Таърихзудоӣ ё "декоммунизатсия"-и Душанбе
Аксҳои қабл ва баъд, тахриб ва тавсеаи саросемаовареро нишон медиҳад, ки боис шудааст бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон натавонанд шаҳри худро бишиносанд.
Before
After
5
Дар ҷойи чойхонаи "Роҳат" дар Душанбе, ки дар моҳи марти соли 2025 таъриб шуд, акнун як бинои давлатии баландоёшёна қомат афрохтааст. "Роҳат" яке аз ҷозибаҳои дӯстдоштании пойтахти Тоҷикистон буд ва ҳамчун яке аз беҳтарин ҷойхонаҳои ҷаҳон интихоб шуда буд. Дар остонаи тахриби ин чойхона дар авоили соли 2025, яке аз сокинони шаҳр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "гоҳе ҳамчун сокини маҳаллии Душанбе, шаҳри худамро намешиносам".
Before
After
6
Майдони марказии шаҳри Душанбе ба номҳои гуногун, аз ҷумла, ба номи Владимир Ленин, бунёдгузори Иттиҳоди Шӯравӣ, сипас майдони "Озодӣ" ва ҳоло майдони "Дӯстӣ" шинохта мешавад.
Яке аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар гуфтугӯ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ иддао карда буд, ки "Нақшаи умумӣ" ё "Генплан"-и махфии Душанбе қисман ба осебпазирии бархе биноҳои кӯҳна дар баробари зилзила, асос ёфтааст. Ӯ гуфт, "ҳатто дар барномаҳои замони Шӯравӣ, тахриби чандин бино дар маркази шаҳр пешбинӣ шуда буд. Акнун (он тарҳҳо) иҷро мешаванд".

7
Кинотеатри "Тоҷикистон" дар соли 2016 тахриб шуд. Дар ҳоли ҳозир дар ин макон сохтмонҳои нав бунёд мешавад.
Коршиносон рушди босуръати Душанберо бо Дубай муқоиса мекунанд, ки ба бовари баъзеҳо барои шаҳре, ки зебоиву сарсабз ва биноҳои пасти замони шӯравиро дошт, номуносиб аст.
Яке аз сокинони маҳаллӣ дар соли 2021 гуфт, "ин авҷи сохтмон моро ба ёди навҷавоне меандозад, ки ҳама чизро имтиҳон мекунд ва айни замон дар ҷустуҷӯи услуби худ аст".

8
Муҷассамаи Ленин дар маркази шаҳри Душанбе, дар соли 1968. Дар соли 1999 муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар ин макон қомат афрохт. (Тасвири соли 1968 аз Эрхард К/Фликр).