Таърихзудоӣ ё "декоммунизатсия"-и Душанбе
Аксҳои қабл ва баъд, тахриб ва тавсеаи саросемаовареро нишон медиҳад, ки боис шудааст бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон натавонанд шаҳри худро бишиносанд.
Before
After
1
Як бинои начандон баланди маъмурӣ дар маркази шаҳри Душанбе дар ҷараёни як роҳпаймоии даврони Шӯравӣ дида мешавад. Дар ҷойи он ҳоло бинои порлумони Тоҷикистон қомат афрохтааст, ки соли 2024 ҳамчун "ҳадя"-и Чин ифтитоҳ шуд.
Before
After
2
Қароргоҳи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва сипас Қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ, соли 2020 тахриб шуд. Ҳоло ин макон қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон аст. Ин бинои баландошёна дар соли 2024 тавассути як ширкати чинӣ такмил шуд ва ҳамчун "таркибе аз сабки меъмории тоҷикӣ ва фановарии сохтмони чинӣ", муаррифӣ ва таблиғ шуд.
Before
After
3
Сутуни герб ё нишони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки маркази ҷуғрофиёи Душанберо муайян мекунад. Ин ёдгории таърихӣ дар соли 2015 тахриб ва бо бурҷи соат, ки имрӯз дида мешавад, ҷойгузин шуд.
Бархе аз сокинон аз тағйирот дар зебоии шаҳр, ки дар даврони истиқлол рух додааст, истиқбол мекунанд. Бархеи дигар аз даст додани биноҳои таърихии даврони Шӯравиро, ки пояҳои аслии таърихи шаҳр буданд, интиқод мекунанд.
Бархе аз сокинон аз тағйирот дар зебоии шаҳр, ки дар даврони истиқлол рух додааст, истиқбол мекунанд. Бархеи дигар аз даст додани биноҳои таърихии даврони Шӯравиро, ки пояҳои аслии таърихи шаҳр буданд, интиқод мекунанд.
Before
After
4
Дар Театри драмавии ба номи Маяковский то замони тахрибаш дар соли 2016, охирин театри русзабон ҷойгир буд. Акнун бинои Вазорати савдо ва рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ин макон қарор дорад. Бинои ин театр дар таърихи Тоҷикистон нақши муҳим иҷро карда, ҷойи ҷумҳурии мустақил эълон шудани Тоҷикистон дар соли 1929 буд.