Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили фоҳишахона дар... кӯдакистон. ВИДЕО


Як навори видеоӣ дар бораи ташкили фоҳишахона ва озору азияти кӯдакон дар чанд боғчаи бачагона дар вилояти Сурхондарёи Узбакистон баҳси тундеро ба по кардааст. Намояндаи додситонии вилояти Сурхондарё рӯзи 1 март ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, дар пайи таҳқиқи ин ҳодисаҳо ду посбони боғчаи бачагона ба 3-солии зиндон маҳкум ва то даҳ корманди масъул аз кор ронда шудаанд. Ӯ афзудааст, "чунин воқеа дар боғчаҳои бачагонаи 2 ва 23-и шаҳри Тирмиз сабт ва мудирони ин кӯдакистонҳо аз кор ҷавоб шуданд. Чораҳои ба ин монанд нисбат ба мудирони кӯдакистонҳои ноҳияи Деҳнаву Ангор низ андешида шуд. Мудири маорифи Деҳнав Сувонов Ҳайдар Умарович аз мақомаш барканор гардид."

Барканории беш аз 10 нафар барои ташкили фоҳишахона дар кӯдакистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Аммо рӯзи 1 март дар идораи маорифи вилояти Сурхондарё дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ин ҳодиса аслан хабар надоранд ва гӯширо гузоштанд.

Рейде, ки вилоятро такон дод

Навори озору азияти кӯдакон ва ташкили фоҳишахона дар баъзе аз боғчаҳои бачагона моҳи феврали имсол тавассути телевизиони маҳаллии шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё намоиш дода шуд. Ҳоло ин навор ба шабакаҳои иҷтимоӣ "кӯчида", баҳси доғеро миёни корбарон барангехтааст. Мақомот мегӯянд, гузориши телевизиони маҳаллӣ бар пояи маводи мақомоти пулис таҳия шудааст, ки моҳи ноябри соли гузашта бо насби дурбинҳои назоратӣ дар боғчаҳои бачагона ба даст омад.

Як намояндаи додситонии Сурхондарё ҳам гуфт, "ҳангоми рейд дар кӯдакистонҳои 2 ва 23-и шаҳри Тирмиз камераҳо насб карда шуд. Баъдан посбонҳои ин кӯдакистонҳо Муҳиддин Мӯсоев ва Рустам Аллаёров ҳангоми ҷиноят, яъне ташкили фоҳишахона дар кӯдакистон дастгир гардиданд. Додгоҳ ин ду нафарро бар асоси моддаи 131-и Кодекси ҷиноятии Узбакистон -- "даллагӣ" ба се соли зиндон маҳкум кард."

Намояндаи ҳукумати вилояти Сурхондарё низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст, дар бораи, ба қавли ӯ, "бадахлоқии кормандони кӯдакистонҳо" дар шаҳри Деҳнав, Ангор ва Тирмиз охири ҳамин ҳафта ҷаласаи махсус баргузор шавад. Ӯ гуфт, ҳарчанд то кунун наздик ба даҳ нафар барои бепарвоӣ аз кор ронда шудаанд, "аммо ҳанӯз охири кор нест".

"Забонатро... мебурам"

Танҳо ҷазои як мураббӣ, ки кӯдаки то сесола дорад, ба таъхир партофта шудааст. Вақте бачааш сесола шуд, ӯ барои адои ҷазо ба зиндон фиристода мешавад.

Дар бахше аз видое, ки тавассути телевизионҳои маҳаллӣ дар Сурхондарё намоиш дода шуд, мураббиён дар ҳоли тарс додани кӯдакон бо корд ҳам тасвир ёфтаанд. Дар навор дида мешавад, ки корманди яке аз боғчаҳои бачагона кӯдаконро ҷисман ва рӯҳан азоб медиҳад. Барои мисол, ин мураббӣ кордро бардошта, ба кӯдакон таҳдид мекунад, ки забонашон ё ягон узви муҳими дигарашонро бурида мепартояд. Ҳангоми ин амал кормандони дигари кӯдакистон, ки шоҳиди ҳол буданд, баланд механданд.

Корманди додситонии Сурхондарё гуфт, "ҳангоми таҳқиқ маълум шуд, кормандони боғчаи бачагонаи Деҳнав бачаҳоро тарсонда ва фишори равонӣ меоранд. Дар робита ба ин кор низ як парвандаи алоҳида боз шуда, бархеи муттаҳамон аллакай ҳукм гирифтаанд. Танҳо ҷазои як мураббӣ, ки кӯдаки то сесола дорад, ба таъхир партофта шудааст. Вақте бачааш сесола шуд, ӯ барои адои ҷазо ба зиндон фиристода мешавад."

Дар идораи маориф гуфтанд, ки хабар надоранд

Аз ин пеш, рӯзи 25 феврал, як гурӯҳ аз волидон ба бахши узбакии Радиои Озодӣ нома фиристод, аз бархӯрди мақомот бо муттаҳамони озору азияти кӯдакон ва ташкили фоҳишахона дар боғчаҳои бачагона норозигӣ карда буданд. Онҳо иддао карданд, ки мақомоти додгоҳӣ талош дорад, то айби муттаҳамонро бипӯшонад ва барои ҳамин ба баъзеи онҳо ҷазои шартӣ медиҳад. "Барои ояндаи кӯдакон ин масъала бояд ҷиддӣ гирифта шавад", - таъкид карданд волидон.

Аммо рӯзи 1 март дар идораи маорифи вилояти Сурхондарё дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ин ҳодиса аслан хабар надоранд ва гӯширо... гузоштанд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG