Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Душанбе: Полис хушахлоқ, касбӣ ва орӣ аз фасод бошад


Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечерка” мегӯяд, умедвор аст, пурсиши нашрия дар робита бо мизони қаноатмандии мардум аз кори полис дар Душанбе барои ислоҳи кори сохторҳои ҳифзи қонун мусоидат мекунад. Натиҷаҳои пурсиши зери унвони “Сокинон дар бораи полис: назарҳо ва интизорот”, ки рӯзи 20 ноябр нашр шуд, бо ҳадафи омӯзиши афкори сокинони пойтахт аз кори ходимони полис анҷом шудааст. Пурсиш дар

43 дарсад гуфтаанд, ки аз муроҷиат ба полис қаноатманд нашудаанд ва танҳо 18 дарсад гуфтаанд, ки аз чунин таҷриба натиҷаҳои хубе ба даст овардаанд.

миёни 1200 нафар тавассути Интернет ва пурсишҳои рӯбарӯ дар маконҳои ҷамъиятии пойтахт ба анҷом шудааст. Баргузории ин пурсиш бо кӯмаки шӯъбаи назорат аз қочоқи маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва созмони байналмилалии Saferworld анҷом шудааст.

Муаллифони пурсиш мегӯянд, умедворанд, ки дар ҷараёни Стратегияи ислоҳоти полис (солҳои 2013-2020) ва барномаи рушди полис (2014-2020) назари сокинони пойтахт ба эътибор гирифта мешавад.

Телефони дуздидашуда: ба полис равам ё наравам?

Дар ин пурсиш, ки дар шаҳри Душанбе анҷом шудааст, кори полиси пойтахти Тоҷикистон аксар манфӣ баҳогузорӣ шудааст. Аз ҷумла, 42 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ба полис эътимод надоранд ва 38 дарсад гуфтаанд, ки танҳо қисман ба полис боварӣ доштаанд.

Гулнора Амиршоева
Гулнора Амиршоева

Дар посух ба саволи ин ки “Дар сурати дуздида шудани телефони худ оё сокинон омода ҳастанд ба полис шикоят кунанд?”, назарҳо тахминан баробар будааст: 49 дар сад гуфтаанд, ки ҳеҷ гоҳ шикоят нахоҳанд кард ва 42 дар сад гуфтаанд, ки ҳатман ба полис хабар медиҳанд. 33 дарсади онҳое, ки аз шикоят ба полис худдорӣ мекунанд, гуфтаанд, ки ин амр аслан фоида надорад, чунки дуздро намеёбанд ва 17 дарсад гуфтаанд, ки аз таҷрибаи гузаштаи муроҷиат ба полис бардошти баде доранд ва аз ҳамин хотир ба онҳо эътимод намекунанд. Айни замон, 43 дарсад гуфтаанд, ки аз муроҷиат ба полис қаноатманд нашудаанд ва танҳо 18 дарсад гуфтаанд, ки аз чунин таҷриба натиҷаҳои хубе ба даст овардаанд.

“Ин як паёме буд аз ҷониби мардум”

Гулнора Амиршоева рӯзи 20 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бахши нигаронкунандаи натиҷаи пурсиш ин буд, ки қисмати бештари пурсидашудаҳо ё 66 дарсад милисаҳои минтақавии худро намешиносанд. Вай гуфт:

Дар мо ҳоло дар Фейсбук менависанд, ки касе дари хонаи маро куфта истодааст, ман метарсам ва дарро намекушоям, ҳама маслиҳат медиҳанд, ки ба рақами боварии ВКД занг занед ё ба ҷойи дигар. Мақсади ояндаи мо ҷамъ кардани махзани иттилооти кормандони минтақавии милиса аст, ки онро нашр кунем. Барои онки мардум номи милисаи минтақавии худро донад ва дар ҳолатҳои фавқуллода аз ҷумлани дуздӣ ё ягон ҷинояти дигар бо онҳо дар тамос бошанд, сарсон нашаванд, ки дар ин ҳолатҳо бояд ба кӣ муроҷиат кард”.

Гулнора Амиршоева бовар дорад, “мақомоти милитсия натиҷаҳоро мехонанд ва шояд як паёме аз сӯи мардум аст, ки милисаҳо наҳваи фаъолияташонро тағйир диҳанд”.

“Маоши милиса боло равад, то ӯ омилҳои фасод даст кашад”

Таҳлилгарон мегӯянд, решаи беэътимодӣ ба милисаҳои тоҷик аз замони ҷанги шаҳрвандӣ об мехӯрад, ки милисаҳои касбӣ соҳаро тарк карданд ва ҷойи онҳоро ашхоси тасодуфӣ гирифт.

Хуршед Атовулло, рӯзноманигори тоҷик ва роҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, баргардондани эътимоди мардум ба милиса барои мақомоти корҳои дохилӣ хеле душвор хоҳад буд.

Ба қавли ин рӯзноманигори тоҷик, барои баргардондани эътимоди мардум бояд пеш аз ҳама маоши милиса боло бурда шавад, то милиса маҷбур нашавад ба хотири пешбурди зиндагӣ ба фасод рӯ оварад аз омилҳои талбандагӣ истифода кунад.

ВКД ва стратегияи ислоҳоти милиса

Гулнора Амиршоева рӯзи 20 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки натиҷаҳои кори онҳо дар як китобча чоп ва дар идораҳои полиси шаҳри Душанбе пахш мешавад. Инчунин муаллифони пурсиш умедворанд, ки натиҷаҳои ин назарпурсиро раҳбарияти калони вазорати умури дохила ҳам дарёфт хоҳад кард.

Машваратҳои аслии ширкатдорони пурсиш ба кормандони полис ин будааст, ки ҳомии қонун бояд дар доираи ахлоқу одоб амал карда, малакаи касбии худро баланд бардорад ва ҳеҷ гоҳ даст ба фасоду коррупсия назанад.

Дар Тоҷикистон дар гузашта ҳам пурсишҳои афкори умум дар заминаи мизони қаноатмандӣ аз кори полису дигар кормандони сохторҳои ҳифзи қонун анҷом шудааст. Дар миёни мушкилоти аслии полис – вуҷуди коррупсия ва боварии ками сокинон ба адолати қонун ном бурда шудааст.

Чаҳор соли пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон “Стратегияи ислоҳоти милиса барои солҳои 2013-2020”-ро қабул кард, ки дар доираи он даҳҳо барнома барои ислоҳро рӯи даст гирифтааст ва яке аз ҳадафҳои муҳими он – касбӣ кардани кормандони милиса ва боло бурдани мизони эътимоди ҷомеа ба кормандони пулис мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG