Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ Оҷонсиро ба тафтиши шаҳрдорӣ даъват кард


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба тафтиши фаъолияти яксолаи шаҳрдории Душанбе шурӯъ кардааст. Мақомот мегӯянд, ин санҷиш ғайринавбатӣ буда, бо дархости худи шаҳрдорӣ анҷом мешавад.

Дар Тоҷикистон маъмул нест, ки идораву муассисае бо ихтиёри худ аз ниҳодҳои тафтишотӣ даъват кунад, ки фаъолияташро мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Дар ҳоле, ки бархе ин даъватро як намунаи хуби кори мақоми баландпоя арзёбӣ мекунанд, бархе мунаққидон мегӯянд, баъид аст, ки дар кори шаҳрдори Душанбе ва писари калонии президент мақомоти тафтишотӣ мушкил ё камбудие пайдо кунанд.

Таҳлилгарон иқдоми ахири шаҳрдорӣ дар бораи даъвати Оҷонсии зидди фасод барои тафтиши ниҳодашро дуруст мешуморанд, вале мегӯянд санҷиш дар ҳолате фоидаовар мешавад, ки агар натиҷаҳои он расман эълон шавад.

Зимнан, аз рӯи нақша санҷиши навбатии кори шаҳрдорӣ аз ҷониби Оҷонсии зидди фасод, ниҳоде, ки то як соли пеш ба он худи Рустами Эмомалӣ раҳбарӣ мекард, қарор аст моҳи майи соли ҷорӣ баргузор мешуд.

"Шаҳрдорӣ мехоҳад шаффофиятро таъмин кунад"

Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи раиси Душанбе мегӯяд, ҳадафи аслӣ аз даъвати тафтишгарони Оҷонсии зидди фасод, ин таъмини шаффофият ва санҷиши самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои будҷа мебошад. Ҷаноби Усмонзода рӯзи 15-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, санҷиш фаъолияти як соли охири шаҳрдорӣ зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ фаро мегирад. Аз сари кор омадани ӯ ба мақоми шаҳрдорӣ 12-уми январ як сол пур шуд.

Абдмаҷид Усмонзода.
Абдмаҷид Усмонзода.

"Мӯҳтарам Раиси шаҳр худашон даъват карданд, ки мақомоти ваколатдор фаъолияти молиявию хоҷагидории шаҳрдори Душанберо мавриди санҷиш қарор диҳанд. Дар кулл фаъолияти шаҳрдориро месанҷанд", - гуфт сухангӯи раиси шаҳри Душанбе. Дар шаҳрдории Душанбе мегӯянд, ҳадаф аз ин санҷиш, "таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои будҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе" мебошад.

"Санҷиш тоза шурӯъ шуд"

Даъвати Рустами Эмомалӣ барои тафтиши кори шаҳрдории Душанбе дар оғози сол унвонии мақомоти Оҷонсии зидди фасод ирсол шуда, санҷиш тоза шурӯъ шудааст. Як масъули Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон рӯзи 15-уми январ ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, даъватнома аз сӯи шаҳрдори Душанберо ҳафтаи гузашта дарёфт карда, ба тозагӣ корро шурӯъ карданд.

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, барои санҷиши кори яксолаи шаҳрдори Душанбе гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони дафтари марказии Оҷонсӣ ва Раёсати он дар Душанбе фиристода шудаанд. Аммо ин ҳамсӯҳбати мо нагуфт, ки санҷиш кай ба анҷом мерасад ва натиҷаҳои он расман эълон мешаванд ё на.

Оҷонсии мубориза бо фасод ҳудуди як сол қабл низ гуфта буд, ки бар асоси муроҷиати шаҳрвандон, фаъолияти шаҳрдории Душанбе тафтиш мешавад. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, ин санҷишҳо дар робита ба азхуд кардани маблағҳои будҷа сурат мегиранд. Тафтиши истифодаи пули будҷа дар сохтмонҳои пойтахт баъди барканории Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанбе, дар таърихи 12-уми январи соли гузашта шурӯъ шуд. Ҳамон рӯз ба ин мақом писари калонии президент Рустами Эмомалӣ таъин гардид.

Баъд аз як моҳи ин тағйирот президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласае бо ҳузури фаъолон ва раҳбарияти пойтахт аз мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хост, ки санҷиши “истифодаи пулҳои будҷа" барои сохтмони биноҳо дар Душанберо то 1-уми июли имсол ба охир расонда, ҳукуматро аз натиҷаи он расман огоҳ кунанд.

Оҷонсии зидди фасод низ, дар моҳи июли соли гузашта хабар дод, ки зимни тафтиши тақрибан ҳафтод бино дар шаҳри Душанберо, ки аз пули будҷа сохта шудаанд, ҳудуди 8 миллион сомонӣ ё муодили тақрибан 1 миллион доллар изофанависӣ ошкор кардааст.

Бемористони "Истиқлол" дар Душанбе.
Бемористони "Истиқлол" дар Душанбе.

Дар замоне, ки тафтиши фаъолияти шаҳрдорӣ ва истифодаи пулҳои будҷа дар баъзе сохтмонҳои пойтахт ҷараён дошт, моҳи апрел Додгоҳи шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров, сардори собиқи Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ё УКС-ро бо гуноҳи аз худ кардани пули сохтмони шифохонаи “Истиқлол” ва пешниҳоди ришва 18 сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ Анварови 65-соларо, инчунин, ба пардохти 9 миллион сомонӣ ҷуброн муваззаф намуд.

Бар асоси нақша, фаъолияти шаҳрдории Душанбе дар ду сол як бор санҷида мешавад ва тафтиши навбатии фаъолияти шаҳрдории Душанбе бояд моҳи майи соли 2018 гузаронида мешуд. Ҳамаи ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон бар асоси нақша аз сӯи мақомоти тафтишотӣ аз санҷиш гузаронда мешаванд, вале дар чанд соли ахир ягон мақомот дар Тоҷикистон расман эълон накардааст, ки мехоҳад аз санҷиши ниҳодҳои тафтишотӣ бигзарад.

"Санҷиш дар ҳарду ҳолат имиҷи шаҳрдориро боло мебарад"

Таҳлилгарон иқдоми ахири шаҳрдори дар бораи даъвати Оҷонсии зидди фасод барои тафтиши ниҳодашро дуруст мешуморанд, вале мегӯянд санҷиш дар ҳолате фоидаовар мешавад, ки агар натиҷаҳо он расман эълон шавад. Рустам Гулов, як таҳлилгар ва блоггери тоҷик мегӯяд, новобаста ба натиҷаи тафтишот, шаҳрдори Душанбе метавонад онро барои баланд бардоштани имиҷи худ истифода барад.

Рустам Гулов.
Рустам Гулов.

Ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, "агар санҷиш ягон камбудиро дар кори шаҳрдорӣ пайдо накунад, пас мегӯянд, ки дар ҳақиқат кори шаҳрдорӣ хуб асту ба камбудӣ роҳ надодааст. Аммо агар санҷиш ягон камбудӣ ёфт ва ягон кас ба муҷозот кашида шавад, ин ҳам нишон медиҳад, ки шаҳрдорӣ омода аст, ки шаффофияти худро таъмин ва шахсонеро, ки берун аз қонун рафтор кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашад. Яъне новобаста аз натиҷа, санҷиш метавонад ба баланд шудани имиҷи шаҳрдор дар назди мардум сабаб шавад.”

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳадаф аз даъвати Оҷонсии зидди фасод барои тафтиши фаъолияти яксолаи Рустами Эмомалӣ дар мақоми раиси шаҳри Душанбе эҳтимол ба хотири аз байн бурдани шоеот гирифта шудааст.Аз ҷумла, яке аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ аз доираи таҳлилгарон мегӯяд, дар кишвар чунин ақидаҳо вуҷуд дорад, ки ниҳодҳое, ки зери раҳбарии шахсони баландмақом қарор доранд, танҳо барои “протокол” аз санҷиш мегузаранд ва дар асл ин санҷиш ягон камбудиро пайдо намекунад.

“Ҳоло мехоҳанд ба ин восита нишон диҳанд, ки санҷишҳо барои ҳама як аст ва касе аз он дар амон нест. То куҷо ҳақиқӣ будан ё набудани санҷишҳо аз он маълум мешавад, ки шаҳрдорӣ ба натиҷаҳои он чӣ гуна муносибат мекунад. Агар воқеан санҷиш камбудиҳоро пайдо ва шахсони муттаҳам ҳатто аз ҳисоби ашхоси баландмақом дар шаҳрдориро ба ҷавобгарӣ кашанд, дар он сурат метавон гуфт, ки даъвати Оҷонсии зидди фасод ба фоидаи кор аст,”- афзуд ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Як шарти муҳими расидан ба ҳадаф – намоиши натиҷаҳои тафтишот ба ҷомеа ва матбуот аст, мегӯянд мусоҳибони Радиои Озодӣ. Агар ниҳоди тафтишотӣ ошкор дар бораи хулосаҳои санҷишҳои худ ҷомеаро дар ҷараён гузорад, мешавад гуфт, ки мақомоти баландпоя ва сохторҳои муҳими давлатии Тоҷикистон воқеан ҳам манфиатдори шаффофият дар кору ҳосили фаъолияти худ мебошанд.

Рустами Эмомалии 30-сола, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12-уми январи соли гузашта раиси шаҳри Душанбе таъин шуда, дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард. Убайдуллоев тайи 19 соли гузашта раҳбарии пойтахтро бар ӯҳда дошт ва ҳоло раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аст.

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чандин вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раиси Оҷонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Аз соли 2012 раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG