Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як моҳ гузашт, чаро асрори марги 3 узви як оила дар Исфара кушода нашуд?


Искандар Маликӣ бо ҳамсараш Муаттархон
Искандар Маликӣ бо ҳамсараш Муаттархон

Бо гузашти як моҳ аз марги ногаҳонии се узви як хонавода дар шаҳри Исфара сабабу омилҳои ин фоҷеа ҳануз маълум нашудаанд. Мақомот мегӯянд, таҳқиқот идома дорад. Пайвандонаш бо пеш овардани ҳадсу гумонҳои дигар изҳори нигаронӣ доранд. Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маводи мавриди ташхисро ба хориҷи кишвар бурдаанд.

Рӯзи 7-уми декабр Искандар Маликии 34-сола, корманди собиқи Ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсараш Муаттарахони 29-сола ва духтари чаҳорсолаашон дар шароити мармуз ҷон бохтанд. Онҳоро рӯзи 9-уми декабр дар шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд ба хок супориданд. Вазъи ду кӯдаки дигарашон, ки ба беморхона интиқол ёфта буд, беҳтар аст. Пайвандонаш талаб доранд, ки асрори ин фавт зудтар ошкор гардад.

Мақомоти шаҳри Исфара, ки аксаран дар эълони сабаби ин ё он фоҷеа зудкоранд, бо гузашти як моҳ аз марги се узви як хонавода, дар шарҳи он сукут меварзанд.

Видеоро инҷо бинед:

Мақомот: Сабаби марги 3 узви як оила дар Исфара ҳоло маълум нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Аз Додситонии шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “ҳоло парванда боз нашудааст ва танҳо санҷиш идома дорад. Кимиёшиносон ҳанӯз ҷавоби ташхисро ба мо надодаанд”.

Як манбаъи мӯътамади Радиои Озодӣ, ки огаҳ аз рафти тафтишот ва ташхиси марги ин оила аст, мегӯяд, “аксари нишондодҳоро барои ташхисии ниҳоии тиббӣ ба Узбекистон фиристодаанд ва интизори ҷавоби он ҳастанд”.

“Пас аз маълум шудани сабаби фавти онҳо ин маълумот расонаӣ карда мешавад”, - афзуд ҳамсӯҳбати ман.

Инро пайвандони оила низ тасдиқ карданд. Дар ҳамин ҳол бархе аз наздикони ҳамсари Искандар Маликӣ бо ирсоли чанд аксу навор мегӯянд, ки “ҳолатҳои шубҳанок дар марги онҳо ва бемор шудани кӯдакон вуҷуд дорад”. Онҳо заҳролудшавӣ аз таъом ва хуришу дигар навъи хӯрокро рад мекунанд ва эҳтимоли сӯиқасдро мебинанд.

Пештар баъзе аз пайвандон ва ҳамсоягони онҳо сабаби марги онҳоро ғизои заҳролуд гуфта буданд.

Кӯшишҳои мо барои тамос бо модари Искандар Маликӣ, ки шоҳиди ҳодиса дониста мешавад, то ин дам натиҷа надод. Пайвандони дигари ӯ таҳқиқи мушикофонаи ҳодисаро аз мақомот талаб доранд.

Искандар Маликӣ (Шафеиён), солҳои дароз дар идораҳои давлатии вилояти Суғд кор кардааст. Вазифаи охиринаш мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи ҳукумати Исфара буд. Ӯ як сол пеш аз ин вазифа ронда шуд ва тибқи иттилои дарёфтӣ соҳибкорӣ мекард.

Шафеиён ҳангоми муноқишаи шаби 28 ба 29-уми январи соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сахт захмӣ шуда буд.


XS
SM
MD
LG