Пайвандҳои дастрасӣ

Супориш: Ба театр рафтани кормандони пулис ҳатмӣ шуд. ВИДЕО


Кормандони пулис дар Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дар як моҳ ҳадди ақал як бор ба театр бираванд. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин бора дастури расмии Рамазон Раҳимзода содир шудааст.

Дастури нави Рамазон Раҳимзода баъд аз тамошои намоишномаи "Чархи гардон"-и Нур Табаров содир шудааст
Дастури нави Рамазон Раҳимзода баъд аз тамошои намоишномаи "Чархи гардон"-и Нур Табаров содир шудааст

Умарҷони Эмомалӣ – сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ – рӯзи 11 апрел гуфт, ба театр рафтани кормандони пулис барои боло рафтани сатҳи фаҳмишу маърифати онҳо кумак карда, боис ба рафъи хастагиашон низ хоҳад шуд. "Қарор шудааст, ки ҳар моҳ ҳайати шахсӣ камаш як бор ба театр рафта, намоишномаҳоро тамошо кунанд. Ин ба тамоми кормандони вазорат дар минтақаҳои кишвар дахл дорад", - афзуд ӯ.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Ин дастур дар ҳоле содир шудааст, ки ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода ҳамроҳи як ҳайати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба тамошои намоишномаи "Чархи гардон"-и Нур Табаров ба театри Лоҳутӣ рафта буд. Қурбоналӣ Сафаров – муовини мудири театри Лоҳутӣ – ба Радиои Озодӣ гуфт, аз инки ҷалби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ба театр аз коргоҳи онҳо оғоз шуд, хеле хушҳоланд.

"Ин иқдом бениҳоят иқдоми хуб аст. Ин дастгирии ҳаматарафа аст. Ҳунармандон боз бо рӯҳи баланд ва бо масъулияти бештар намоишнома омода мекунанд. Кори милиса осон нест, вале дар баробари он ғизои маънавӣ гирифтан ҳам хуб аст. Вақт ёфтани кормандони милиса ва ба театр омаданашон худаш барои мо ҷойи фахр дорад", - гуфт ӯ.

Ҷалби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ба театрро коршиносон як ҷузъе аз барномаи ислоҳоти пулис дар кишвар унвон мекунанд, ки тайи чанд соли ахир ҷараён дорад.

Алиакбар Абдуллоев
Алиакбар Абдуллоев

Алиакбар Абдуллоев, собиқадори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "замони ахир чанд ҳолати муомилаи дурушти кормандони умури дохилӣ сабт шуд. Фикр мекунам, ҳамаи инҳо сабаб шуданд, ки масъулон ба хулосае бирасанд, бояд бо тафаккури кормандон кор кард. Вазифаро гирифта ва аз он сӯистифода кардани як корманд як вазоратро бадном мекунад. Тафаккури онҳоро бояд тағйир дод, ки масъулият эҳсос кунад. Вақте вазифаро гирифт, бояд инро дарк кунад, ки мақсадаш хидмат кардан ба мардум аст, на инки барои худ. Ин бо роҳи ҷаҳонбинии кормандро дигар кардан муяссар мешавад. Онҳоро на танҳо ба театр, балки барои хонадани китобҳои бадеӣ низ бояд ҷалб кард."

Дар Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор корманди пулис расман фаъолият доранд. Қаблан бо як тасмими вазири корҳои дохилӣ, ҳамаи маъмурони пулис аз санҷиш гузашта, касоне, ки вазну қадашон барои кор дар ин ниҳоди қудратӣ мувофиқ набуд, барканор шуданд ё барояшон вақт дода шуд, то худро ба тартиб дароваранд.

Театри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе
Театри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар чаҳорчӯби ин санҷиш қомати як марди милиса набояд аз 168 ва ходими зан аз 160 сантиметр поён бошад. Вазни ҳар кадом ҳам мувофиқ бо талаботи тиббии қади инсон бояд мувофиқат кунад, вагарна ин корманди пулис фарбеҳ ва ношоям аст.

Бо ин вуҷуд, баъзе назарпурсиҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз сокинон чандон ба фаъолияти кормандони пулис эътимод надоранд. Дар як назарпурсии Оҷонсии зиддифасод беш аз 40 дар сади пурсидашудаҳо кормандони ин ниҳодро фасодкор хонда буданд. Исми кормандони пулиси Тоҷикистон бо шиканҷа кардани боздоштшудаҳо низ зуд-зуд дар сархати хабарҳо қарор мегирад. Ҳарчанд дар аксари ҳолатҳо додгоҳ кормандони пулисро бегуноҳ медонад ва шиканҷа шудани боздоштшудаҳоро туҳмат мехонад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG