Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти Хуршед Ҷабборзода дар робита ба парвандаи кормандони Оҷонсӣ


Мақомоти интизомии Тоҷикистон Хуршед Ҷабборзода, як мақоми баландпояи Додситонии куллро боздошт кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ ду ҳафтаи пеш аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шудааст.

Ҳарчанд Сулаймон Султонзода дар номаи худ боздошти чанде аз кормандони собиқи ин ниҳодро тасдиқ кард, вале ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд.

Хуршед Ҷабборзода то замони боздошт муовини сардори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Додситонии кул будааст.

Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми июн гуфтанд, ки Ҷабборзода ду соли пеш аз Оҷонсии зиддифасод барои кор ба Додситонии кул омада буд. Ӯ бар асоси шоҳидии кормандони собиқи ин Оҷонсӣ, ки ҳоло дар боздошт қарор доранд, дастгир шудааст.

Ба қавли ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, то замони боздошт, ӯ борҳо ба бозпурсӣ даъват шуда буд. Дар ҳоли ҳозир ӯ барои сохтакории аснод муттаҳам мешавад.

Боздошти ин корманди Додситонии кулл дар ҳоле сурат мегирад, ки бар асоси иттилои манобеи ғайрирасмӣ ҳафт корманди собиқи Оҷонси мубориза бо фасод дар боздошт қарор доранд.

Ҷузъиёте аз парвандаи ин афрод то ҳол дастрас нашудааст. Танҳо рӯзи 24-уми май раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба дархости Радиои Озодӣ посухи хаттӣ дод ва гуфт, ки як гурӯҳи махсуси тафтишотӣ парвандаи кормандони боздоштшудаи ин ниҳодро таҳқиқ дорад.

Ҳарчанд Сулаймон Султонзода дар номаи худ боздошти чанде аз кормандони собиқи ин ниҳодро тасдиқ кард, вале ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд. Зимнан, раиси Оҷонсӣ пайдо шудани “миллионҳо доллар ва халтаҳои тилло” аз манзили боздоштшудаҳоро рад карда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG