Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди 8 сол. Созишномаи муҳим байни Тоҷикистону Қирғизистон тасдиқ шуд


Акс аз лаҳзаи боз шудани як гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон.
Акс аз лаҳзаи боз шудани як гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон.

Вакилони мардумии Тоҷикистон баъд аз тақрибан 8 сол созишномаеро тасвиб карданд, ки шарту шароити ҳузури шаҳрвандони кишвар дар Қирғизистон ва ҳузури сокинони ҳамсоякишвар дар Тоҷикистонро таъйин мекунад.

Дар нишасти Маҷлиси намояндагон дар рӯзи 9-уми январ тарҳи “Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Қирғизистон ва шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон”- ро тасвиб кардаанд, ки соли 1 феврали соли 2018 ба имзо расида буд. Созишномае, ки зоҳиран муноқишаву даъво байни ду кишвар барои қаламраву марз сабаб шудааст, 8 сол дар бойгонии санадҳои мунтазири тасвиб мунтазир ва бе баррасӣ монад.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҳузури вакилони мардумӣ гуфтааст: “созишнома ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дўстона миёни кишварҳо, танзими ҳуқуқии сафарҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳузури шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар равона шудааст.” Ба гуфтаи ӯ, дар ин санад мӯҳлату ӯҳдадориҳои сабти ном ва ё аз ин шарт озод кардани шаҳрвандон таъйин шудааст.

Муовини вазир дар бораи мӯҳлати сабт, чизе нагуфтааст, вале зоҳиран шаҳрвандони ду кишвар дар сурати тасвиби ниҳоӣ шудани санад дар ҳарду кишвар ҳақ хоҳанд дошт, аз 30 то 90 рӯз дар қаламрави ду кишвар бе сабти расмӣ зиндагӣ кунанд. Ба қавли муовини вазир, созишнома ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дўстона миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мусоидат мекунад. Тоҷикистону Қирғизистон то аввали соли 2025 ба сабаби даъво сари марзу қаламрав муносибатҳои хубе бо ҳам надоштанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳазор километр аст ва то моҳи марти он сол бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд. Марзи баҳсбарангез то ҳадде робитаҳои ду тарафро тира кард, ки онҳоро ба ҷанги мустақим ва ҳамла ба қаламрави ҳамдигар кашид.

Муноқишаҳо дар марз дар солҳои 2021-2022 сабаби вайронии зиёд ва марги даҳҳо нафар аз Тоҷикистону Қирғизистон шуд ва хусумат ба ҳадде расид, ки дар як нишасте бо миёнҷигарии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба ҳам даст надоданд. Аммо охири солми 2024 вазъ тағйир кард ва дар ниҳоят созишнома дар бораи таъйину аломатгузории марз рӯзи 13-уми марти соли 2025 ба имзо расид ва робитаҳоро байни ду тараф оддӣ ва беҳтар кард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG