Пайвандҳои дастрасӣ

"Ба касе низоъ зарур аст". Мусоҳиба бо марде, ки иштибоҳӣ "террорист" хонданд


Акси Андрей (Илёс) Никитин

Андрей (Илёс) Никитин, нафаре, ки дар лаҳзаҳои аввали ҳамла ба метрои шаҳри Санкт–Петербург дар расонаҳои Русия “террорист” унвон шуд, мегӯяд, ҳанӯз барои шикоят бурдан аз болои хабарнигорон бо ҳуқуқдонҳо суҳбат накардааст. Никитин гуфт, ки баъд аз дидани аксаш бо кӯлоҳи тоторӣ дар расонаҳо довталабона ба идораи пулис рафт ва асли қазияро нақл кард. Ҳарчанд иттиҳоми “террорист” будан расман аз номи ӯ гирифта шуд, вале Никитинро дучори мушкил кардааст.

Одамоне, ки ба мусулмонон нигоҳи манфӣ доранд, каманд.

Никитин дар Бошқирдистон аз модари тотор ва падари рус зода шуда, пас аз пазируфтани дини Ислом номи худро бо Илёс иваз кардааст. Феълан дар мадрасаи Ляля-Тюлпани шаҳри Уфа таҳсил мекунад. Фориғуттаҳсили омӯзишгоҳи низомии шаҳри Рязан буда, капитани мустаъфист.

Радиои Озодӣ: Гуфта мешавад, ки Шуморо аз кор рондаанд...

Андрей Никитин: “Талош мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Ба Шумо аз ин тасмим хабар доданд?

Андрей Никитин: “Бале, хабар доданд. Вале ман то ҳол ба ҷои кор нарасидаам.”

Акси Андрей (Илёс) Никитин
Акси Андрей (Илёс) Никитин

Радиои Озодӣ: Аз расонаҳое, ки акси Шуморо нашр карданд, барои зарари маънавӣ ва ҳифзи шараф шикоят мебаред?

Андрей Никитин: “Ман ҳатто то ҳол бо ҳуқуқдонҳо суҳбат накардаам, ки тамоми инро чӣ гуна анҷом медиҳанд. Ҳарчанд ҳанӯз дар Маскав ба ман пешниҳоди вохӯрӣ бо ҳуқуқдонҳо шуд.”

Радиои Озодӣ: Дар маҷмӯъ, назаратон ба муносибати ҷомеа бо мусалмонҳо чӣ аст? Аз мусалмону Ислом метарсанд?

Андрей Никитин: “Ман фикр намекунам, ки ҷомеа куллан чунин фикр мекунад. Масалан, кормандони идораи амниятии Санкт-Петербург, ки тафтишот мегузаронданд, хеле одамони фаҳмида буданд. Рафтори муносиб доштанд. Ман озодона аз Петербург рафтам. Одамоне, ки ба мусулмонон нигоҳи манфӣ доранд, каманд.”

Аз чӣ бояд битарсам? Ман бо сулҳ рафтам. Ман барои ҳалли қазия аз номи тамоми уммат рафтам, чунки ҳоло ҳамаи мусулмононро террорист мехонанд

Радиои Озодӣ: Хабарҳое пайдо шуданд, ки шуморо дар метро дубора боздошт карданд. Ин боздошт дер давом кард? Иддаои онҳо чӣ буд?

Андрей Никитин: “На, то рӯшан кардани вазъият боздошт карданд. Баъд аз 15 дақиқа озод намуданд.”

Радиои Озодӣ: Ба хотири онки мусофирон аз парвоз бо Шумо тарсиданд, аз ҳавопаймо берун карданд?

Андрей Никитин: “Ин саволи мушкил аст. Пули сафарамро пардохтанд, аммо ҷанбаи қонунии инро намедонам. То ҳол ба нозукиҳои ҳуқуқиаш напардохтаам. Замоне ки аз Петербург парвоз кардам, онҷо низ ҳамин гуна вазъият буд. Вокуниши манфии мусофиронро эҳсос кардам. Аммо халабон тасмими гирифт ва парвоз анҷом шуд. Аммо аз Маскав маро аз парвоз боз доштанд.”

Радиои Озодӣ: Яъне, Шумо на аз Петербург, балки аз Маскав натавонистед парвоз кунед?

Андрей Никитин: “Бале, ман аз Маскав ба Уфа бо нақлиёти заминӣ рафтам.”

Радиои Озодӣ: Шумо новобаста аз вокуниши гуногуни мардум ҳама вақт дар сар кӯлоҳи сиёҳ доред?

Вокуниш то чанд муддати қабл як каме оромтар буд, таваҷҷуҳ мекарданд, аммо муносиб буд. Фикр мекунам, касе ба барангехтани низоъ эҳтиёҷ дорад...

Андрей Никитин: “Ранги кӯлоҳ на сиёҳ, балки ранги обии тира аст. Бале, ин либоси ҳаррӯзаи ман аст. Вокуниш то чанд муддати қабл як каме оромтар буд, таваҷҷуҳ мекарданд, аммо муносиб буд. Фикр мекунам, касе ба барангехтани низоъ эҳтиёҷ дорад...”

Радиои Озодӣ: Вақте ки акси худро дар расона дидед, чӣ эҳсос доштед? Чаро худатон ба идораи пулис рафтед? Натарсидед?

Андрей Никитин: “Аз чӣ бояд битарсам? Ман бо сулҳ рафтам. Ман барои ҳалли қазия аз номи тамоми уммат рафтам, чунки ҳоло ҳамаи мусулмононро террорист мехонанд.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло ҳамаи иттиҳомотро аз Шумо гирифтаанд? Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ягон иддао надоранд?

Андрей Никитин: “На, ҳеч иддао нест. Тамоми гумонҳо баъди 12 соат, пас аз рӯшан шудани ҳукм, бартараф шуданд.”

Радиои Озодӣ: Феълан дар куҷоед?

Андрей Никитин: “Дар Уфа ҳастам. Аз Маскав бо нақлиёт омадам.”

Таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 3 апрел рух дода, 14 кушта ва беш аз 50 захмӣ барҷой гузошт. Мақомоти Русия Акбарҷон Ҷалилов, зодаи 22-солаи Қирғизистонро омили аслии таркиш эълон карда, ҳашт нафарро ба гумони ҳамдастӣ дар ин таркиш дар Санкт-Петербургу Маскав боздошт кардаанд. Расонаҳои Русия рӯзи 7 апрел гуфтанд, ки яке аз боздоштшудаҳо шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон будааст. Вале ҷониби Тоҷикистон гуфт, ки ин иттилоъ ҳанӯз дақиқ нашудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG