Эътирозҳои хиёбонӣ дар Эрон, ки дар охири декабр ба иллати таварруми рекордӣ ва коҳиши қурби пули миллӣ оғоз шуд, идома доранд. Шумораи ҷонбохтагони даргириҳо аз 65 нафар гузашт. Инҳо асосан эътирозгаронанд, вале маъмурони амниятии ҳукумат низ кушта шуданд.
Раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, эътирозгаронро «муздурони гурӯҳҳои мухолиф ва бегона» номид. Норозиён зидди Хоманаӣ ва ҳукумат шиор медиҳанд ва бахше аз онҳо бозгашти Ризо Паҳлавӣ, писари охирин шоҳи Эронро талаб мекунанд.
Шадидтарин даргириҳои дар Теҳрон ва вилоятҳои ғарбии курднишин ва Систону Балуҷистон, минтақаҳои ҷанубу шарқии Эрон рух додаанд. Дар авҷи эътирозҳо, мақомот дастрасии сокинонро ба интернет қатъ карданд, аз ин рӯ, маълумоте, ки акнун аз Эрон берун меояд, кам ва пароканда аст.
Додситони кулли Эрон Муҳаммад Муваҳҳидии Озод рӯзи шанбе изҳор дошт, ҳар касе, ки дар эътирозҳо ширкат мекунад, "душмани Худо" ҳисобида хоҳад шуд. Дар посух ба он як зане аз сафи эътирозгарон гуфтааст, «мо душманӣ на бо Худо дорем, балки бо онҳое, ки аз номи Худо бадиҳо мекунанд».
Додситони Теҳрон Алӣ Солеҳӣ изҳор дошт, эътирозгароне, ки ба моликияти давлатӣ зарар мерасонанд ё бо нерӯҳои амниятӣ даргир мешаванд, метавонанд бо ҳукми қатл рӯбарӯ шаванд ва аз сокинон даъват кард, ки дар бораи "вайронкорон" ба мақомот хабар диҳанд.
Телевизиони давлатии Эрон ҳушдор дод, ки баромадан ба кӯчаҳо дар шомгоҳон метавонад хатари маргро пеш оварад. Шаҳрдори Теҳрон Алиризо Зоконӣ шоми 9 январ хабар дод, ки эътирозгарон 25 масҷид, 26 бонк, 3 беморхона, 10 бинои давлатӣ, 48 мошини сӯхторнишонӣ, 42 автобус ва мошинҳои ёрии таъҷилии сершуморро дар шаҳр сӯзонда ё вайрон кардаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ аз афзоиши босуръати шумораи кушташудагону захмиён хабар медиҳанд ва мегӯянд, то ҳоло зиёда аз 2000 нафар боздошт шудаанд.
Вокунишҳои Ғарб
Бо шиддат гирифтани саркӯб ва даргириҳо сарони Ғарб фишорро бар ҳукумати Эрон афзоиш медиҳанд.
Доналд Трмап, президенти ИМА рӯзи 9 январ дар дидор бо роҳбарони риштаи нафту гази кишвараш дар Кохи Сафед гуфт, ки "Эрон дар мушкили бузурге қарор дорад. Ба ман чунин менамояд, ки мардум шаҳрҳои муайянеро ба даст мегиранд. Чанд ҳафта пеш ҳеч кас гумон надошт, чунин чизе мумкин бошад."
"Мо вазъиятро хеле бодиққат нигоҳ мекунем. Ман изҳороти сахт додам, ки агар онҳо мисли гузашта ба куштани одамонро сар кунанд, мо дахолат хоҳем кард. Мо ба онҳо хеле сахт ва дарднок зарба хоҳем зад. Ин маънои фиристодани сарбозонро надорад, маъно ин аст, ки ба ҷойҳои дарднокашон хеле, хеле сахт зарба хоҳем зад."
Рӯзи 9-уми январ роҳбарони Аврупо, аз ҷумла Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир дар як баёнияи муштарак «аз хабарҳои корбасти хушунат аз ҷониби нерӯҳои амниятии Эрон нигаронии амиқ» баён намуда, куштори эътирозгаронро шадидан маҳкум карданд.
Ба дунболи он Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин ба "ҳаққи дастрасӣ ба иттилоот, аз ҷумла тавассути барқарор кардани Интернет барои ҳама" даъват карда, дар айни замон бо мардуми Эрон ҳамдилӣ намуд, ки «орзуҳои қонунии худро барои зиндагии беҳтар, озодӣ ва шаъну шараф баён мекунанд".
Паёми шоҳзода Паҳлавӣ
Шоҳзода Ризо Паҳлавӣ, ки падараш - Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ, охирини шоҳи Эрон - дар соли 1979 аз ҷониби Инқилоби Исломӣ аз мақомаш барканор ва аз кишвраш ронда шуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёме ба пуштибонӣ аз эътирозгарон пахш кард ва гуфт, ки онҳо "бо шуҷоат ва устувории эҳтироми ҷаҳонро ба даст овардаанд". Вай рӯйдодҳои ахирро инқилоб номид ва эълон кард, мехоҳад дар ояндаи наздик ба Эрон баргардад.
Паҳлавӣ баъдтар мустақиман ба Доналд Трамп муроҷиат кард, то барои кумак ба мардуми Эрон даст ба дахолат занад.
Бахше аз эътирозгарон гуфтаанд, ки шабҳои 8 ва 9 январ пас аз даъватҳои Ризо Паҳлавӣ барои тазоҳуроти давомдори хиёбонӣт ба кӯчагҳо рехтаанд.
Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи 9 январ ба ҷонибдорони режим муроҷиат карда, гуфт, ки "харобкорон ва шӯришгарон" "биноҳои кишварро барои хушнуд кардани" президент Трамп "вайрон кардаанд".
Ӯ афзуд, июн «дастони Трамп ба хуни эрониҳо олудааст» чун дар моҳи июн ба Эрон ҳамла кард ва афзуд, раҳбари ИМА "сарнагун карда хоҳад шуд".
Артиши Эрон баъдтар эълон кард, ки барои "дидбонӣ ва ҳимояи зерсохтори стратегӣ ва моликияти ҷамъиятии кишвар" дар давраи эътирозҳо ба дигар нерӯҳои мусаллаҳ ҳамроҳ мешавад.
Дар хабари дигар мақомот гуфтанд, ки чанд нафар аз кормандони нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд ва телевизиони давлатӣ рӯзи 10 январ маросими дафни афсарони амниятиро намоиш дод, ки гӯё дар эътирозҳои Шероз кушта шудаанд.
Дурнамои вазъ
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони OSINT дар бораи ҷойгиркунии васеъмиқёси ҳавопаймоҳои низомии ИМА ба Ховари Миёна хабар доданд. Ин ҳавопаймоҳо барои интиқоли кормандон, таҷҳизот ва нерӯҳои махсус истифода мешаванд. Аз ҷониби Пентагон дар ин бора ягон шарҳи расмӣ нашр нашудааст. Манбаъҳои эронӣ низ аз ҳолати омодагии системаҳои дифои ҳавоӣ хабар доданд.
Василий Семенов шарқшинос ва таҳлилгари масъалаҳои низомӣ-сиёсӣ ва шарқшинос дар бораи дурнамои вазъ мегӯяд, эътирозҳо дар шаҳрҳои хурд ва минтақаҳои дорои қабилаҳои маҳаллӣ ва ҷомеаҳои қавмӣ метавонанд ҳолати шабеҳ ба “таҳаввулоти Сурия”-ро ба миён оранд ва шиддат ёфтани даргириҳо дар Табрезу Урумия сабаби мудохилаи Туркия гардад, ки рақиби геополитикии Эрон дар минтақа ба шумор меравад.
Дар мусоҳиба бо Бахши русии Радиои Озодӣ, эроншинос Николай Машҳадов гуфт, мавҷи кунунии эътирозҳо, ки кишварро фаро гирифтаанд, на танҳо яке аз бузургтаринҳо дар солҳои охир, балки ногузиртарин ва нобаҳангомтарин барои режим аст.
"Нобаҳангом будани он барои мақомоти расмӣ дар шароити сиёсии беруна ва дохилиест, ки дар он рух медиҳад, аст. Дар тӯли як солу ним соли охир, Теҳрон на танҳо мавқеъҳоеро дар минтақа аз даст дод, ки ба он имкон медод худро ҳамчун як қудрати пешбари минтақа муаррифӣ кунад. Он зери бомбаборони харобиовари Исроил қарор гирифт ва ба элитаи эронӣ нишон дод, ки онҳо низ осебпазир ва ҳатто "ғайричашмдошт миранда" низ ҳастанд.
Ин коршинос ба сард шудани равобити Теҳрон бо Аврупо низ ҳамчун як омили дигари зидди ҳукумати Эрон ишора мекунад, вале мегӯяд, бузургтарин мушкили режим иқтисодиёт аст, ки ин буҳронро ба миён овард ва ҳоло онро дар баробари хезиши мардумӣ қарор дод. Вай меафзояд, умри бештар аз ин барои низоми Ҷумҳурии Исломӣ зери суол аст ва ҳамчунин рӯшан нест, оё он ба давраи шоҳии Паҳлавӣ баргаштанист ё гузаргоҳи дигареро дар пеши рӯ дорад.