳам намуд. Ӯ зимни суханронӣ дар рӯзи 11-уми январ гуфт: "Агар мардум нигаронӣ дошта бошанд, вазифаи мост, ки онҳоро бишнавем ва мушкилашонро рафъ кунем, аммо вазифаи болотар ин аст, ки набояд иҷоза диҳем, ки як гурӯҳи ошӯбгар биёяд ва назми ҷомеаро барҳам занад."
Гуфтугӯ